“Суратҳисоби бонкӣ, Instagram, YouTube ва TikTok-амро рахна карданд”. Абдурозиқ ба ширкати “Meta” ва пулиси Дубай шикоят бурдааст

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Абдурозиқ Эгамов, саршиностарин блогери тоҷик, бо нашри наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт, саҳифаҳояш дар Instagram, YouTube ва TikTok рахна шудаанд. Ӯ мегӯяд, ки аз 1-уми апрел инҷониб ба саҳифаҳояш дастрасӣ надорад ва ба ширкати “Meta” ва пулиси шаҳри Дубай шикоят кардааст.

Муборакшо Эгамов, амаки Абдурозиқ дар сӯҳбат ба “Азия-Плюс” аслӣ будани навори муроҷиати блогерро тасдиқ карда, гуфт, баъди итмоми шартнома бо ширкати мусиқии “IFCM” саҳифаҳои Абдурозиқро дар шабкаҳои иҷтимоӣ рахна кардаанд. Ӯ мегӯяд, ки Абдурозиқ ҳоло ба ягон саҳифаи шахсиаш дастрасӣ надорад ва ба мақомоти дахлдор шикоят кардааст.

Ӯ гуфт, Абдурозиқ се сол пеш бо ширкати мусиқии “IFCM” шартнома баста буд. Тибқи шартнома дар ҳолати қатъи он бояд ба ширкат 1 миллион доллар ҷарима пардохт мекард. Тақрибан шаш моҳи пеш муҳлати шартнома ба охир расид ва тибқи қарордод, шаш моҳи дигар ҳуқуқи истифодаи саҳифаҳои ӯро доштанд.

"Аммо баъди гузаштани ин муҳлат, ҳамаи саҳифаҳои Абдурозиқро дар шабакаҳои иҷтимоӣ рахнагарон шикастанд ва бе розигии ӯ ба нафъи худ истифода мекунанд. Ҳамчунин аз ҳисобҳои бонкиаш ҳамаи пулҳояшро ҳам гирифтанд”, – гуфт Муборакшо Эгамов.

Ба гуфтаи Муборакшо Эгамов, ба рахнагарон мудири саҳифаҳои блогер дар шабакаҳои иҷтимоӣ – Ясмина Нуаймӣ кӯмак кардааст. Аммо ӯ нагуфт, ки ангезаи Ясмина Нуаймӣ чӣ будааст.

Назари худи Ясмина Нуаймӣ барои “Азия-Плюс” дастрас нест. Талоши мо барои дастрас кардани назари ӯ бесамар анҷомид. Саҳифаи ӯ дар Instagram пӯшида аст ва имкони суҳбат нест.

 

Дар ҳамин ҳол, Муборакшо Эгамов мегӯяд, давоми ду моҳи охир дар саҳифаи Instagram – и Абдурозиқ навору сторисҳо бе розигӣ ва дахолати ӯ гузошта шудаанд.

“Баъди онки дар “Азия-Плюс” мусоҳибааш нашр гардид, рахнагарон барқасдона навори хоҳари Абдурозиқ дар либоси ҳиндиро сохта, пахш карданд. Танҳо ба хотире, ки обрӯи ӯро резонанд. Ҳоло мақомоти Дубай болои ин масъала кор карда истодааст, нисбати мудири Абдурозиқ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Аммо то ҳол шахсияти рахнагарон маълум нест”,- иброз дошт Муборакшо Эгамов.

Ба гуфтаи ӯ, рахнагарон ба барномаи “Snapchat”-и телефони ӯ дастрасӣ пайдо карда, навору аксҳоро аз онҷо гирифтаанд. Бештари навор ва аксҳое, ки дар саҳифаи Instagram – и блогер ду моҳи охир гузошта шудааст, сохтаи ҳуши маснуӣ аст.

Муборакшо Эгамов зикр кард, ки Абдурозиқ ҳоло бо як ширкати дигар шартнома баста, ҳамкориро оғоз намудааст, аммо ошкор кардани номи ин ширкати нав худдорӣ кард.

Ёдовар мешавем, ки Абдурозиқ машҳуртарин блогери тоҷик аст. Саҳифаи ӯ дар шабакаи Instagram (ки ҳоло ба қавли худаш, ба он дастрасӣ надорад) қариб 8 миллион ҳамванд дорад. Ба саҳифаи ӯ дар YouTube 1,5 миллион нафар обуна шудаанд.

Дар бораи Абдурозиқ ва нақшаҳои ӯ аз матлабе, ки “Азия-Плюс” чанде пеш, зимни сафари ин блогери шинохта ба Тоҷикистон таҳия кард, метавонед маълумоти бештар гиред.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...