Табодули асирони бештар. Натиҷаи музокироти ҳайатҳои Русияву Украина дар Истанбул

Шоми дирӯз, 2-юми июн, музокироти дуюми Русия ва Украина дар шаҳри Истанбули Туркия поён ёфт. Ҷонибҳо ёддоштҳои қаблан таҳиякардаро табодул карданд, аммо сари масоили аслӣ ва муҳим боз ҳам натавонистанд ба тавофуқ расанд. Музокироти навбатӣ, ки соати 15 бо вақти Душанбе (соати 13 бо вақти Маскав) дар назар дошта шуда буд, бо таъхири беш аз […]

Asia-Plus

Шоми дирӯз, 2-юми июн, музокироти дуюми Русия ва Украина дар шаҳри Истанбули Туркия поён ёфт. Ҷонибҳо ёддоштҳои қаблан таҳиякардаро табодул карданд, аммо сари масоили аслӣ ва муҳим боз ҳам натавонистанд ба тавофуқ расанд.

Музокироти навбатӣ, ки соати 15 бо вақти Душанбе (соати 13 бо вақти Маскав) дар назар дошта шуда буд, бо таъхири беш аз якунимсоата шурӯъ гардид.

Расонаҳо навиштанд, ки сабаби таъхир мулоқоти ҳайати Украина бо Ҳоқон Фидан, вазири корҳои хориҷии Туркия будааст.

Музокирот бо суханронии Ҳоқон Фидан оғоз гардид ва расонаҳо барои чанд дақиқа вориди толори музокирот гардиданд. Баъдан гуфтугӯи ҳайатҳои Русия ва Украина пушти дарҳои баста идома кард. Дар ин мулоқот, бо фарқ аз даври пешин, намояндагони Амрико ҳузур надоштанд.

Ҳайати музокироти Русия мисли музокироти пешин, тағйир накарда буд. Онро Владимир Мединский, ёвари раисҷумҳури Русия роҳбарӣ кард. Ҳайати Украинаро ҳам боз Рустам Умаров, вазири дифои ин кишвар роҳбарӣ дошт, аммо бо як каме тағйир.

Пас аз музокирот роҳбарони ҳайатҳои ҳарду кишвар бо рӯзноманигорон мулоқот карданд ва аз натиҷаи музокирот хабар доданд. Аз суханҳои ҳарду ҷониб маълум гардид, ки ҷонибҳо дар ин музокирот ҳам мисли музокироти пешин натавонистанд сари масоили аслӣ ва муҳим ба тавофуқ расанд.

 

Рустам Умаров пас аз музокирот ба назди рӯзноманигорон омад ва гуфт, ки ҷониби Русия пешниҳоди қатъи бидуни қайду шарти ҷангро рад кард. Ҳамчунин, пешниҳоди мулоқоти роҳбарони ду кишварро ҳам напазируфт. Аммо ҷонибҳо тавофуқ карданд, ки ҷасади сарбозони қурбоншударо бо теъдоди 6 ҳазор ба 6 ҳазор табодул кунанд.

Владимир Мединский ҳам тасдиқ кард, ки барои табодули асирони захмӣ ва беморони вазнин бо теъдоди 6 ҳазор ба 6 ҳазор тавофуқ кардаанд. Ҳамчунин созиш шудааст, ки асирони захмӣ ва беморони вазнин, инчунин сарбозони синни аз 18 то 25-сола дар асоси тавофуқи “ҳама ба ҳама” табодул шаванд.

Украина, ба қали Андрей Ермак, роҳбари дафтари раисҷумҳури ин кишвар, дар ин мулоқот ба ҳайати Русия рӯйхати кӯдакони украиниеро пешниҳод кардааст, ки ба қаламрави Русия интиқол ёфтаанд. Украина талаб кардааст, ки ин кӯдакон баргардонида шавад.

Владимир Мединский тасдиқ кард, ки воқеан рӯйхатеро бо зикри номи 339 кӯдак дастрас кардааст.

 

Ҷонибҳо тафсилоти бештар надоданд ва танҳо Рустам Умаров зикр кард, ки пешниҳод кардааст, миёни 20-ум то 30-юми июн мулоқоти навбатӣ баргузор гардад.

Пеш аз оғози музокирот, хабаргузории Reuters матни ёддошти Украинаро нашр кард. Дар он панҷ банд зикр шудааст:

– оташбаси бидуни қайду шарт барои 30 рӯз бо имкони тамдиди он;

– баргардонидани ҳамаи кӯдакони украинӣ, ки ба қаламрави Русия интиқол ёфтаанд;

– ивази маҳбусон бар асоси принсипи “ҳама ба ҳама”;

– озодии шаҳрвандони осоиштае, ки дар асоратанд;

– кафолатҳои байналмилалии амният барои Украина ва ради мақоми бетараф.

Русия, ки то охирин лаҳза ёддошти худро расонаӣ накарда буд, пас аз музокироти ахир онро нашр намуд:

– ихроҷи қувваҳои мусаллаҳи Украина аз қаламрави ДНР, ЛНР, вилояти Запорожйе ва Херсон ва эътирофи онҳо ҳамчун қаламрави Русия;

– мақоми бетараф ва бидуни силоҳи ҳастаии Украина ва таъйини теъдоди муайяни Артиш;

– кафолатҳои таъмини ҳуқуқи шаҳрвандони русзабон ва рафъи маҳдудиятҳо дар фаъолияти Калисои Православии Украина;

– даст кашидан аз даъвои тарафайн, аз ҷумла лағви таҳримҳо. Ҳамчунин барқарорсозии тадриҷии равобити дипломатӣ ва иқтисодӣ.

Ҳамчунин, дар ёддошти Русия ихроҷи пурраи қувваҳои мусаллаҳи Украина аз минтақаҳои ишғолӣ, қатъи сафарбарнамоӣ дар Украина ва фиристодани силоҳ аз кишварҳои дигар ва манъи ҳузури қувваҳои кишварҳои сеюм дар қаламрави Украина низ зикр шудааст.

Илова бар ин, Русия талаб кардааст, ки пас аз иҷрои бандҳои зикршуда, Украина пеш аз имзои созиши сулҳ интихобот баргузор кунад ва ҳуҷҷати ниҳоиро бо қатъномаи Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид мувофиқа намояд.

Ҷониби Украина пас аз музокирот дар Истанбул зикр кард, ки оид ба ёддошти Русия баъди омӯзиши он тасмим гирифта мешавад.

Бояд гуфт, ки мулоқоти аввали ду ҷониб 16-уми май дар Истанбул баргузор гардид. Дар он ҷонибҳо итавофуқ карданд, ки асиронро табодул мекунанд. Ва давоми чанд рӯзи баъди асиронро бо теъдоди 1000 ба 1000 табодул карданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио