Дар Петербург муҳоҷирон метавонанд таксиронӣ кунанд. Дигар минтақаҳо ҳам қарори манъи кор барои муҳоҷиронро бознигарӣ мекунанд

Таҳияи Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Ҳукумати шаҳри Санкт-Петербурги Русия қарори қаблан эълоншуда дар бораи манъи кори муҳоҷиронро дар соҳаи таксӣ ва боррасонӣ (курйер)-ро бозбинӣ намуда, зараровар будани ин тарҳро эътироф кардаанд.

Сабаби ин тасмим норасоии шадиди ронандагон дар шаҳр гуфта мешавад.

Бино ба арзёбии коршиносон, манъи пурра метавонист ба болоравии нархҳо ба хидматрасониҳо дар Санкт-Петербург ва душвор шудани дастрасӣ ба дарёфти онҳо оварда расонад.

 

Бе муҳоҷирон намешавад

Ба гуфтаи Алексей Сивилёв, раиси Комиссия оид ба нақлиёти Маҷлиси қонунгузории ин шаҳр, аз 65 ҳазор таксӣ 34 ҳазор тои он ғайриқонунӣ – бе сабти ном, пардохти андоз ва гирифтани патент кор мекунанд.

Мақомот тасмим гирифтаанд, ки ба ҷои манъи таксиронӣ ба муҳоҷирон кирокашҳои ғайриқонуниро ба тартиб дароранд.

Ҳамчунин, ба муҳоҷирон боррасонӣ ё курйериро низ иҷоза доданд. Вале барои худрав (самокат) ва дучархаҳо (велосипедҳо) маҳдудият ҷорӣ шудааст. Ҳамчунин, ҳаракат дар баъзе кӯчаҳо манъ шудааст.

Дар вилояти Ленинград манъи кор барои муҳоҷирон танҳо дар такси боқӣ мемонад. Дар бахшҳои боқимонда ба муҳоҷирон кор иҷоза шудааст.

Волӣ (губернатор)-и минтақа Александр Дрозденко эътироф кардааст, ки ин минтақа бе муҳоҷирон наметавонад корашро пеш барад, бахусус дар бахшҳои сохтмон ва логистика.

 

Краснодар. Ба муҳоҷирон кор дар сохтмон иҷозат аст

Мувофиқи қарори Вениамин Кондратев, волии вилояти Краснодар аз 25 июни соли 2025, кор барои муҳоҷирон дар сохтмон то 20 декабри соли 2025 иҷозат аст.

Дар аввал, барои шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳама гуна сохтмонҳо маҳдудият гузошта шуда буд, вале дар таҳрири нав бархе маҳдудиятҳо бардошта шуд.

То охири соли 2025 муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд дар сохтмони манзили иҷтимоӣ, татбиқи лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ, инчунин дар иншооти соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳангу варзиш ва хидматрасонии иҷтимоӣ қонунӣ кор кунанд.

 

Дар кадом соҳаҳо кор барои муҳоҷирон манъ аст?

Маҳдудияти кор барои муҳоҷирон бештар дар соҳаҳои марбут ба амният, дастрасӣ ба маълумоти махфӣ ва бахшҳои ба қавле масъулиятнок ба назар мерасад.

Ҳамчунин, ба муҳоҷирон маъмулан кор дар соҳаи тандурустӣ, бахусус вазифаҳои марбут ба муолиҷа ва нигоҳубин, инчунин бахши маориф, ки ба таълим ва кор бо кӯдакон алоқаманда аст, манъ карда шудааст.

Манъи кор дар соҳаи нақлиёти мусофирбар бо шумули таксӣ ва автобус, муҳофизату посбонӣ ва сохторҳои қудратӣ, инчунин бахшҳои марбут ба сирри давлатӣ, истихроҷи канданиҳои фоиданок ва савдо машрубот (алкогол) амал мекунад.

Ғайр аз ин, дар ҳолатҳои ҷудогона маҳдудият ба кор дар китобхона ва осорхонаҳо амал мекунад, агар дар онҳо дастрасӣ ба фондҳои дохилии давлатӣ ё пойгоҳи маълумот пешбинӣ шуда бошад.

 

Камбуди шадиди қуввваи корӣ

Дар ҳамин ҳол, дар бозори кори Русия норасоии шадиди қувваи корӣ ба мушоҳида мерасад.

Борис Титов, намояндаи махсуси президенти Русия оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои соҳибкорон чанде пеш изҳор намуд, ки талаботи Русия ба муҳоҷирон дарвоқеъ баланд буда, камбуди қувваи корӣ бошад, ба нуқтаи буҳронӣ расидааст.

Ба гуфтаи ӯ, ин мушкилро наметавон танҳо аз ҳисоби баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат ҳаллу фасл кард.

Вазъиятро коҳиши вуруди муҳоҷирон боз ҳам душвортар месозад, зеро дар пасманзари поинравии қурби рубл ва шадид шудани шароити вуруд, ҳиссаи онҳо дар қувваи корӣ то 4% кам шудааст.

Ин қариб ду баробар камтар дар муқоиса бо солҳои 2013-2014 аст, ки он замон муҳоҷирон то 8% аз захираҳои кориро ташкил медоданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз аз соати 11:30 то 16:00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи Ҷопон дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар давоми рӯз дар ошёнаи аввали...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...