Бонки ҷаҳонӣ: Ҳар як чаҳорумин сокини Тоҷикистон дар фақр зиндагӣ мекунад

Сарфи назар аз коҳиши устувори сатҳи камбизоатӣ, зиёда аз 25%-и аҳолии Тоҷикистон мисли пешин дар сатҳи байналмилалии камбизоатии шадид – бо сарфи камтар аз 30 сомонӣ ё 3 доллар дар як рӯз зидагӣ мекунанд. Дар ин бора дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ “Poverty, Prosperity, and Planet Report 2024” маълумот дода шудааст. Мувофиқи маълумоти оморӣ, соли 2022 сатҳи камбизоатӣ […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Сарфи назар аз коҳиши устувори сатҳи камбизоатӣ, зиёда аз 25%-и аҳолии Тоҷикистон мисли пешин дар сатҳи байналмилалии камбизоатии шадид – бо сарфи камтар аз 30 сомонӣ ё 3 доллар дар як рӯз зидагӣ мекунанд. Дар ин бора дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ “Poverty, Prosperity, and Planet Report 2024” маълумот дода шудааст.

Мувофиқи маълумоти оморӣ, соли 2022 сатҳи камбизоатӣ дар кишвар 26,3% ва соли 2023 -юм 23,5%-ро ташкил дода, 2024 то 21,3% поин рафт. Аммо тибқи меъёрҳои байнулмилалӣ, дар сурати то чунин сатҳ беҳтар шудан ҳам, ҳар як чаҳорумин шаҳрванди кишвар дар ҳолати осебпазир боқӣ мемонад.

Дар ҳамин ҳол, Бонки ҷаҳонӣ инчунин, ҳадди камбизоатиро низ бозбинӣ намуда, онро аз 2,15 доллар то 3 доллар дар як рӯз барои 1 нафар боло бурд. Ҳадди пешина бар асоси баробарии қудрати харидории соли 2017 муқаррар шуда буд.

Тибқи маълумоти охири соли 2023, тақрибан 700 млн нафар дар саросари ҷаҳон дар шароити камбизоатии шадид зиндагӣ мекунанд, яъне бо камтар аз 2,15 доллар дар як рӯз, ки ин 8,5% аҳолии сайёраро ташкил медиҳад.

 

Чаро Тоҷикистон ҳоло ҳам дар минтақаи хавф қарор дорад?

Дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ таъкид мешавад, ки кишварҳое, ки аз интиқоли пули муҳоҷирон ва воридоти маҳсулоту энергия сахт вобастаанд, ба гурӯҳи хавф дохил мешаванд. Тоҷикистон низ дар миёни ин кишварҳост. Иқтисоди кишвар аз таъсирҳои беруна кам муҳофизат шудааст. Сатҳи таваррум баланд боқӣ мондааст. Бисёре аз мардум дар бахши ғайрирасмӣ кор мекунанд, бахусус дар соҳаи кишоварзӣ. Дар баробари ин, низоми дастгирии иҷтимоӣ на ҳамаи ниёзмандонро фаро мегирад.

Ҳамаи ин омилҳо камбизоатиро дар Тоҷикистон на танҳо як рақами оморӣ, балки воқеияти ҳаррӯзаи садҳо нафар мегардонанд. То замоне, ки ҷойҳои кори устувор, ҳифзи даромад ва низоми пойдори дастгирӣ фароҳам нашавад, ба гумон аст, ки вазъият беҳтар шавад.

 

Киҳо дар камбизоатӣ зиндагӣ мекунанд?

Тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, камбизоатӣ дар Тоҷикистон хусусияти возеҳи иҷтимоӣ ва ҷуғрофӣ дорад. Тақрибан 80%-и аҳолии камбизоат дар деҳот зиндагӣ мекунанд, ки дар он ҷо сарчашмаи асосии даромад то ҳол кишоварзии ғайрирасмӣ мебошад.

Ҳудуди 70%-и калонсолон дар ин гурӯҳ таҳсилоти касбӣ надоранд, ки имкониятҳои онҳоро барои раҳоӣ аз ин гурӯҳ маҳдуд мекунад. Бахусус занону кӯдакон, волидайни танҳо ва оилаҳои серфарзанд аз ҷумлаи қишрҳои осебпазир буда, бисёре аз онҳо дар сатҳи пасти худтаъминкунӣ зиндагӣ мекунанд ва ба дастгирии иҷтимоии устувор ниёз доранд.

 

Камбизоатӣ дар Осиёи Марказӣ. Дар куҷо вазъ бадтар аст?

Тибқи пешгӯии Бонки ҷаҳонӣ барои соли 2024, сатҳи баландтарини камбизоатӣ тибқи меъёри миллӣ дар минтақа дар Қирғизистон боқӣ мемонад – 29,8%. Дар Тоҷикистон коҳиш то 21,3% пешбинӣ шуда, аммо тибқи меъёри байналмилалӣ, ки 3,65 доллар дар як рӯз аст, беш аз 25%-и аҳолӣ берун аз ин сатҳ қарор мегиранд.

Дар Ӯзбекистон сарфи назар аз коҳиши камбизоатӣ тибқи маълумоти расмӣ, вазъият мувофиқи меъёрҳои ҷаҳонӣ ҳамоно нигаронкунанда боқӣ мемонад.

Дар Қазоқистон вазъ нисбатан беҳтар аст: сатҳи пешбинишудаи фақр 3,7%-ро ташкил дода, камтар аз 5% аҳолӣ бо маблағи камтар аз 3,65 доллар дар як рӯз зиндагӣ мекунанд.

Туркманистон маълумоти расмӣ пешниҳод намекунад, ки арзёбиро душвор месозад.

 

Иқлим ва камбизоатӣ. Зарбаи дугона ба Осиёи Марказӣ

Осиёи Марказӣ яке аз минтақаҳои бештар осебпазир дар ҷаҳон нисбат ба тағйирёбии иқлим маҳсуб мешавад. Дар давраи солҳои 2000 то 2020 ҳарорат дар ин ҷо ба ҳисоби миёна 1,23°C баланд шуда, масоҳати пиряхҳо 30% коҳиш ёфтааст. Барои Тоҷикистон, ки пиряхҳо сарчашмаи асосии оби нӯшокӣ ба шумор мераванд, ин як таҳдиди ҷиддӣ ба амнияти озуқаворӣ ва суботи соҳаи кишоварзӣ аст.

Бо вуҷуди ин, кишвар аллакай тадбирҳои мутобиқшавиро рӯйи даст гирифтааст. Тавре ки дар гузориш зикр мешавад, «ҷорисозии технологияҳои кишоварзии дақиқ ва беҳтар кардани идоракунии захираҳои обӣ дар Тоҷикистон, ба зиёд шудани ҳосилнокӣ дар минтақаҳои камоб ба коҳиши масрафи об боис гардид».

 

Тавсияҳои Бонки ҷаҳонӣ барои беҳтар кардани вазъ

Бонки ҷаҳонӣ зарурати равиши ҳамгироро барои кишварҳои осебпазириашон баланд, аз ҷумла Тоҷикистон, таъкид мекунад. Барои коҳиши устувори камбизоатӣ ва муқовимат ба чолишҳо, аз ҷумла иқлимӣ, ба кишвар лозим аст, ки рушди иқтисодеро роҳандозӣ намояд, ки ба ниёзҳои қишрҳои камдаромад, инчунин дастгирии хоҷагиҳои хурд ва расмӣ гардонидани шуғл равона шуда бошад.

Сармоягузориҳои бузургмиқёс ба сармояи инсонӣ заруранд: ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва мубориза бо камғизоӣ. Таҷдиди назар дар низоми ҳифзи иҷтимоӣ низ зарур аст, бахусус дар минтақаҳои деҳот ва дурдаст. Ҳамзамон коҳиши вобастагӣ аз манбаъҳои беруна, аз қабили интиқоли маблағ ва воридоти маҳсулоти озуқаворӣ муҳим аст, зеро ин омилҳо иқтисоди кишварро ба зарбаҳои берунии шадид осебпазир мегардонанд.

Дар баробари ин, кишвар бояд инфрасохтори заминавӣ, аз ҷумла роҳҳо, таъминоти об ва дастрасии рақамиро рушд диҳад. Ҳамзамон бояд тадбирҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, аз ҷумла тавассути дастгирии кишоварзии устуворро фаъолона татбиқ кард,

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.