Ҳуҷуми малахҳо ба Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ

Малахҳо бори дигар ба бахши кишоварзии Осиёи Марказӣ хавфу хатар эҷод мекунанд: дар соли 2025 се намуди хатарноки ҳашароти зараррасон – малахҳои марокашӣ, итолиёӣ ва муҳоҷири осиёӣ ба таври густурда паҳн шудаанд. Минтақа зери таҳдиди се навъи ҳашароти зараррасон Бахши кишоварзии Осиёи Марказӣ ба таҳдиди бузурге дучор аст, ки аз ҷониби се навъи ҳашароти зараррасон […]

Сайфиддин Караев, Asia-Plus

Малахҳо бори дигар ба бахши кишоварзии Осиёи Марказӣ хавфу хатар эҷод мекунанд: дар соли 2025 се намуди хатарноки ҳашароти зараррасон – малахҳои марокашӣ, итолиёӣ ва муҳоҷири осиёӣ ба таври густурда паҳн шудаанд.

Минтақа зери таҳдиди се навъи ҳашароти зараррасон

Бахши кишоварзии Осиёи Марказӣ ба таҳдиди бузурге дучор аст, ки аз ҷониби се навъи ҳашароти зараррасон – малахҳо эҷод мешавад: пруси итолиёӣ (Calliptamus italicus, CIT), малахи мароккашӣ (Dociostaurus maroccanus, DMA) ва малахи муҳоҷири осиёӣ (Locusta migratoria, LMI). Ин ҳашароти зараррасон ҳамаи қисмҳои рӯизаминии растаниҳо – аз барг то навдаро хӯрда, пас аз худ майдони холӣ боқӣ мегузоранд.

Бахусус ҷанбаи фаромарзии он нигаронкунанда аст, зеро манбаъҳои малах ба ҳудуди як кишвар маҳдуд нашуда, муҳоҷирати онҳо миёни давлатҳо сурат мегирад, ки ҳамоҳангсозии чорабиниҳои байналмилалиро тақозо мекунад.

Хуруҷ аз гармии ғайримуқаррарӣ ва хушксолӣ

Чораҳои мубориза бо малахҳо дар соли 2025 дар Осиёи Марказӣ ба сатҳи бесобиқа расиданд. Дар моҳи апрел 614 ҳазор гектар замин (80% зиёдтар аз соли гузашта) ва дар моҳи май – беш аз 1,6 млн гектар (+53% нисбат ба моҳи майи соли 2024) коркард шуд.

Ин афзоиш мустақиман ба шароити ғайримуқаррарии обуҳаво марбут аст: ҳарорати ҳаво дар Туркманистон ва Афғонистон то 44°C расида, боришот хеле кам ва намнокӣ хеле паст буд. Ин гуна шароит ба афзоиши босуръати малахҳо мусоидат мекунад. Илова бар ин, дар пасманзари тағйирёбии иқлим ва камии боришот, давраҳои рушди ҳашароти зараррасон тезтар шудаанд, ки ин ҳолат махсусан дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба таври возеҳ эҳсос мешавад.

Манбаъҳои малах дар Осиёи Марказӣ

Манбаъҳои сирояти малах дар Тоҷикистон асосан дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд, инчунин дар Ноҳияҳои тобеи марказ ба қайд гирифта шудаанд. Ҳамагӣ дар моҳи апрел беш аз 54 ҳазор гектар ва дар моҳи май тақрибан 51 ҳазор гектар замин коркард шуда, дар мубориза аз трактору дорупошакҳои дастӣ ва мошинӣ, инчунин биопестисидҳо истифода шудааст.

Дар Қазоқистон аз аввали сол беш аз 921 ҳазор гектар замин коркард шудааст. Ин рақам 90% бештар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад.

Дар Ӯзбекистон беш аз 397 ҳазор гектар замин коркард шуда, бар зидди ҳашароти зараррасон паҳподҳо (ҳавопаймоҳои бесарнишин ё худ дронҳо) ва зиёда аз 500 адад техникаи заминӣ истифода мешаванд.

Дар Туркманистон  заминҳои коркардшуда 160% бештар нисбат ба соли 2024 мебошанд. Дар Афғонистон беш аз 41 ҳазор гектар замин коркард шудааст, ки 2,3% зиёдтар нисбат ба соли гузашта аст.

Дар Қирғизистон хуруҷи малах бори аввал дар 15–20 соли охир ба мушоҳида расида, 67 ҳазор гектар замин коркард шудааст, ки 68% бештар аз соли 2024 мебошад.

Посухи Тоҷикистон ба таҳдид

Дар вилояти Хатлон аз моҳи март коркарди фаъол оғоз гардида, аз трактору дорупошакҳо ва паҳподҳо истифода мешавад. Ҳам маводи кимиёвӣ ва ҳам биологӣ ба кор бурда мешаванд. Ситоди вилоятӣ ноҳияҳоро бо техника, сӯзишворӣ ва воситаҳои муҳофизатӣ таъмин мекунад.

Дар вилояти Суғд коркарди тақрибан 30 ҳазор гектар ба нақша гирифта шудааст. Минтақаҳои асосӣ ноҳияҳои Деваштич, Спитамен, Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафуров ва Зафаробод мебошанд. Дар ин кор 285 адад техника ва 293 мутахассис ҷалб гардида, трактор ва дорупошакҳои дастӣ истифода мешаванд.

Ноҳияҳои тобеи марказ ва дигар ноҳияҳо ба амалиёти муштарак бо Ӯзбекистон ва Афғонистон ҷалб шудаанд. Системаи ASDC (системаи худкори ҷамъоварии маълумот) истифода шуда, маълумот мунтазам байни кишварҳо мубодила мешавад. Коркард ҳам бо маводи кимиёвӣ ва ҳам биологӣ анҷом дода мешавад.

Шарикии минтақавӣ дар амал

Соли 2025 кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳамкориҳо тақвият бахшиданд. Тоҷикистон ва Афғонистон якҷо беш аз 5 ҳазор гектар заминро дар ҳар ду тарафи марз таҳқиқ карда, паҳншавии малахро пеш аз убур (гузаштан) боздоштанд. Дар моҳи апрел Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 90 ҳазор гектар минтақаҳои марзиро тафтиш ва коркардро оғоз намуданд.

Мутахассисон аз Туркманистон ба вилояти Хатлон ва Ноҳияҳои тобеи марказ омада, дронҳо, техникаи дорупошӣ ва усулҳои ҳамкориро омӯхтанд. Масъалаи бехатарии экологӣ аз истифодаи пестисидҳо ва беҳтар намудани самаранокии мониторинг низ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Кӯмак аз ҷониби ФАО ва JICA расонида мешавад, аз ҷумла дар шакли дастгоҳҳои биологӣ, таҷҳизот ва барномаҳои омодасозии мутахассисон.

Занҷираҳои заифи мубориза бо малах

Сарфи назар аз кӯшишҳои зиёд, мубориза бо малах бо як қатор душвориҳо рӯбарӯ мешавад. Норасоии маводи кимиёвӣ ва техника, махсусан дар минтақаҳои дурдасту душворгузар ва кӯҳӣ, вокуниши саривақтиро душвор мегардонад. Шароити обуҳаво ба афзоиши босуръати ҳашароти зараррасон мусоидат мекунад. Ва бо вуҷуди омодагии ҳамасола, хуруҷи малах такрор мешавад.

Муттахассисон огоҳ мекунанд, ки бидуни сармоягузории иловагӣ ва тавсеаи барномаҳои мубориза, зарар ба бахши кишоварзии минтақа танҳо зиёдтар хоҳад шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.