Ҷузъиёти ба дарё партофтани 4 кӯдак аз сӯи модар дар Фархор

Дар Фархор як зани 27-сола худ ва 4 фарзанди ноболиғашро ба дарёи Сурхоб партофтааст. Мақомот мегӯянд, сабаби ҳодиса моҷарои оилавӣ будааст. Аз Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ дар минтақаи Кӯлоб ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ҳодиса шаби 29 ба 30-юми июн, байни соатҳои 00:00 ва 01:00 рух додааст. Манбаъ, аз ин зан Мадина Ҳалимоваи 27-сола, […]

Asia-Plus

Дар Фархор як зани 27-сола худ ва 4 фарзанди ноболиғашро ба дарёи Сурхоб партофтааст. Мақомот мегӯянд, сабаби ҳодиса моҷарои оилавӣ будааст.

Аз Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ дар минтақаи Кӯлоб ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ҳодиса шаби 29 ба 30-юми июн, байни соатҳои 00:00 ва 01:00 рух додааст.

Манбаъ, аз ин зан Мадина Ҳалимоваи 27-сола, сокини деҳаи Сафарови ҷамоати деҳоти Хутани ноҳияи Фархор ном бурда гуфт, “зан баъди он, ки аз зани дигар гирифтани шавҳараш огоҳ мешавад, бо мақсади қасд гирифтан, шабона худ ва кӯдаконашро ба дарё меандозад".

Аз чаҳор кӯдак, се тани онҳо духтар ва яке писар буда, калонии онҳо панҷсола ва аз ҳама хурдӣ ҳамагӣ чандмоҳа будаанд. Онҳо Латофат, Зайнаб, Ёсамин, ва Муҳаммад ном доштаанд.

Аз ин ниҳод гуфтанд, ин зан аввал ду кӯдак ва баъдан ду кӯдаки дигарро бо худ ба дарё партофтааст. Вале худаш каме поинтар аз об берун шуда, кӯдаконро об бурдааст.

Манбаъ гуфт, то ҳол ҷасади ду кӯдак пайдо гардида, ҷустуҷӯи ду кӯдаки дигар идома дорад.

Ҳоло ин зан дастгир шуда, барои одамкӯшӣ ё моддаи 104 нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Аз Вазорати корҳои дохилии кишвар низ ҳодисаро тасдиқ карданд, аммо тафсилоти бештар надоданд.

Бояд гуфт, ки рӯзи 30-юми июн дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксу наворҳое паҳн гардид, ки гуфта мешуд, як зан 4 фарзанди худро ба дарё партофтааст. Дар наворҳо дида мешуд, ки масъулини мақомот аз дарё ҷасадҳоро ҷустуҷӯ доранд.

Ин бори аввал нест, ки чунин ҳодиса иттифоқ меафтад. Қаблан низ борҳо занон қасди куштори худ ва кӯдаконашонро карда буданд. Моҳи августи соли 2020 зани 30-солае дар ноҳияи Рашт бо се фарзандаш худро ба дарёи Сурхоб партофта буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.