Оғози мурофиаи марги Ҷасур Акрамов. Падари кӯдак аз раисҷумҳур, шаҳрдор ва додситон хост, парвандаро зери назорат гиранд

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе имрӯз, 2-юми июн ба баррасии парвандаи Юсуф Баҳрулло Юсуфзода, ронандаи “Лексус”, ки дар пайи садамаи нақлиётӣ бо иштироки ӯ, Ҷасур Акрамови 16-сола ба ҳалокат расид, оғоз кардааст. Мурофиаи додгоҳӣ соати 11:00 дар бинои собиқи Додгоҳи олӣ, ки муваққатан Додгоҳи ноҳияи Сино ҷойгир аст, сар мешавад. Қаблан, Фирдавс Акрамов, падари марҳум Ҷасур […]

Asia-Plus

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе имрӯз, 2-юми июн ба баррасии парвандаи Юсуф Баҳрулло Юсуфзода, ронандаи “Лексус”, ки дар пайи садамаи нақлиётӣ бо иштироки ӯ, Ҷасур Акрамови 16-сола ба ҳалокат расид, оғоз кардааст.

Мурофиаи додгоҳӣ соати 11:00 дар бинои собиқи Додгоҳи олӣ, ки муваққатан Додгоҳи ноҳияи Сино ҷойгир аст, сар мешавад.

Қаблан, Фирдавс Акрамов, падари марҳум Ҷасур Акрамов бо нашри як номаи саркушода ба унвонии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар, Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кул хоста буд, ки парвандаи ҷиноии марги писарашро таҳти назорати шахсӣ гиранд. Ӯ таъкид кардааст, ки падари муттаҳам корманди пулис аст ва аз рӯйи овозаҳо “ҳамаашро ҳал мекунанд, ҷазои вазнин намегиранд”.

Бо ин вуҷуд, вай таъкид кардааст, ки ба адолату қонун дар кишвар боварӣ дорад.

 

“Ман бе писар мондам, вале бе боварӣ ба шумо не”.

Ӯ дар муроҷиатномаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ таъкид кардааст, ки “писарашро мошини “Лексус” таҳти идораи Юсуф Баҳрулло Юсуфзода, ки қаблан бо ҷурми муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир додгоҳӣ шудааст, барои рондани мошин дар ҳолати мастӣ аз шаҳодатномаи ронандагӣ низ маҳрум гардидааст ва ҳамчунин барои амалҳои хатарноки иҷтимоӣ, аз ҷумла дар ҳолати мастӣ рондани мошин маҳкум шудааст, пахш кардааст”.

Фирдавс Акрамов изҳори нигаронӣ кардаст, ки гунаҳкор ба далели равобити хешутаборӣ метавонад аз муҷозоти одилона озод шавад:

“Ман метарсам, ки қотили писарам аз ҷазои одилона раҳо ёбад. Падари ӯ – корманди милитсия аст. Мардум мегӯянд: “Ҳамаашро ҳал мекунанд, ҷазои вазнин намедиҳанд”.

Падари марҳум дар мактубаш хоҳиш кардааст, ки президент, раиси шаҳр ва додситони кул парвандаро таҳти назорати шахсӣ гиранд, ба фишор ва таъсир аз ҷониби наздикони айбдоршаванда роҳ надиҳанд, бо иштироки ВАО ва маркази матбуотии ВКДмуҳокимаи кушода, содиқона, қатъии мурофиаи додгоҳиро барои пешгирии чунин фоҷеаҳо таъмин намоянд.

Фирдавс Акрамов ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки “масъалаи барканор кардани падари муттаҳам аз мақомоти корҳои дохилӣ баррасӣ шуда, нисбати тағои судшаванда, ки мошинро ба шахси бидуни шаҳодатномаи ронандагӣ супурдааст, чора андешида шавад”.

Бояд гуфт, ки садамаи нақлиёти бо иштироки Юсуф Юсуфзода рӯзи 3-юми апрели соли тахминан соати 16:30 дақиқа дар кӯчаи Б.Ғафурови ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рух дод, ки дар натиҷа Ҷасур Акрамови 16-сола ҷароҳат бардошта ҳангоми ба бемолрхона бурдан ба ҳалокат расид. Сабаби ҳодиса “аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромадан”-и Юсуфзода гуфта мешавад.

Тибқи иттилои расмӣ, соли гузашта дар пайи 1 ҳазору 233 садамаи нақлиётӣ 552 нафар (соли 2023 –  1 ҳазору 111 садама ва 519 кас) ҷон бохта, 1 ҳазору 353 нафар ҷароҳат бардоштаанд. ба қайд гирифта шудааст.

Мақомот мегӯянд, суръати баланд, вайрон кардани қоидаҳои сабқат ва ҷойивазкунӣ, риоя накардани фосила, гуфтугӯ бо телефони мобилӣ, омилҳои асосии садамаҳои нақлиётӣ мебошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.