Модар бо корд фарзандонашро захмӣ кард? Вазъи саломатии як кӯдак вахим ва дуи дигар пагоҳ аз беморхона рухсат мешаванд

Asia-Plus

Аз се кӯдаке, ки гуфта мешавад, аз сӯи модарашон дар ноҳияи Қубодиён бо корд захмӣ шуда, дар беморхонаи ноҳияи Шаҳритус бистарӣ шудаанд, вазъи дуи онҳо беҳ буда, пагоҳ рухсат мешаванд, вале вазъи саломатии яке аз онҳо вахим боқӣ мемонад.

Дар ин бора аз Раёсати тандурустии вилояти Хатлон  ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Як масъули ҳукумати ноҳияи Қубодиён дар суҳбат бо “Азия-Плюс” тасдиқ кард, ки як зан аз деҳаи Қизилнишон се кӯдакашро бо корд захмӣ кардааст, вале сабаби ҳодисаро нагуфт.

“Ҳодиса дар хонаи хоби кӯдакон рух додааст. Яке аз кӯдакон аз дасти модар сӯи дар гурехта бобояшро садо карда, баъдан аз ҳуш рафтааст. Аъзои дигари хонавода, ки ҳудуди 10-12 нафар буданд, аз ҳодиса хабардор шуда, якҷо бо ҳамсоя кӯдаконро зуд ба беморхона бурдаанд”, – гуфт манбаъи мо.

Як манбаъи дигари “Азия-Плюс”  гуфт, зан баъди захмӣ кардани кӯдакон мехост худро ҳам корд занад, аммо дасташ хато рафта, каме осеб дид.

Сабаби ба чунин кор даст задани ин зан маълум нест.

Вале аз ҳукумати ноҳияи Қубодиён гуфтанд, дар вақти ҳодиса падари кӯдакон дар хона набуд ва “ягон моҷарои оилавӣ низ байни онҳо вуҷуд надошт”.

Аз Раёсати ВКД дар  вилояти Хатлон аз шарҳи ин ҳодиса худдорӣ карданд. Онҳо гуфтанд,  ки дар ин бора маълумот надоранд, чунки тафтишотро додситонии вилоят пеш мебарад. Кӯшишҳои “Азия-Плюс” барои тамос бо додситонии вилоят ва дастрас кардани шарҳи бештар бесамар анҷомид.

Аз Раёсати тандурустии вилоят гуфтанд, ҳоло кӯдакон дар беморхонаи ноҳияи Шаҳритус табобат мегиранд ва ҳоли дуи онҳо, ки яке 5 ва дигари 4-солаанд, беҳтар шуда, эҳтимол пагоҳ аз беморхона рухсат шаванд. Вале вазъи саломатии сеюмӣ, ки духтарҷаи 9-моҳа аст, пас аз ду ҷарроҳӣ то ҳол вахим арзёбӣ мешавад.

Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ навиштааст, ки ҳодиса 21-уми июн дар деҳаи Қизилнишони ноҳияи Қубодиён рух додааст ва ин зан Юлдуз Бозороваи 24-сола мебошад.

Ин расона гуфтааст, ки зан аввал тифли худ дар гаҳвора ва баъдан, ду кӯдаки дигарашро дар рахти хобашон бо корд захмӣ кардааст.

Аз ҳукумати ноҳияи Қубодиён гуфтанд, ки ҳоло зан дар боздошт аст. Маълум нест, ки бар зидди ӯ парванда боз шудааст ё не.

Навори бо корд захмӣ шудани чанд кӯдак чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд ва боиси вокуниши тунди корбарон гардид. Аксаран талаб доштанд, ки ҳодиса таҳқиқ шавад.

Ин ҳаводис дар ҳоле баҳсбарангез шуд, ки чанд рӯз пеш ҳодисаи ба дарё андохтани чаҳор кӯдак аз сӯи модарашон дар ноҳияи Фархор расонаӣ ва боиси баҳси тунд дар ҷомеа шуд.

КҲФ ҳодисаро тасдиқ карда, гуфт, ки сабаби ҳодиса “баҳси дузанагӣ” аст. Вале дертар, шавҳари ин зан дар суҳбат бо “Азия-Плюс” ин фарзияро рад карда, “бемори рӯҳӣ” будани ин модарро сабаби фоҷеа муаррифӣ кард. Ин фарзияро падари зан ҳам тасдиқ намуд.

Тафсилоти ҳодиса ва суҳбати шавҳару падари мадина Ҳалимоваро дар маводи “Бемори рӯҳӣ ё қасос барои зани дуюм? Суҳбат бо шавҳару падари зане, ки чор фарзандашро ба дарё андохт” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...