“Нобино ҳам бошам, дар хидмати халқ ҳастам”. Қиссаи зане, ки дӯзандагию бофандагӣ мекунад

Зулайхо Маҷидова дӯзандаи нобино мебошад. Ӯ баъди пурра нобино шудан ба ҳунаромӯзӣ оғоз кардааст. Қариб 13 сол инҷониб аз ҳисоби дӯзандагӣ ва дигар ҳунарҳои дастӣ рӯзгори худро пеш мебарад. Зулайхо зодаи ноҳияи Файзобод буда, оиладор ва соҳиби як фарзанд мебошад. Ба нақли ӯ тақрибан 30 сол қабл як чашмаш биноӣ дошт. Аммо дар пайи як […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Зулайхо Маҷидова дӯзандаи нобино мебошад. Ӯ баъди пурра нобино шудан ба ҳунаромӯзӣ оғоз кардааст. Қариб 13 сол инҷониб аз ҳисоби дӯзандагӣ ва дигар ҳунарҳои дастӣ рӯзгори худро пеш мебарад.

Зулайхо зодаи ноҳияи Файзобод буда, оиладор ва соҳиби як фарзанд мебошад. Ба нақли ӯ тақрибан 30 сол қабл як чашмаш биноӣ дошт. Аммо дар пайи як амалиёти ҷароҳҳӣ комилан нобино гардид. Ӯ барои табобат ба Русия ҳам рафтааст, аммо пизишкон баъди ташхис барқарории биноии чашмонаш ғайриимкон гуфтаанд.

“Ман худамро нобино ва маъюб ҳис намекунам. То имрӯз дар баробари онки имконияти маҳдуд дорад ҳамеша талош кардам, ки ҳунари навро омӯзам. Ҳунар ба ман обрӯ дод, нон дод. Вақте ба дӯзандагиву бофандагӣ машғул мешавам, дарди нобиноиям камтар мешавад”,- мегӯяд Зулайхо.

Қаҳрамони мо ба ҷуз дӯзандагӣ инчунин мӯҳрадӯзӣ, чӯроббофӣ, бофандагӣ ва сохтани ҳар гуна ороишоти зеборо низ метавонад.

Зулайхо мегӯяд, дар аввал бархе ба дӯзанда будани ӯ бо шубҳа менигаристанд. Ҳоло ҳамагон ӯро эҳтиром мекунанд ва либосҳояшро ба ин дӯзанда бовар мекунанд. Акнун баъзеҳо баъди дидани ҳунари волои ӯ ба нобино будани ӯ шубҳа мекунанд.

Ӯ ҳоло роҳбарии коргоҳи дӯзандагии беморхонаи “Шифобахш”-ро бар уҳда дорад. То имрӯз ба даҳҳо духтар ҳунари дӯзандагиро омӯзонидааст. Ӯ бо ифтихор мегӯяд, нобино ҳам бошад, дар хидмати халқ аст.

Талоши Зулайхо Маҷидова дар зиндагӣ аз иродаву матонати ӯ шаҳодат медиҳад, ки сарфи назар аз мушкилиҳо, барои расидан ба мақсаду таъмини рӯзгори шоиста пайваста ҷаҳд мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.