5 нафар ҷон бохта, 4 каси дигар ҷароҳат бардоштанд. Садамаи нақлиётии мудҳиш дар Ҷаббор Расулов

Дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар роҳи мошингарди ноҳияи Ҷаббор Расулов 5 нафар, аз ҷумла 3 ноболиғи 16-сола ба ҳалокат расидаанд. ВКД мегӯяд, ҳодиса бо айби Дониёр Қурбанбоеви 23-сола, ки “ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингард… ба самти муқобили роҳ баромад” рух додааст. Ин ниҳод навишт, ки ҳодиса рӯзи 29-уми майи соли 2025, тахминан соати 14:00 […]

Asia-Plus

Дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар роҳи мошингарди ноҳияи Ҷаббор Расулов 5 нафар, аз ҷумла 3 ноболиғи 16-сола ба ҳалокат расидаанд. ВКД мегӯяд, ҳодиса бо айби Дониёр Қурбанбоеви 23-сола, ки “ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингард… ба самти муқобили роҳ баромад” рух додааст.

Ин ниҳод навишт, ки ҳодиса рӯзи 29-уми майи соли 2025, тахминан соати 14:00 рух дода, мошини  “Опел-Комбо” Дониёр Қурбанбоев ба автомашинаи тамғаи “Опел-Зафира”, ки таҳти идораи Атохон Ҷумахмедови 35-солаи сокини ҳамин ноҳия бархӯрдааст.

Ба навиштаи ВКД, дар натиҷа, дар ҳар ду мошин сӯхтор сар зада, ронанда ва се мусофири “Опел-Зафира”, инчунин, як мусофири “Опел-Комбо” дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтаанд. Аз ҷонбохтагон чунин ном бурда мешавад:

– Атохон Ҷумахмедови 35-сола, ронанда автомашинаи «Опел-Зафира», сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов;

Мирзошавкатзода Муслиҳиддини 16-сола, мусофири автомашинаи «Опел-Зафира, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов;

– Асадхонзода Муҳаммадхони 16-сола, мусофири автомашинаи «Опел-Зафира, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов;

– Сулаймонов Ҳадятуллои 16-сола, мусофири автомашинаи «Опел-Зафира, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов;

– Обидҷон Обидови 31-сола, мусофири автомашинаи тамғаи «Опел-Комбо», сокини ноҳияи Б.Ғафуров.

Манбаъ илова кардааст, ки Дониёр Қурбанбоеви, ронандаи “Опел-Комбо” ва 3 мусофири “Опел-Зафира” ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Маълум нест, ки вазъи саломатии онҳо чӣ гуна аст.

Мақомот гуфтааст, ки “оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад”.

Тибқи иттилои расмӣ, соли гузашта дар пайи 1 ҳазору 233 садамаи нақлиётӣ 552 нафар (соли 2023 -1 ҳазору 111 садама –  519 кас) ҷон бохта, 1 ҳазору 353 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Мақомот мегӯянд, суръати баланд, вайрон кардани қоидаҳои сабқат ва ҷойивазкунӣ, риоя накардани фосила, гуфтугӯ бо телефони мобилӣ, омилҳои асосии садамаҳои нақлиётӣ мебошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.