Истироҳат дар лаби “Баҳри тоҷик”. Кадом осоишгоҳҳо ҳаст ва бо чӣ шароит?

Asia-Plus

Дар соҳили “Баҳри тоҷик” чандин осоишгоҳ амал мекунад, ки дар онҳо метавон бо аъзои оила ва дур аз гармиву ғавғои шаҳр на танҳо истироҳат кард, балки саломатиро барқарор кард. Онҳо кадом хидматрасониҳоро пешниҳод мекунанд?

 

Осоишгоҳи “Шифо”

Ин осоишгоҳ дар масофаи 6 км аз шаҳри Гулистон дар минтақаи истироҳатӣ, дар соҳили обанбор ҷойгир аст. Бинои сеқабатаи осоишгоҳ барои қабули 100 нафар пешбинӣ шудааст.

Барои табобат ва истироҳат шароити лозим фароҳам аст: пойгоҳи табобатӣ, ошхона, утоқҳои тиббӣ ва толори варзишӣ.

Ҳамчунин барои истироҳаткунандагон чойхона, сауна ва соҳили об муҳаёст. Шабонаҳо дар барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ баргузор мешавад. Утоқҳои муқаррарӣ, “люкс” ва коттеҷҳои 2 ва 4-нафарӣ пешниҳод мегарданд.

Телефон барои сабт: +992 915203220

 

Осоишгоҳи “Баҳористон”

“Баҳористон” низ дар соҳили обанбор ҷойгир буда, бо доштани пойгоҳи муосири табобатӣ меҳмононро дар тамоми фаслҳои сол барои муолиҷа қабул мекунад.

Мухлисони истироҳати фаъол метавонанд дар ин ҷо бо катер ё гидросикл сайр кунанд, моҳидорӣ намоянд, теннис бозӣ кунанд. Шабонаҳо барои меҳмонон саққобозӣ, боулинг ва барномаҳои фарҳангӣ пешбинӣ шудааст.

Барои кӯдакон низ майдонча ва барномаҳои фароғатии махсус ташкил шудааст.

Нархҳо аз рӯйи категорияи утоқ (муқаррарӣ, люкс, VIP, коттеҷ) ва бинои истиқоматӣ фарқ мекунанд:

  • Бинои А: утоқи муқаррарӣ бо се вақт хӯрок — 300 сомонӣ барои як нафар дар як шабонарӯз; утоқи “люкс” — 880 сомонӣ.
  • Бинои асосӣ: утоқи муқаррарӣ — 230 сомонӣ, “люкс” барои як нафар — 470 сомонӣ, барои ду нафар — 705 сомонӣ.
  • Коттеҷҳо: барои то 4 нафар — 1500 сомонӣ; коттеҷи чӯбӣ (VIP) — 5000 сомонӣ.

Телефонҳо барои сабт: +992 928585555 / +992 888808807
Маълумоти муфассал дар бораи нархҳо ва хидматрасониҳо тавассути ин пайванд дастрас аст.

 

Меҳмонхонаи Firuz Plaza

Ин меҳмонхона дар шаҳри Гулистон ҷойгир аст. Бинои муосир бо утоқҳои бароҳат ва тарабхона. Интихоби утоқ зиёд аст.

Нархҳо (барои 1 шабонарӯз):

  • Утоқи дунафарӣ ва якнафарӣ бо айвон ва манзара ба баҳр — 650 сомонӣ.
  • Утоқ бо айвони калон ва манзара ба баҳр — 850 сомонӣ.
  • Апартаментҳо бо хобгоҳи алоҳида, зали калон ва айвони васеъ — 1500 сомонӣ.

Ба нархҳои утоқҳо хӯроки субҳона, ҳавзи шиноварӣ, интернет ва ҷойи истироҳат дохил аст.

Телефон барои сабт: +992 928171111
Маълумоти бештар дар саҳифаи Instagram-и меҳмонхонаи Firuz Plaza дастрас аст.

 

Маҷмааи меҳмонхонавии Бонки миллии Тоҷикистон

Дар маҷмаа се бинои алоҳида вуҷуд доранд, ки хизматрасонии меҳмонхонаӣ пешниҳод мекунанд. Дар маҷмӯъ 60 утоқ бо дараҷаҳои гуногун (2-, 3-, 4-нафарӣ, нимлюкс ва люкс) пешбинӣ шудааст. Ҳамзамон то 120 нафар метавонанд дар маҷмаа истиқомат кунанд.

Шароити иловагӣ: телевизиони моҳвораӣ, интернет, Wi-Fi, гармидиҳии марказӣ.

Меҳмонон метавонанд аз толори конфронс, синфхонаҳои таълимӣ, майдони теннис, майдони футбол ва саққобозӣ истифода баранд.

 

Нархҳо:

  • Утоқи муқаррарии дунафарӣ — 260 сомонӣ (барои як нафар).
  • Нимлюкс — 660 сомонӣ.
  • Люкс — 830 сомонӣ.

Телефонҳо барои тамос: +992 446304592 / +992 929525555
Маълумоти муфассал дар бораи хизматрасониҳо ва нархҳо дар сомонаи расмии маҷмаа ҷой дода шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...