Ice Memory: Ташаббуси байналмилалӣ барои ҳифзи хотираи иқлим ва муҳити зист

Ҳифзи пиряхҳо яке аз ҳадафҳои асосии ташаббусҳои байналмилалии илмӣ ба шумор меравад, ки ба муҳофизати хотираи иқлим ва муҳити зисти сайёра равона шудааст. Яке аз чунин ташаббусҳо — Ice Memory мебошад, ки моҳи сентябри соли 2015 бо ибтикори марказҳои таҳқиқотии Фаронса, Италия ва Швейтсария оғоз ёфта, аз ҷониби ЮНЕСКО ва аз он ҷумла Бунёди шоҳи […]

Варақаи иттилоотии Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон

Ҳифзи пиряхҳо яке аз ҳадафҳои асосии ташаббусҳои байналмилалии илмӣ ба шумор меравад, ки ба муҳофизати хотираи иқлим ва муҳити зисти сайёра равона шудааст. Яке аз чунин ташаббусҳо — Ice Memory мебошад, ки моҳи сентябри соли 2015 бо ибтикори марказҳои таҳқиқотии Фаронса, Италия ва Швейтсария оғоз ёфта, аз ҷониби ЮНЕСКО ва аз он ҷумла Бунёди шоҳи Монако дастгирӣ дорад. Соли 2023 дар ҳамоиши One Planet–One Summit дар шаҳри Париж Президенти Фаронса Эммануэл Макрон ташаббуси Ice Memory-ро ҳамчун «унсури калидии Даҳсолаи криосфера» тавсиф намуд. Ин иқдом дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид низ дастгирӣ ёфт ва қатъномаи дахлдор рӯзи 13 августи соли 2024 бо пешниҳоди муштараки Тоҷикистон ва Фаронса қабул гардид.

Ҳадафи лоиҳа — дар давоми 20 сол ҷамъоварӣ ва нигоҳдории кернҳо (қабати дарунӣ)-и ях аз 20 пиряхи зери хатари обшавӣ бо мақсади таъсиси як бойгонии яхӣ дар Антарктида мебошад. Ин бойгонӣ дар пойгоҳи ягонаи байналмилалии "Конкордия" воқеъ буда аз ҷониби Фаронса ва Италия дар плато (қисмати баланди ҳамвории қитъа) – и Антарктида идора мешавад ва имкони нигоҳдории доимии намунаҳоро дар ҳарорати -50°C фароҳам меоварад. Дар ин ҷо маълумоти иқлимӣ ва экологии 300 000 соли охир нигоҳ дошта мешавад. Антарктида макони нодирест, ки тибқи созишномаи байналмилалии муҳофизати муҳити зист бо иштироки 55 давлат ҳифз карда мешавад ва истифодаи мероси инсоният дар он кафолат дода мешавад. Пойгоҳи додаҳои оянда дар дастрасии умум қарор гирифта, манбаи муҳим барои пажӯҳишгарони имрӯза ва воситаи қавитари илмии фардо хоҳад буд.

 

Муҳофизати ин кернҳои яхӣ барои пешрафти илмӣ аҳамияти бузург дорад: донише, ки аз таҳлили онҳо дар бораи иқлим ва муҳити зист ба даст меояд, дар қабули қарорҳои сиёсӣ нақши муҳим мебозад. Фаҳмиши вазъи муҳити гузашта ба мо имкон медиҳад, ки тағйироти ояндаро пешбинӣ намоем ва ба беҳбудии инсоният мусоидат намоем. Аз оғози амалисозии ин ташаббус то имрӯз ҳашт керни ях аз тамоми қораҳо ҷамъоварӣ шудааст, аз ҷумла яке дар Фаронса (соли 2016) ва дигаре дар Норвегия.

 

 Барои идомаи ҷамъоварии ин намунаҳо, гурӯҳи байналмилалии олимон бо номи Pamir Project ният дорад моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Парки миллии Помир корҳои саҳроӣ анҷом диҳад. Ҳадафи ин иқдом — илова намудани хотираи экологӣ аз минтақаи Қутби сеюм ба маҷмӯаи Ice Memory мебошад. Ҷойи интихобшуда — кӯҳи Кон-Чуқурбошӣ дар баландии 5800 метр воқеъ дар ноҳияи Мурғоб аст. Нияти олимон гирифтани ду керни яхии 100-метра аз ин кӯҳ мебошад. Яке аз ин намунаҳо барои нигоҳдории дарозмуддат ба Антарктида интиқол дода мешавад. Бунёди Ice Memory ва кумитаи илмии он саҳми Тоҷикистон ва Олимонро аз лоиҳаи Pamir Project-ро бо хушнудӣ истиқбол менамояд. Ин ташаббус асосан бо дастгирии Пажӯҳишгоҳи қутбии Швейтсария маблағгузорӣ шуда, ба шарофати ҳамкории илмии байналмилалӣ байни Тоҷикистон, Ҷопон, Италия, Швейтсария, Олмон ва Фаронса амалӣ мегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.