Дар Тоҷикистон зиёда аз 40 ҳолати бемории сӯхтанӣ сабт шудааст

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

То 1 июл дар Тоҷикистон 41 ҳолати гирифторӣ ба бемории сӯхтанӣ (сибирскамя язва) ба қайд гирифта шудааст. Истисно танҳо Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Рашт (ба истиснои Роғун) мебошанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” Наврӯз Ҷаъфаров, муовини сардори Раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои изтирорӣ ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод.

Сӯхтанӣ: хатари мавсимиест, ки аз он бояд огоҳ буд

Авҷи гирифторӣ ба бемории сӯхтанӣ дар Тоҷикистон маъмулан  ба моҳҳои тобистон, бахусус дар давраи хушкшавии алаф рост меояд. Вақте ки ҳайвонот алафи хушкро бо решаҳо ва зарраҳои хоки сироятшуда мехӯранд, метавонанд сироят ёбанд. Ҷаъфаров шарҳ дод, ки минбаъд ин сироят ба одамоне, ки бо коркарди пусти ҳайвонот, пашм ё гӯшт машғуланд, гузашта метавонад.

Ӯ таъкид кард, ки таркибҳои бемории сӯхтанӣ метавонанд то 80 сол дар хок боқӣ монанд. Аммо муайян кардани манбаъҳои дақиқи сироят хеле душвор аст, зеро чорво тез-тез аз як макон ба ҷойи дигар мекӯчад.

“Мушкил сари он аст, ки қассобон на ҳамеша хатари сироятро ба назар мегиранд. Муоинаи чорво пеш аз забҳ (куштан) вазифаи мустақими байторҳо буда, чунин муоина бояд мунтазам, махсусан пеш аз ин амал анҷом дода шавад”, – таъкид дошт намояндаи Вазорати тандурустӣ.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи навъҳои чорвои хонагӣ нисбат ба ин беморӣ осебпазиранд: чорвои калон, бузу гӯсфандон. Одам метавонад тавассути гӯшт ё дигар маҳсулоти ҳайвонот аз ин беморӣ сироят ёбад.

Ҳайвони бемор бояд тибқи меъёрҳои санитарӣ маҳв (кушта) шавад. Ҷаъфаров илова намуд, ки ҳатто агар онро чуқур дар хок гӯр кунанд ҳам, патогенҳо метавонанд аз тарафи калламуш ё дигар ҳайвонот дубора ба рӯи замин бароварда шаванд.

Хабари хуб он аст, ки ин беморӣ муолиҷашаванда буда, тайи ду соли охир дар кишвар ягон ҳолати марг аз ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст.

“Вазъият таҳти назорати мақомоти масъул қарор дорад, аз ҷумла Кумитаи амнияти озуқаворӣ, – иброз дошт мутахассис. – Муҳимаш муоинаи ҳатмии ҳайвонот ва ваксиназании ҳарсолаи онҳост”.

Омори гирифторӣ ба бемории сӯхтанӣ:

Соли 2023 — 80 ҳолат

Соли 2024 — 102 ҳолат

Соли 2025 (то 1 июл) — 41 ҳолат.

Бемории сӯхтанӣ чист?

Ин як бемории вазнини сироятист, ки бо таъсири бактерияҳои Bacillus anthracis хуруҷ мекунад. Одатан ин бактерияҳо дар хок зиндагӣ дошта, ҳам ҳайвоноти хонагӣ ва ҳам ваҳширо сироят мекунанд. Дар инсон беморӣ метавонад дар се шакл зуҳур ёбад: дар пӯст, меъдаю рӯда ва шуш. Ин беморӣ аз инсон ба инсон намегузарад.

Сироят тариқи воситаҳои зерин сурат мегирад: тамос (алоқа) бо ҳайвони бемор ё маводи ихроҷоти он, истеъмоли гӯште, ки коркарди кофии гармиро нагузаронидааст.

Донистан муҳим аст, ки ҳатто гӯшти ҷӯшондашуда дар ҳарорати 100 дараҷа метавонад хатарнок бошад. Гӯшт танҳо вақте бехатар ҳисобида мешавад, ки хуб бирён шуда, дарунаш комилан пухта бошад ва маркази гӯшт ранги гулобӣ надошта бошад.

Чӣ гуна сӯхтаниро муайян кардан имкон дорад?

Шакли маъмултарини ин беморӣ дар инсон — шакли он дар пӯст аст. Аломатҳо: пайдоиши хориш; варам ё ҳубобчаҳо дар пӯст; зуд ба вуҷуд омадани захми дардноке бо маркази сиёҳ, ки бештар рӯй, гардан ва дастҳо осеб мебинанд.

Чӣ гуна метавон худро эмин нигоҳ дошт?

Гӯштро танҳо дар ҷойҳои санҷидашуда: мағозаву бозор бо назорати байторӣ, ки дар онҳо маҳсулот аз ташхиси беҳдоштӣ (санитарӣ) мегузарад, харидорӣ кунед.

Гӯштро аз даст, мошинҳо ва гӯшаву канораҳои роҳ нахаред, зеро чунин маҳсулот метавонад барои ҳаёт хатарнок бошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...