Ҷудокорони тоҷик аз мусобиқаи Ҷоми Осиё бо 5 медал бармегарданд

Ҷудокорони тоҷик аз мусобиқаи Ҷоми Осиё миёни наврасону ҷавонон 5 медал, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ ба даст оварданд. Ин мусобиқа аз 3 то 6-уми июл дар шаҳри Алматои Қаазоқистон баргузор гардид ва кишвари моро 37 ҷудокор, 15 нафар миёни наврасон ва 22 кас миёни ҷавонон намояндагӣ карданд. Миёни наврасон ду паҳлавони тоҷик – Лоиқ […]

Asia-Plus

Ҷудокорони тоҷик аз мусобиқаи Ҷоми Осиё миёни наврасону ҷавонон 5 медал, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ ба даст оварданд.

Ин мусобиқа аз 3 то 6-уми июл дар шаҳри Алматои Қаазоқистон баргузор гардид ва кишвари моро 37 ҷудокор, 15 нафар миёни наврасон ва 22 кас миёни ҷавонон намояндагӣ карданд.

Миёни наврасон ду паҳлавони тоҷик – Лоиқ Қутбуддинов дар вазни то 60 кг медали нуқра ва Бобоҷон Шаропов дар вазни то 73 кг медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар рақобатҳо миёни ҷавонон бошад, се ҷудокори мо – Искандар Маҳмадхоҷазода дар вазни то 66 кг соҳиби медали нуқра, Умар Шеров дар вазни то 66 кг ва Бинёмин Назаров дар вазни то 73 кг соҳиби медали биринҷӣ шуданд.

Тибқи иттилои расмӣ, дар Ҷоми Осиё миёни наврасону ҷавонон дар Қазоқистон 459 ҷудокор аз 10 кишвари қора иштирок кардаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.