Идомаи моҷарои тақдими хона дар Митиши. Таҳмина Самадова барои гирифтани хонааш ба додгоҳ муроҷиат кардааст

Таҳмина Самадова, зодаи Тоҷикистон, ки тақдими хона ба ӯ аз ҷониби шаҳрдории Митиши боиси норозигии ҷомеаи миллатгароёни Русия гардида, мақомоти ин кишвар ӯро ба қаллобӣ гунаҳкор карда буданд, барои баргардонидани хонаш ба додгоҳ шикоят кардааст. Дар ин бора пойгоҳи интернетии “Российской газеты” бо такя ба Додгоҳи шаҳри Митишии вилояти Маскав хабар дода навиштааст, ки “мурофиа моҳи […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Таҳмина Самадова, зодаи Тоҷикистон, ки тақдими хона ба ӯ аз ҷониби шаҳрдории Митиши боиси норозигии ҷомеаи миллатгароёни Русия гардида, мақомоти ин кишвар ӯро ба қаллобӣ гунаҳкор карда буданд, барои баргардонидани хонаш ба додгоҳ шикоят кардааст.

Дар ин бора пойгоҳи интернетии “Российской газеты” бо такя ба Додгоҳи шаҳри Митишии вилояти Маскав хабар дода навиштааст, ки “мурофиа моҳи июл оғоз мешавад”.

Дар ҳамин ҳол Радиои Озодӣ бо такя ба сомонаи додгоҳи ин шаҳр менависад, ки “мурофиаи аввали додгоҳ рӯзи 29-уми май баргузор шуда, рӯзи 30-юми май додрас даъвои Таҳмина Самадоваро шунидааст”.

Аввали моҳи январи соли равон шаҳрдории Митиши ба Таҳмина Самадова дар доираи барномаи давлатии дастгирии оилаҳои серфарзанд гувоҳнома барои хариди манзил ба маблағи 24 млн рубл тақдим кард. Ин боиси  баҳсу даъвоҳо дар ҷомеаи ин кишвар шуд.

Дар пайи фишори ҷомеа мақомот хонаро дубора гирифта, нисбати ин зодаи Тоҷикистон бо ҷурми “қаллобӣ” (қисми 4, моддаи 159.2 КҶ ФР) парванда боз карда, ӯро боздошт карданд. Баъдтар Таҳмина Самадоваро бо шарти тарк накардани ҷойи истиқомат озод намуданд.

Александр Бастрикин, роҳбари Кумитаи тафтишоти Русия талаб карда буд, ки раванди тақдими хона ба хонаводаи Самадова санҷида шавад.

Дертар, дар пайванд ба ин ҳодиса муовини раиси шаҳри Митиши низ дастгир ва барои хунукназарӣ (моддаи 293 КҶ ФР ) бар зиддиш парванда боз шуд. Ӯ ба ин айбдор шудааст, ки дар раванди тасдиқ маълумот дар бораи даромад ва аъзоёни оилаи зодаи Тоҷикистонро дуруст насанҷидааст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Юлия Купетская, шаҳрдори Митиш гуфта буд, ки “Самадова ба корҳои хайрия машғул аст ва бародаронаш барои иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар Украина бо ордени “Ҷасорат” ва медали “Барои шуҷоат” сарфароз гардонида шудааст. Оила барои гирифтани шаҳодатномаи манзил ба тамоми шароитҳо ҷавобгӯ аст”.

Таҳмина Самадова ва шавҳараш Рамазон Раҳимов, зодаи Тоҷикистон ҳастанд, ки 14 сол пеш шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. Онҳо бо 7 фарзанди худ дар хонаи якҳуҷрагӣ зиндагӣ мекарданд.

Мавқеи худи аъзои ин оила дар робита ба ин қазия маълум нест. Онҳо аз сӯҳбат бо расонаҳо худдорӣ мекунанд.

Ахиран тақдими хона ба як оилаи дигари тоҷик дар шаҳри Качканари вилояти Свердлов, ки шаҳрвандии Русияро дорад, боиси норозигӣ ва баҳси ҷомеа ва миллатгароҳо гардида буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.