То ҳол ду тифли дигари Мадина Ҳалимова дар дарёи Сурхоб пайдо нашудаанд

Бо гузашти панҷ рӯз аз ҳодисаи ба дарё андохтани чаҳор кӯдак дар ноҳияи Фархор, ҳанӯз ду кӯдаки дигар пайдо нашудаанд. Мақомот гуфтанд, “Мадина Ҳалимова бо чаҳор тифлаш худро ба дарё партофта, поинтар худаш аз об берун шуд, вале кӯдаконро об бурд”. Аз Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи минтақаи Кӯлоб имрӯз, 4-уми июл ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ҷустуҷӯйи ду […]

Asia-Plus

Бо гузашти панҷ рӯз аз ҳодисаи ба дарё андохтани чаҳор кӯдак дар ноҳияи Фархор, ҳанӯз ду кӯдаки дигар пайдо нашудаанд. Мақомот гуфтанд, “Мадина Ҳалимова бо чаҳор тифлаш худро ба дарё партофта, поинтар худаш аз об берун шуд, вале кӯдаконро об бурд”.

Аз Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи минтақаи Кӯлоб имрӯз, 4-уми июл ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ҷустуҷӯйи ду тифли дигар- Латофати 5-сола ва Ёсамини 2-сола то ҳол идома дорад.

Қаблан, мақомот дар бораи дарёфти ҷасади Зайнаби 3-сола ва Муҳаммади 2-моҳа иттилоъ дода буданд.

Худи ҳодиса шаби 29 ба 30-юми июн байни соатҳои 00:00 ва 01:00 рух дода, аз чор кӯдак калонии онҳо панҷсола ва аз ҳама хурдӣ ҳамагӣ думоҳа буданд.

Аз Раёсати КҲФ дар минтақаи Кӯлоб гуфтанд, то ҳол 60 километри дарозии дарё аз ҷойи ҳодиса ҷустуҷӯ шуда, кӯдакон пайдо нагардидаанд ва ҳоло кофтуков дар дарёи Панҷ идома дорад.

Сайфулло Ҳалимов, падари Мадина Ҳалимова низ имрӯз дар як суҳбати кутоҳи телефонӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, ҳанӯз ду набераи дигарашро пайдо накардаанд.

“Кормандони Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи минтақаи Кӯлобу Бохтар ва мардуми маҳалливу пайвандон ҷустуҷӯро дар дарёи Панҷ идома медиҳанд”, – гуфт ӯ.

Ёдовар мешавем, ки нахуст дар бораи ба дарё андохтани чаҳор кӯдак аз сӯйи модар дар ноҳияи Фархор дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълумот пайдо шуд.

Баъдтар КҲФ ҳодисаро тасдиқ карда, гуфт, ки сабаби ҳодиса “баҳси дузанагӣ” аст. Вале дертар, шавҳари ин зан дар суҳбат бо “Азия-Плюс” ин фарзияро рад карда, “бемори рӯҳӣ” будани ин модарро сабаби фоҷеа муаррифӣ кард. Ин фарзияро падари зан ҳам тасдиқ намуд.

Тафсилоти ҳодиса ва суҳбати шавҳару падари мадина Ҳалимоваро дар маводи “Бемори рӯҳӣ ё қасос барои зани дуюм? Суҳбат бо шавҳару падари зане, ки чор фарзандашро ба дарё андохт” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио