Куштори падар дар пеши чашми фарзандон дар Суғд. Гумонбарон ҳоло дастгир нашудаанд

Дар ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд як марди 38-соларо дар пеши чашми фарзандонаш куштаанд. Мақомот мегӯянд, ҳарчанд “гиреҳи ҷиноят кушода шудаааст”, вале гумонбаронро то ҳол дастгир накардаанд. Туйчибой Отамуродзода, муовини раиси ҷамоати деҳоти Гулхона имрӯз, 2-юми июл дар суҳбати телефонӣ ба “Азия-Плюс” ҳодисаи кушторро тасдиқ кард ва гуфт, ки он соати 2-2:30 […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Дар ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд як марди 38-соларо дар пеши чашми фарзандонаш куштаанд. Мақомот мегӯянд, ҳарчанд “гиреҳи ҷиноят кушода шудаааст”, вале гумонбаронро то ҳол дастгир накардаанд.

Туйчибой Отамуродзода, муовини раиси ҷамоати деҳоти Гулхона имрӯз, 2-юми июл дар суҳбати телефонӣ ба “Азия-Плюс” ҳодисаи кушторро тасдиқ кард ва гуфт, ки он соати 2-2:30 шаби 28-уми июн дар деҳаи Саричашмаи ин ҷамоат рух додааст.

“Шахсони номаълум ба манзили истиқоматии Зариф Абдураҳимов даромада, ӯро бо зарби 3-4 корд куштаанд. Қотилон аз марҳум пул талаб кардаанд. Маълум нест, ки пал ёфтаанд ё не. Вале ба даҳони фарзандони 14-ва 16 солаи марҳум “скотч” баста, бо занҷир латукуб кардаанд. Ҳолати фарзандон ҳоло хуб буда, таҳти назорат ва табобати духтурҳо қарор доранд”, гуфт ӯ.

Ин масъули ҷамоат дар робита ба ҳодиса шарҳи бештар надод. Ҳамин тариқ, маълум нест, ки ҷасади марҳум ва фарзандони ӯро кӣ пайдо кардааст ва дар ин вақти ҳамсари марҳум дар куҷо буд.

Зариф Абдураҳимов 38 сола буд, соҳиби 3 фарзанд аст. 

Суҳроб Сатторзода, муовини додситонии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар суҳбат бо “Азия-Плюс” ҳодисаро тасдиқ карда, гуфт, “гиреҳи ҷиноят кушода шуда, тафтишот идома дорад”.

Ӯ ба хотири халал ворид накардан ба рафти тафтишот аз додани иттилои бештар худдорӣ кард.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар кишвар 75 ҳолати куштор ва қасди одамкушӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин рақам нисбат ба соли 2023-ум 18 ҳолат зиёд аст.

ВКД далелҳои афзоиши  куштор ва суиқасд ба ҷони одамонро шарҳ надод. Вале эҳтимол кушторҳои пайидарпайи Конибодом, ки давоми соли гузашта рух доданд, сабаби афзудани ин ҷинояти сангин дар кишвар шудааст. 

Дар пайи ин кушторҳо дар шаҳри Конибодом соли гузашта, 23 узви 7 оила ба таври мармуз кушта шуданд. Додситонии кул дар пайванд ба ин кушторҳо 4 нафарро боздошт карда, тафтишот то ҳол идома дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.