Таҳсил дар коллеҷҳо як сол кам мешавад. Вакилони парлумон қонуни нави таҳсил дар коллеҷҳоро пазируфтанд

Asia-Plus

Дар Тоҷикистон дар бораи таҳсил дар коллеҷҳо қонуни нав қабул мешавад, ки муҳлати хонишро то 1 сол кам карда, ҳамзамон, мафҳумҳои навро ташреҳ медиҳад. Қонуни 10 сол пеш дар ин самт қабулшуда аз эътибор соқит мегардад.

Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни нав “Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ”-ро 29-уми май мақбул дониста, ба баррасии Маҷлиси намояндагон пешниҳод кард ва онро вакилони палатаи поёнии парлумон рӯзи 25-уми июн қабул карданд.

Лоиҳаи нави қонун аз 7 боб ва 32 модда иборат буда, ҳадафаш навсозӣ, дақиқсозӣ ва мутобиқгардонии меъёрҳои қонунгузорӣ ба талаботи замони муосир ва рушди босуръати бозори меҳнат зикр мешавад.

Ин лоиҳаи нав қонуни аз соли 2015 амалкунандаро аз эътибор соқит менамояд.

 

Лоиҳаи қонун чӣ ҳарфи нав дорад?

Лоиҳаи нав ба ғайр аз тағйироти сохторӣ ва дақиқкунии мафҳумҳо, ки дар Қонуни мавҷуда низ ишораҳо доштанд, як қатор муқаррароти комилан наверо дар бар мегирад, ки барои рушди таҳсилоти миёнаи касбӣ аҳамияти бунёдӣ доранд.

Кӯтоҳ кардани мӯҳлати таҳсил яке аз муҳимтарин навовариҳост, ки дар цонуни амалкунанда ба ин шакл вуҷуд надошт. Лоиҳаи нав муҳлати таҳсилро то 1 сол кам кардааст:

– барои шахсоне, ки таҳсилоти асосӣ (синфи 9) доранд, мӯҳлати таҳсил дар коллеҷҳо аз то 4 сол ба то 3 сол кам карда мешавад.

– барои шахсоне, ки таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11) доранд, мӯҳлати таҳсил аз то 3 сол ба то 2 сол кам карда мешавад.

 

Шаклҳои нави таҳсил – таҳсили дуалӣ

Лоиҳаи нав таҳсили “дуалӣ”-ро ҳамчун шаклҳои расмии таҳсил дар коллеҷҳо муайян кардааст. Ин шакли таҳсил дар қонуни то кунан амалкунанда зикр нашудааст.

Таҳсили дуалӣ (Dual Education) – ин низоми таълим назарияро бо амалия якҷоя мекунад. Донишҷӯён қисми вақтро дар коллеҷҳо ва қисми дигарро дар корхона ё ташкилот мегузаронанд. Ин низом имкон медиҳад, ки донишҷӯён аз оғоз таҳсил дар амалия ва раванди кор бошанд.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон 65 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолият мекунад, ки дар онҳо аз рӯйи 14 самт аз ҷумла техника ва технология, нақлиёт, энергетика, меъморӣ ва сохтмон, кишоварзӣ ва ғайра мутахассис омода мешаванд. Ҳамчунин 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рӯйи 10 самт аз ҷумла омӯзгорӣ, тиббӣ, фарҳанг, кишоварзӣ, иқтисодӣ, технологӣ, техникӣ, ҳуқуқ кадр омода мешаванд.

Соли 2023-юм дар Тоҷикистон Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди ҳукумати ҷумҳурӣ таъсис гардида, назорат ва идораи литсею коллеҷҳо, ки қаблан ба души Вазорати маориф ва илм буд ва дӯши ин ниҳоди нав гузашт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...