Даргирии сарҳадбонони тоҷик бо “гурӯҳи фаромиллии нашъаҷалоб” аз Афғонистон як кушта барҷой гузоштааст

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Сарҳадбонони тоҷик дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон бо як “гурӯҳи фаромиллии нашъаҷалоб” даргир шуда, як танро кушта, беш аз 70 кг маводи мухаддир ва силоҳу тир мусодира кардаанд.

АМИТ “Ховар” бо такя ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) хабар додааст, ки убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ аз тарафи гурӯҳи чорнафараи қочоқбари мусаллаҳи афғонистонӣ дар дидбонгоҳи сарҳадии 9-уми “Панҷоб”-и минтақаи наздисарҳадии деҳаи Сайроби Ҷамоати деҳоти Панҷоби ноҳияи Ҳамадонӣ ошкор ва пешгирӣ гардидааст.

Гуфта мешавад, ҳангоми кӯшиши убури сарҳад қочоқбарон “ба амри кормандони амниятӣ ва сарҳадбонон барои таслим шудан итоат накарда, аз силоҳу лавозимоти ҷангии дар ихтиёрашон дошта муқобилияти шадиди мусаллаҳона нишон доданд”.

Дар ниҳоят қочоқбарон бо сарҳадбонон даргир шудаанд, ки саркардаи гурӯҳи қочоқбар Маҳмадҳошим валади Миракбар кушта шуда, се тани дигар ба ҷониби Афғонистон фирор кардаанд.

Ба навиштаи манбаъ, Миракбар марди 50 сола, зодаи қарияи Навободи вулусволии Янгиқалъаи вилояти Тахори Афғонистон будааст.

Аз ҷойи ҳодиса чунин чизҳо пайдо ва мусодира шудаанд:

– 1 автомати Калашников АК-74;

– 3 тирдон ва 87 дона тири қутраш 7,62

– 71 килограмму 929 грам нашъаи навъи ҳашиш.

Дар пайи ҳодиса аз ҷониби КДАМ бо моддаҳои 200,  қисми 4, банди “д”, 289, қисми 3, 335, қисми 2 ва 195, қисми 2, банди “б”-и Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Аммо замони дақиқи рух додани ин ҳодисаро КДАМ нагуфтааст.

Бояд гуфт, ин бори аввал нест, ки мақомот аз боздошти гурӯҳҳои нашъалоб хабар медиҳад. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, маводи мухаддир аксаран аз Афғонистон ба Тоҷикистон, ки марзи дарозтарин дорад, қочоқ мешавад.

Чанде пеш ҳам дар вилояти Хатлон як гурӯҳи муташаккили фаромиллӣ, бо гумони муомилоти қариб 180 кг маводи мухаддир, ки аз Афғонистон қочоқ карда, мехостанд ба хориҷи кишвар баранд, боздошт шуда буданд.

Ёдовар мешавем, ки дар соли 2024, аз ҷониби тамоми сохторҳои қудратии Тоҷикистон беш аз 4,3 тонна маводи мухаддир мусодира шуд, ки ин нисбат ба соли 2023 17% ё тақрибан 901,5 кг камтар мебошад.

Инчунин соли гузашта дар Тоҷикистон 839 ҷинояти марбут ба маводи мухаддир сабт шудааст, ки ин нисбат ба соли 2023-юм 140 ҳолат ё 20% афзудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...