Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 июни соли 2025

Date:

ЧОРАБИНИҲОИ 29 ИЮН

 – Имрӯз дар Душанбе бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё байни бонувон оғоз мегардад. Мунтахаби футболи бонувони кишвар дар гурӯҳи “Н” имрӯз бо Куриёи Шимолӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе рақобат мекунанд. Вуруд озод аст.

Ҳамин тариқ, дастаи футболи бонувон рӯзи 2-юми июл бо Малайзия ва 5-уми июл бо Фаластин бозӣ мекунад.

– Имрӯз, соати 18:00 дар макони ҳунарҳои мардумӣ- "деҳаи Гулзор"-и пойтахт "Шоми шашмақом" баргузор  мегардад. Нархи чиптаҳо 130 сомонӣ аст (барои кӯдакони то 7-сола 50% тахфиф аст). Телефон барои бақайдгирӣ ва фармоиш: +992 92 827 7273 (WhatsApp, Telegram).

– Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки Душанбе намоишномаи “Иҷро мешавад” (Будет исполнено)-и В.Сатторов ба саҳна гузошта мешавад. Нархи чипта 20 сомонӣ аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

– Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши аксҳои Заур Дахте, филмбардор ва аксбардори маъруфи тоҷик идома дорад. Маросими ифтитоҳии намоигоҳ рӯзи 25-уми июн доир гардид ва қарор аст, ки намоишгоҳ то 2-юми июл идома кунад. Алоқамандон метавонанд давоми ин рӯзҳо аксҳои ӯро тамошо ва харидорӣ кунанд.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 29 ИЮН

Соли 1952 – Дар водии Ҳисор осоишгоҳи "Шоҳамбарӣ" ба фаъолият оғоз кард.

Соли 1973 – Зебунисо Рустамова, аввалин зани тоҷик қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ оид ба тирпарронӣ гардид.

Соли 2023 – Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоиши дуюми байналмилалии мусаввирони наврас ифтитоҳ ёфт.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1919 – Нақибхон Туғрал Аҳрорӣ, яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти охири асри 19 ва аввали асри 20 дар 54-солагӣ аз тарафи Аскарони Сурх ба қатл расонида шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Пайкараи Нақибхон Туғрал дар зодгоҳаш ноҳияи Айнӣ

Туғралро охирин намояндаи адабиёти классикӣ низ меноманд. Ӯ дар шеъргӯйӣ пайравӣ Мирзо Бедил буд ва ҳамчун, вориси арзандаи яке аз пешвоёни бузурги тариқати нақшбандия – Хоҷа Аҳрори Валӣ тавассути ашъору афкори пурмуҳтавои худ дар тарбияи маънавӣ ва ахлоқии мардум саҳми арзишманд гузошт.

Туғрал солҳои 1918-1919 ҳамроҳи аскарони сурхи Шӯравӣ дар чандин задухӯрдҳои хунини алайҳи босмачиёну аксулинқилобиёни болооби Зарафшон бевосита иштирок намуд. Вале душманону бадхоҳонаш ба туҳмати ноҳақ гирифтор карданд ва 28-уми июни соли 1919 аз тарафи Аскарони Сурх ба қатл расонида шуд. Мазораш дар зодгоҳаш – деҳаи Зосуни ноҳияи Айнӣ зиёратгоҳи ҳазорон нафар алоқамандони ашъораш аст.

Бино ба маълумоти сарчашмаҳо Туғрали Аҳрорӣ нозукиҳои забони ҳазорсолаи модарии худ – форсии тоҷикиро ба дараҷаи воло медониставу эхсос мекардааст ва дар сарфу наҳви луғати араби низ устоди комил будааст. Туғрали Аҳрорӣ дар шатранҷбози маҳорати тамоме дошта, соҳиби хатти зебову хонои настаълик ҳам будааст.

Туғрали Аҳрорӣ бо шеъраш барои ҳақиқат ва адолат садо баланд мекард ва дар таърихи адабиёти тоҷик ҷойгоҳи хос дорад. Осори ӯ то имрӯз боқӣ монда, мактаби №8-и ноҳияи Айнӣ номи ӯро дорад. Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии Нақибхон Туғрал дар зодгоҳаш деҳаи Зосуни Айнӣ бо усули меъмории миллӣ навсозӣ шудааст.

Соли 1954 – Зодрӯзи Шавкатҷон Шаропов, доктори илмҳои педагогӣ.

Соли 1982 – Зодрӯзи Таҳмина Раҷабова, ҳунарпешаи синамо, ровӣ ва коргардон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Таҳмина Раҷабова

Таҳмина Раҷабова яке аз чеҳраҳои шинохтаи синамои тоҷик буда, аксари филмҳое, ки нақш офаридааст, беҳтарин филмҳои синамои тоҷик дониста мешаванд.

Ӯ хатмкардаи Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон бо ихтисоси ҳуқуқшинос аст. Соли 2006 ба телевизиони “Сафина” ба ҳайси ёвари ҳуқуқшинос ба кор омада, пас аз як моҳи корӣ наттоқи барномаи иттилоотӣ ба забони русӣ интихоб шуд.

Аввалин филме, ки Таҳмина нақш иҷро кард, “Зистан мехоҳам” унвон дорад. Сипас ба киностудияи “Тоҷикфилм” даъват шуда, дар филми “Убури сангин” нақши асосиро иҷро кард ва маъруфияташ сол аз сол меафзуд.

Баъдан дар фимлҳои “Марде дар орзуи зани панҷум”, “Барачаи хаёлӣ”, “Беҳуда хорам мекунӣ” (қисми 5-6), “Қасос”, “Журналист”, “Паймон”, “Асрори хуфта”, “12 соли интизорӣ”, “Сайёра ранг иваз мекунад”, “Хоби сурх” ва дигар филмҳо нақш офарид ва соҳиби ҷоизаҳои зиёди байналмилалӣ гардид. Ахиран, ӯ дар силсилафилми эронии “Пойтахт-7” нақш офарид, ки бар маъруфияти ӯ афзуд ва ӯро дар ҷаҳони форсизабонон муаррифӣ кард.

Таҳмина Раҷабова соли 2020 бо пешниҳоди нахустин филмаш ба забони русӣ “Обмани себя” ба соҳаи коргардонӣ қадам гузошт.

Соли 1996 – Зодрӯзи Меҳрубон Сангинов, муштзани маъруфи тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Меҳрубон Сангинов

Меҳрубон Сангинов аз соли 2016 ба бокси ҳирфаӣ гузаштааст. Дар ин муддат ӯ 10 рақобат баргузор карда, дар нӯҳтоаш дастболо шудааст ва як қувваозмоӣ бо натиҷаи мусовӣ анҷом ёфтааст.

Меҳрубон Сангинов соли 2017 дар набарди бокси ҳирфаӣ пас аз пирӯзӣ бар Стефен Дерстайни амрикоӣ ба унвони қаҳрамони ҷаҳон дар вазни 76,2 кило аз рӯи назари "WBB" даст ёфта буд. Соли 2021 ӯ дар як набарди бокси ҳирфаӣ бар Куинси Лаваллеи амрикоӣ ғолиб омад, соҳиби унвони ғолиби "WBA NABA" дар вазни нимамиёна гардид.

Соли 2013 – Муқаддима Ашрафӣ, олим ва санъатшиноси тоҷик дар 77-солагӣ аз олам даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз ҳамчун Рӯзи байналмилалии минтақаҳои тропикӣ таҷлил карда мешавад. Ин рӯз бо қарори Маҷмааи Умумии СММ таъсис ёфтааст ва ҳадафи он ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба аҳамияти биологӣ ва иҷтимоии минтақаҳои тропикӣ мебошад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Минтақаҳои тропикӣ қариб 40% сатҳи умумии Заминро фаро мегиранд ва тақрибан 80% гуногунии биологӣ ва беш аз 40% аҳолии ҷаҳонро дар худ ҷой медиҳанд. Бо вуҷуди ин, ин минтақаҳо ба мушкилоти ҷиддии муҳити зист, тағйирёбии иқлим, камбизоатӣ, норасоии захираҳо ва фишорҳои демографӣ рӯ ба рӯ ҳастанд.

29-уми июни соли 1855 дар шаҳри Лондон шумораи аввалини рӯзномаи машҳури англисӣ – “The Daily Telegraph” ба нашр расид. Муассиси он полковники англис Артур Слей ин рӯзномаро ҳамчун минбари интиқоди герсоги Кембриҷ таъсис дода буд. Аммо баъди чанд моҳ рӯзномаро тоҷири шинохта ва соҳиби “The Sunday Times” Ҷозеф Леви харид ва онро ба як нашрияи оммавӣ табдил дод.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Нархи рӯзнома ҳамагӣ як пенс буд, ки он замон ин қадам бесобиқа ба ҳисоб мерафт ва рӯзнома дар муддати кӯтоҳ ба машҳуртарин нашрия табдил ёфт. Имрӯз “The Daily Telegraph” яке аз маъруфтарин рӯзномаҳои Бритониё маҳсуб мешавад ва бо чунин нашрияҳо чун “The Times”, “The Guardian” ва “The Independent” рақобат мекунад. Соли 2006 тиражи он ба 900 ҳазор нусха расид.

29-уми июни соли 1964, яке аз дастовардҳои муҳими технологии асри XX – дастгоҳи идоракунии телевизор (пулт) муаррифӣ шуд. Гарчанде идеяи асосии чунин дастгоҳ ҳанӯз соли 1893 аз ҷониби муҳандиси бузурги сербиягӣ – Никола Тесла пешниҳод шуда буд, танҳо дар солҳои 1960 он амалӣ гардид.

Дар охири солҳои 1970 бо рушди системаи телетекст дар Бритониё (аз ҷониби шабакаи BBC), ин дастгоҳ на танҳо барои иваз кардани каналҳо, балки барои интихоби саҳифаҳои матнӣ, танзими садо, рӯшанӣ ва ранг сохта шуданд. Он замон ин технологияи пешрафта яке аз навгониҳои муҳими соҳаи электроника ба шумор мерафт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Имрӯз пултҳои идоракунӣ дар соҳаҳои мухталиф, аз идоракунии таҷҳизоти озмоишгоҳӣ, энергетикӣ, то бозичаҳои кӯдакона, дарвозаҳо ва техникаи маишӣ ба таври васеъ истифода мешаванд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 29 ИЮНИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, раъду барқ ва гарду ғубор дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 17+22º гарм, рӯзона 32+37º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13º гарм, рӯзона 22+27º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 21+26º гарм, рӯзона 35+40º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 16+21º гарм, рӯзона 30+35º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 19+24º гарм, рӯзона 34+39º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15º гарм, рӯзона 31+36º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 26+28º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 14+19º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 21+23º гарм, рӯзона 27+32º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 36+38º гарм, дар шарқи вилоят шабона 4+9º гарм, рӯзона 18+23º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 22+24º гарм, рӯзона 36+38º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 20+22º гарм, рӯзона 34+36º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 22+24º гарм, рӯзона 37+39º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 14+16º гарм, рӯзона 29+31º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...