Боздошти як гурӯҳи 5-нафара бо гумони муомилоти 180 кг маводи мухаддир

Дар вилояти Хатлон як гурӯҳи муташаккили фаромиллӣ, бо гумони муомилоти қариб 180 кг маводи мухаддир, ки аз Афғонистон қочоқ карда, мехостанд ба хориҷи кишвар баранд, боздошт шудаанд. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо такя ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) хабар дода, навиштааст, ки аъзои ин гурӯҳ аз 4 шаҳрвандони Тоҷикистон ва 1 шаҳрванди […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар вилояти Хатлон як гурӯҳи муташаккили фаромиллӣ, бо гумони муомилоти қариб 180 кг маводи мухаддир, ки аз Афғонистон қочоқ карда, мехостанд ба хориҷи кишвар баранд, боздошт шудаанд.

Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо такя ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) хабар дода, навиштааст, ки аъзои ин гурӯҳ аз 4 шаҳрвандони Тоҷикистон ва 1 шаҳрванди Афғонистон иборат буданд.

Манбаъ менависад, ки вазни умумии маводи мухаддири дарёфтшуда 178 килограмму 845 грамм, аз ҷумла, 148 килограмму 129 грамм ҳашиш ва 30 килограмму 333 грамм афюнро ташкил дода, дар дидбонгоҳи сарҳадии “Панҷоб”-и ноҳияи Ҳамадонӣ, ҳаммарз бо Афғонистон мусодира карда шуд.

Ба иттилои КДАМ, қисми зиёди маводи мухаддир, яъне 139 бастаи маводи нашъаовар аз мошини Бобоҷони Абдулҳақ, шаҳрванди 34-солаи Тоҷикистон дарёфт шудааст, Илова бар ин, дар ҳамон минтақа (дидбонгоҳи сарҳадии “Панҷоб”) 41 бастаи дигари маводи мухаддир ёфт шудааст.

“Дар рафти бозпурсии Бобоҷони Абдулҳақ муайян карда шуд, ки номбурда ин миқдор маводи мухаддирро аз қочоқбарои афғон ба маблағи 20 000 доллари амрикоӣ дастрас намуда, мақсад доштааст тавассути ҳаммаслакони ҷиноятии худ онро ба шаҳри Душанбе, вилояти Суғд ва баъдан ба хориҷи кишвар интиқол диҳад”,-омадааст дар хабарнома.

Дар идомаи тафтишот, шарикони Бобоҷони Абдулҳақ – Акбари Ҳиҷрат Акбар, шаҳрванди Афғонистон ва Қосимзода Сафаралӣ Раҳмоналӣ, Иброҳимов Раҳмоналӣ Сайдалиевич ва Назиров Диловар Сулаймонович – се шаҳрванди Тоҷикистон дар Душанбе ва Хуҷанд боздошт шуданд.

Муайян шудааст, ки Қосимзода Сафаралӣ 20 ҳазор долларро ба Акбари Ҳиҷрат Акбар барои интиқол ба қочоқбарони афғонистонӣ додааст.

Маълум нест, ки онҳо кай боздлошт шуданд. Ҳамчунин, назари наздикону пайвандон ва худи боздоштшудаҳо дастрас нест.

Бояд гуфт, ин бори аввал нест, ки мақомот аз боздошти гурӯҳҳои нашъалоб хабар медиҳад. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, маводи мухаддир аксаран аз Афғонистон ба Тоҷикистон, ки марзи дарозтарин дорад, қочоқ мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар соли 2024, аз ҷониби тамоми сохторҳои қудратии Тоҷикистон беш аз 4,3 тонна маводи мухаддир мусодира шуд, ки ин нисбат ба соли 2023 17% ё тақрибан 901,5 кг камтар мебошад.

Инчунин соли гузашта дар Тоҷикистон 839 ҷинояти марбут ба маводи мухаддир сабт шудааст, ки ин нисбат ба соли 2023-юм 140 ҳолат ё 20% афзудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио