Барои кор рафтан ба Кореяи Ҷанубӣ чӣ бояд кард?

Маводи шарикӣ

Муассисаи SC “Маркази омӯзиши забони кореягӣ ва омодасозии касбӣ” хоҳишмандонро барои кор ба Кореяи Ҷанубӣ омода мекунанд. Пеш аз ҳама, забони кореягиро меомӯзонанд, чунки забон шарти асосии кор дар он кишвар аст.

Омӯзиши забони кореягӣ аз ҷониби устодони касбӣ ва дастёрони тоҷик сурат мегирад. Таълим бо барномаҳои навин ба роҳ монда шудааст, ки имкон медиҳад, дар муддати кӯтоҳ ин забонро аз худ кард.

Инчунин, донишомӯзон муҳити корӣ ва фарҳанги Кореяро меомӯзанд. Иловатан, нафароне, ки аз минтақаҳои дур меоянд бо хобгоҳ ва се вақт хӯрок таъмин мешаванд.

Хусусияти ин марказ дар он аст, ки дар тамоми марҳила – аз таълим гирифтан то ба кор шурӯъ кардан шаҳрвандонро ҳамроҳӣ мекунад.

Пас аз хатм, мутахассисон ба хатмкунандаҳо барои иштирок дар имтиҳони “EPS-TOPIK” ёрӣ мерасонанд.

Ҳамчунин, барои гирифтани раводид ё худ виза кӯмак мекунанд. Ғайр аз ин, ҳато пас аз ба кор даромадан дар Корея, хатмкардаҳои марказ метавонанд аз машварату дастгириҳои кормандони марказ баҳра баранд. Яъне ин марказ дар Корея низ дафтари корӣ ва коргар дорад.

Бояд гуфт, омӯзиш барои мардони аз 18 то 39-сола пешбинӣ шудааст, ки мехоҳанд барои кор ба Корея раванд.

Муассисаи SC "Маркази омӯзиши забони кореягӣ ва омодасозии касбӣ" аввали имсол боз шуд, замоне, ки Кореяи Ҷануби расман Тоҷикистонро ҳамчун 17-умин давлати ҳамкор эътироф кард.

Ифтитоҳи марказ натиҷаи ҳамкориҳои судманди Тоҷикистон бо Кореяи Ҷанубӣ буда, он дар асоси ёддошти тафоҳуми сеҷониба миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Федератсияи кориягии корхонаҳои хурду миёна таъсис ёфт. Ин маркази омӯзишӣ бо дастгирии ширкати “Шодиёна Консалтинг” роҳандозӣ шудааст.

Корея ҳамасола 160 ҳазор коргарро аз 17 давлати дунё ба кор қабул мекунад. Барои онҳо ҷои кор ва маоши шоиста фароҳам меорад. Аз ин рӯ ин марказ беҳтарин шонс барои пайдо кардани кори шоиста ва беҳтар намудани зиндагии ҳар як хоҳишманд мебошад.

SC "Маркази омӯзиши забони кореягӣ ва омодасозии касбӣ" бо суроғаи зерин фаъолият мекунад:

Душанбе, х. Рӯдакӣ, 127 (Бинои “Рӯдакӣ Плаза”, 10 ошёна);

Душанбе, к. Қаробоев, 63/3 (Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, бинои №9).

Тамос: 886 96 55 55; 433 77 43 43

https://www.instagram.com/job.korea.tj

Биёед ва зиндагии худр тағйир диҳед!

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...