“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояҳои Антон Чехов. Беҷуръат

Дар нашри навбатии лоиҳаи “Аудиокитоб бо Субҳон Ҷалилов” ҳикояи “Беҷуръат”-и Антон Чехов, нависанда ва драматурги машҳури рус дар тарҷумаи Обиди Шакурзода, адабиётшиноси шинохтаи тоҷик манзури ҳаводорони китоб гардонида мешавад. Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин […]

Asia-Plus

Дар нашри навбатии лоиҳаи “Аудиокитоб бо Субҳон Ҷалилов” ҳикояи “Беҷуръат”-и Антон Чехов, нависанда ва драматурги машҳури рус дар тарҷумаи Обиди Шакурзода, адабиётшиноси шинохтаи тоҷик манзури ҳаводорони китоб гардонида мешавад.

Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ ва “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддинро дар шакли савти манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани ҳикояҳои Антон Чехов дар тарҷумаи Обиди Шакурзода оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ ва “Телеграм”-и радиои “Азия-Плюс” метавонед, гӯш кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.