Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 июли соли 2025

ЧОРАБИНИҲОИ 7 ИЮЛ – Дар Тоҷикистон даври асосии имтиҳонсупорӣ барои дохилшавӣ ба макотиби олии Тоҷикистон ҷараён дорад. Ин даври имтиҳонҳо то 9-уми июл идома мекунад. Дар 21 шаҳру навоҳии кишвар 47 нуқтаи имтиҳонсупорӣ ва 2 нуқтаи эҳтиётӣ ташкил шудааст. Бо суроғаи марказҳои имтиҳонсупорӣ дар тамоми кишвар дар ин маводи мо шинос шавед. – Дар шаҳри […]

Asia-Plus

ЧОРАБИНИҲОИ 7 ИЮЛ

– Дар Тоҷикистон даври асосии имтиҳонсупорӣ барои дохилшавӣ ба макотиби олии Тоҷикистон ҷараён дорад. Ин даври имтиҳонҳо то 9-уми июл идома мекунад. Дар 21 шаҳру навоҳии кишвар 47 нуқтаи имтиҳонсупорӣ ва 2 нуқтаи эҳтиётӣ ташкил шудааст. Бо суроғаи марказҳои имтиҳонсупорӣ дар тамоми кишвар дар ин маводи мо шинос шавед.

– Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) байни духтарони то 16-сола имрӯз ҷамъбаст мегардад. Мусобиқа дар “Кохи Олимп” доир мегардад. Дар он дастаҳои духтарона аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ширкат доранд.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 7 ИЮЛ

Соли 2003 – Тоҷикистон ва Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) Созишнома “Дар бораи татбиқи кафолатҳо вобаста ба қарордоди паҳн нашудани силоҳи ҳастаӣ” ва Протоколи иловагӣ ба ин созишномаро ба имзо расониданд.

Соли 2006 – Шоҳзода Эндрю, писари дуввуми маликаи Британия Елизавета II бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад.

Соли 2009 – Додситони олии Тоҷикистон ба қарори Додгоҳи олӣ, ки 31 нафари ба парвандаи Низомхон Ҷӯраев, маъруф ба “парвандаи исфарагиҳо” рабтдоштаро ба  ҳабси дарозмуддат маҳкум карда буд, эътироз баён кард.

Соли 2009 – Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки рушди Осиё барои дастгирии барномаҳои муҳими иҷтимоӣ ба маблағи 40 миллион доллари амрикоӣ созишномаи грантӣ ба имзо расониданд.

Соли 2022 – Дар бораи баргузор кардани Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” дар соли 2023 амри раисҷумури кишвар ба тавсиб расид.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1939 – Мавлуди Неъматҷон Бобоҷонов, ҳуқуқшинос, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор.

Соли 1940 – Зодрӯзи Турдихон Бердиева, шарқшинос ва забоншиноси тоҷик, доктори илмҳои филология, профессор.

Соли 1941 – Зодрӯзи Азиз Ниёзмамадов, дирижёри тоҷик.

Соли 1942 – Мавлуди Гавҳар Мирҷумъаева, раққоса ва балетмейстери тоҷик.

 

Гавҳар Мирҷумъаева, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Тоҷикистони шӯравӣ, дар рушди санъати рақс ва балет саҳми зиёди худро гузоштааст.

Ӯ солҳо ҳамчун раққоса, сарбалетмейстер ва саркоргардони Филармонияи давлатии Тоҷикистон фаъолият карда, як муддат роҳбари бадеии ансамбли рақсии “Фирӯза” буд. Мирҷумъаева рақсҳои тоҷикӣ, чун “Муноҷот”, “Гулъузорам”, “Шодиёна”, “Нағорабазм”, “Бадахшон” ва ғайраро бо маҳорати хоса иҷро менамуд. Ҳамчунин дар чанд филми синамои тоҷик нақш офаридааст.

Гавҳар Мирҷумъаева 15-уми апрели соли равон дар 82-солагӣ даргузашт.

Соли 1948 – Мавлуди Шариф Шукуров, пажӯҳишгари таърихи ҳунари тоҷик.

 

Шариф Шукуров масоили мухталифи ҳунари мардуми Шарқ, хоса форсизабонон, анъанаҳои фарҳангии ин мардум, ҳамбастагии ҳунари шарқу ғарбро таҳқиқ намудааст.

Ӯ хатмкардаи шуъбаи ҳунаршиносии факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Маскав буда, фаъолияташро дар бахши таърихи ҳунари Институти шарқшиносии АИ оғоз кард ва солҳо вазифаҳои гуногунро ба ӯҳда дошт.

Номбурда аз соли 1990 дар шуъбаи фарҳангшиносии муқоисавии Институти шарқшиносии АИ Русия ба ҳайси мудир фаъолиятро оғоз карда, солҳо дар Институти ҳунари Русия, донишкадаю донишгоҳҳои соҳавии мамолики Аврупо аз таърихи фарҳангии Шарқ сабақ додааст.

Соли 1969 – Зодрӯзи Саъди Қосимӣ, фолклоршиноси тоҷик.

Соли 2009 – Озод Аминзода, шоир ва нависандаи тоҷик дар 75-солагӣ даргузашт.

 

Озод Аминзода фарзанди Муҳиддин Аминзода, шоир ва тарҷумони тоҷик ба дунё омада, Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи Киров хатм ва як муддат аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс гуфтааст.

Баъдтар дар рӯзномаи “Ҳақиқати Ленинобод” ба фаъолият пардохт ва аз соли 1987 то давраи ба нафақа баромаданаш раиси шуъбаи суғдии Бунёди фарҳанги Тоҷикистон буд.

Ӯ муллифи китобҳои “Дилбари саҳро”, “Пайроҳаи сабз”, “Сипос”, “Ёди ширин” ва дигар маҷмуаҳо аст.

Соли 2017 – Георгий Кошлаков, арбоби давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар 81-солагӣ даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

7-уми июл соли 1957 дар деҳаи Пагуоши Канада нахустин ҳамоиши байналмилалии олимон оид ба хатари силоҳи ҳастаӣ баргузор гардид. Ин нишаст ҳамчун посух ба озмоиши пурқуввати силоҳи термоядрии ИМА, ки 1 марти соли 1954 анҷом дода шуда буд, баргузор шуд. Ин бомба бо иқтидори тақрибан 1000 маротиба бештар аз бомбаҳои Хиросима ва Нагасаки, радиатсияи шадиди ҳалокатовар тавлид кард.

 

Қурбониёни тасодуфии ин озмоишҳо моҳигирони ҷопонӣ ва сокинони маҳаллӣ буданд, ки ба радиатсияи баланд дучор шуда, бисёрашон фавтиданд.

Ин фоҷиа эътирози олимони маъруф – Бертран Рассел, Алберт Эйнштейн, Фредерик Жолио-Кюри ба миён овард. Дар нишасти Пагуош, ки 7-10 июли соли 1957 баргузор шуд, олимон масъалаи хатари паҳншавии силоҳи ҳастаӣ ва зарурати назорати байналмилалӣ бар силоҳҳоро ба миён гузоштанд. Ин ҳамоиш оғози Ҳаракати Пагуош гардид, ки то имрӯз ҳамчун як шабакаи байналмилалии олимони Шарқу Ғарб дар масъалаҳои халъи силоҳ ва коҳиши танишҳои геосиёсӣ машғул аст.

7-уми июли соли 1891 ширкати маъруфи амрикоии American Express аввалин расиди сафар (чек)-ро ихтироъ карда, ба қайд гирифт. Ин ихтироъ дар пайи мушкиле, ки роҳбари ширкат, ҷаноби Фарго ҳангоми сафар ба Аврупо бо он рӯбарӯ шуда буд, ба миён омад. Ӯ натавонист бо осонӣ аз хидмати пардохти қарзӣ (letter of credit) барои гирифтани пул истифода барад ва баъди бозгашт, ба кормандонаш супориш дод, то роҳи ҳалли мувофиқ пайдо кунанд.

 

Маҳз 7-уми июл, ширкати American Express чекҳои сафарро ҳамчун роҳи эътимодноки интиқоли маблағ ҳангоми сафар пешниҳод кард. Онҳо дар тамоми ҷаҳон шинохта шуданд ва то ба имрӯз ба сифати ҷойивазкунандаи пули нақд дар сафарҳои байналмилалӣ истифода мешаванд. Онҳо ибтидои пайдоиши корти бонкии муосир дониста мешаванд.

7-уми июли соли 1881 дар шаҳри Рими Италия нахустин бор қиссаи машҳури Карло Коллоди – “Пиноккио” дар рӯзномаи “Газета барои кӯдакон” нашр гардид. Коллоди навиштани ин афсонаро ҳанӯз соли 1880 оғоз карда буд ва он хеле зуд миёни хонандагон маҳбубият пайдо кард. Ду сол баъд, яъне соли 1883, китоб ҳамчун асари алоҳида ба табъ расид.

Афсонаи Пиноккио қиссаи лӯхтакест, ки орзуи инсон шуданро дорад. Ин афсона то имрӯз ба 87 забон тарҷума шудааст ва яке аз машҳуртарин асарҳои адабиёти кӯдакон ба ҳисоб меравад.

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 7 ИЮЛИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 20+25º гарм, рӯзона аз 37+42º то 33+38º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12+17º гарм, рӯзона 28+33º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 22+27º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 30+32º гарм, рӯзона 39+44º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 45+47º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 20+25º гарм, рӯзона 35+40º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 21+26º гарм, рӯзона 38+43º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 16+21º гарм, рӯзона 36+41º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 30+32º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 14+19º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 24+26º гарм, рӯзона 31+36º гарм (дар н. Дарвоз то 40+42º гарм), дар шарқи вилоят шабона 6+11º гарм, рӯзона 23+28º гарм, дар баъзе минтақаҳо то 17+19º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 24+26º гарм, рӯзона 39+41º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 22+24º гарм, рӯзона 36+38º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 25+27º гарм, рӯзона 40+42º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 17+19º гарм, рӯзона 33+35º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио