Идомаи мурофиаи додгоҳии парвандаи марги ноболиғи 16-сола. Як шоҳид пурсида ва мурофиаи навбатӣ ба ҳафтаи оянда гузошта шуд

Имрӯз, 3-юми июн дар Додгоҳи ноҳияи Сино мурофиаи парвандаи Баҳрулло Юсуфзода, ронандае, ки зери чархи мошини ӯ Ҷасур Акрамови 16-сола, як сокини пойтахт ҷон бохт, идома ёфт. Он дирӯз оғоз шуда буд. Дар мурофиаи навбатӣ вакилони дифоъ ва наздикони ду тараф ширкат карданд. Аммо ба он рӯзноманигори “Азия-Плюс” боз ҳам роҳ дода нашуд. Ҳарчанд Фирдавс Акрамов, […]

Asia-Plus

Имрӯз, 3-юми июн дар Додгоҳи ноҳияи Сино мурофиаи парвандаи Баҳрулло Юсуфзода, ронандае, ки зери чархи мошини ӯ Ҷасур Акрамови 16-сола, як сокини пойтахт ҷон бохт, идома ёфт. Он дирӯз оғоз шуда буд.

Дар мурофиаи навбатӣ вакилони дифоъ ва наздикони ду тараф ширкат карданд. Аммо ба он рӯзноманигори “Азия-Плюс” боз ҳам роҳ дода нашуд. Ҳарчанд Фирдавс Акрамов, падари марҳум Ҷасур Акрамов, иддао дорад, ки аз додгоҳ хостааст, мурофиа боз баргузор гардад.

Ҳамин тавр, дар ҷараёни мурофиа ҷонибҳо чӣ гуфтанд, барои “Азия-Плюс” номаълум монд.

Танҳо пас аз анҷоми мурофиа, Фирдавс Акрамов ба “Азия-Плюс” гуфт, “ин навбат шоҳиди ҳодиса – тағои гумонбар пурсида шуд”.

Ба қавли Фирдавс Акрамов, “тағои гумонбар соҳиби мошинест, ки зери чархи он Ҷасур Акрамов ҷон дод”. Назари худи тағои гумонбар номаълум аст. Хабарнигори “Азия-Плюс” натавонист ӯро дар саҳни додгоҳ пайдо кунад ва назарашро пурсад.

Аммо Зарнигор Шоева, модари Баҳрулло Юсуфзода пас аз анҷоми мурофиаи навбатӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, ки “ҳамчун модар бо дарди хонаводаи марҳум шарик ҳаст, чун бо хатои фарзандаш ин ҳодиса рух дод”.

“Фарзанди ман намехост, ки чунин ҳодиса рух диҳад, ӯ низ соҳиби се фарзанд аст. Аз ин сабаб, писарам ба волидони Ҷасур Акрамов нома навишта, узр хост”, – гуфт Зарнигор Шоева.

 

Вале Фирдавс Акрамов гуфт, ки “то ин замон мактубе аз ҷониби Баҳрулло Юсуфзода дарёфт накардаанд”.

Бояд гуфт, Фирдавс Акрамов дар мактуби бози худ ба номи роҳбарияти кишвар ба корманди милитсия будани падари гумонбар ишора карда, аз он нигаронӣ карда буд, ки эҳтимол аст ӯ “аз ҷазои одилона раҳо ёбад”.

Дар робита ба ин суханони Фирдавс Акрамов, имрӯз пас аз мурофиа вакили дифои гумонбар гуфт, “падари зерҳимояаш чун нозири минтақавӣ фаъолият мекунад ва қарор аст, дар мурофиаи навбатӣ иштирок кунад”.

Мурофиаи навбатӣ ба ҳафтаи дигар, 11-уми июн гузошта шуд.

Ёдрас мешавем, ки рӯзи 2-юми июн дар Додгоҳи ноҳияи Сино мурофиаи аввалин дар доираи ин парванда баргузор шуд. Ба мурофиа рӯзноманигор роҳ дода нашуд.

Садамаи нақлиётӣ бо иштироки Баҳрулло Юсуфзода рӯзи 3-юми апрели соли 2025, тахминан соати 16:30 дақиқа дар кӯчаи Б.Ғафурови ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рух дод, ки дар натиҷа Ҷасур Акрамови 16-сола ҷароҳат бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан, ба ҳалокат расид. Сабаби ҳодиса “аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромадан”-и Юсуфзода гуфта мешавад.

Бар зидди Баҳрулло Юсуфзода бо гумони “вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт, ки боиси марги инсон мегардад” (қисми 4 моддаи 212 Кодекси ҷиноятии ҶТ) парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ шудааст. Ин банди қонунгузорӣ аз панҷ то даҳ соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Ин қазия замоне расонаӣ гардид, ки Фирдавс Акрамов, падари марҳум Ҷасур Акрамов бо нашри як номаи саркушода ба унвонии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар, Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кул хоста буд, ки парвандаи ҷиноии марги писарашро таҳти назорати шахсӣ гиранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.