Баъди шикояти Таҳмина Самадова барои баргардонидани хона, бар зиддиаш дубора парвандаи ҷиноятӣ боз карданд

Asia-Plus

Кумитаи тафтишоти Русия алайҳи Таҳмина Самадова, як зодаи Тоҷикистон, ки тақдими хона ба ӯ баҳси тунди миллатгароёни русро ба миён овард, парвандаи ҷиноятии нав боз кардааст. Парвандаи дуввум пас аз нашри хабарҳо дар бораи шикояти ӯ ба Додгоҳи Митишии Маскав барои баргардонидани хонаи туҳфашуда боз шудааст.

Дар хабарномаи ин ниҳод гуфта мешавад, ки “тафтишот ин амали зан (муроҷиат ба додгоҳ дар назар аст, – аз идора)- ро як кӯшиши нав барои тасарруфи маблағҳои давлат бо роҳи қаллобӣ арзёбӣ мекунад".

Кумитаи тафтишотӣ гуфтааст, ки ҳоло нисбати ин зан барои “тайёрӣ ба ҷиноят ва сӯиқасд ба ҷиноят” ё қисми 3 моддаи 30 Кодекси ҷиноятии Русия парванда боз кардааст.

“Дар робита ба ин ва бахусус барои пешгирии ҷиноят, мақомоти тафтишотии Сарраёсати тафтишотии Кумитаи тафтишотии Русия дар вилояти Маскав боз як парвандаи ҷиноӣ (қисми 3 моддаи 30, қисми 4 моддаи 159 Кодекси ҷиноии Федератсияи Русия) боз кардаанд”,- гуфта мешавад дар хабарнома.

Дирӯз, 2 – юми июн хабари ба додгоҳ шикоят кардани Таҳмина Самадова барои баргардонидани хонаш, ки моҳи янвир соли ҷорӣ шаҳрдории Митиши туҳфа карда, дертар дар пайи эътирози миллатгроёни рус бозпас гирифт, расонаӣ шуд.

Гуфта мешуд, ки мурофиаи аввал охири моҳи май баргузор шуда, ҷаласаи додгоҳии навбатӣ моҳи июл мегузарад.

Аввали моҳи январи соли равон шаҳрдории Митиши ба Таҳмина Самадова дар доираи барномаи давлатии дастгирии оилаҳои серфарзанд гувоҳнома барои хариди манзил ба маблағи 24 млн рубл тақдим кард. Ин боиси  баҳсу даъвоҳо дар ҷомеаи ин кишвар шуд.

Дар пайи фишори ҷомеа мақомот хонаро дубора гирифта, нисбати ин зодаи Тоҷикистон бо ҷурми “қаллобӣ” (қисми 4, моддаи 159.2 КҶ ФР) парванда боз карда, ӯро боздошт карданд. Баъдтар Таҳмина Самадоваро бо шарти тарк накардани ҷойи истиқомат озод намуданд.

Александр Бастрикин, роҳбари Кумитаи тафтишоти Русия талаб карда буд, ки раванди тақдими хона ба хонаводаи Самадова санҷида шавад.

Дертар, дар пайванд ба ин ҳодиса муовини раиси шаҳри Митиши низ дастгир ва барои хунукназарӣ (моддаи 293 КҶ ФР ) бар зиддиш парванда боз шуд. Ӯ ба ин айбдор шудааст, ки дар раванди тасдиқ маълумот дар бораи даромад ва аъзоёни оилаи зодаи Тоҷикистонро дуруст насанҷидааст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Юлия Купетская, шаҳрдори Митиш гуфта буд, ки “Самадова ба корҳои хайрия машғул аст ва бародаронаш барои иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар Украина бо ордени “Ҷасорат” ва медали “Барои шуҷоат” сарфароз гардонида шудааст. Оила барои гирифтани шаҳодатномаи манзил ба тамоми шароитҳо ҷавобгӯ аст”.

Таҳмина Самадова ва шавҳараш Рамазон Раҳимов, зодаи Тоҷикистон ҳастанд, ки 14 сол пеш шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. Онҳо бо 7 фарзанди худ дар хонаи якҳуҷрагӣ зиндагӣ мекарданд.

Мавқеи худи аъзои ин оила дар робита ба ин қазия маълум нест. Онҳо аз сӯҳбат бо расонаҳо худдорӣ мекунанд.

Ахиран тақдими хона ба як оилаи дигари тоҷик дар шаҳри Качканари вилояти Свердлов, ки шаҳрвандии Русияро дорад, боиси норозигӣ ва баҳси ҷомеа ва миллатгароҳо гардида буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...