Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 июл соли 2025

Date:

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 20 ИЮЛ

Соли 2010 – Пахтаи Тоҷикистон ба “рӯйхати сиёҳ”-и Амрико шомил гардид.

Соли 2013 – Дар ноҳияи Шаҳринав корхонаи “Капитал”, ки ба коркарди нафт ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр ихтисос дода шудааст, мавриди истифода қарор гирифт.

Соли 2024 –  Раиси ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон иваз шуд. Ғиёсиддин Ашӯрзода ба ҷойи Рустам Қудратов, ки аз соли 2019 роҳбари ин ҳизб буд, раис интихоб гардид.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1936 – Мавлуди Хуршеди Алидод, овозхон ва навозандаи тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Хуршеди Алидод

Хуршеди Алидод аз тоҷикони Афғонистон аст ва дар соли 1958, замоне ки 20 сол дошт, тарки зодгоҳ карда, барои ҳамеша Тоҷикистонро ватан ихтиёр намуд.

Дар Тоҷикистон дар оғоз ӯро зиндонӣ карданд, аммо баъдан чун ҳунарманд шинохтанду эҳтиром қоил шуданд. Хуршеди Алидод нақл кард, ки ӯро як муддат бо гуноҳи убури ғайриқонунии марз ба зиндон андохтанд.

Дере нагузашта ӯ маҳбубу писанди мардум гашт. Маҳбубияташро ба он марбут медонист, ки ба қавли худаш, таронаҳои дили мардумро мехонд ва сурудҳоро бо чанд забон, аз ҷумла ҳиндиву русӣ ва ӯзбекӣ иҷро мекард.

Ӯ 19-уми майи соли 2020 дар 84-солагӣ аз бемории сактаи дил даргузашт.

Соли 1945 – Зодрӯзи Ҳамидҷон Абдуллоев, доктори илмҳои биология, профессори тоҷик.

Соли 1953 – Мавлуди Аҳмадҷони Раҳматзод, Шоири халқии Тоҷикистон.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Аҳмадҷони Раҳматзод

Аҳматҷони Раҳматзод аз соли 2002 раиси шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Ӯ соли 1953 дар ноҳияи Ҷалолиддин Румӣ ба дунё омад ва хонаводааш ҳамон сол ба Хуҷанд баргаштанд. Мавсуф баъди хатми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Ленинобод як муддат омӯзгорӣ карда, баъдан ба рӯзномаи “Ҳақиқати Ленинобод” ба кор омад.

Соли 1991 раиси Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ дар вилояти Ленинобод интихоб шуда, соли 2002 раиси шуъбаи Суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон таъин гардид.

Ашъори ӯ дар китобҳои “Баҳори хаёл”, “Шукуфасанг”, “Ашки мармар”, “Номаи сарво”, “Талху ширин” ва дигар маҷмуаҳо интишор шудаанд.

Соли 1953 – Зодрӯзи Хушдили Абдулғафур, шоири тоҷик.

Соли 1954 – Зодрӯзи Баҳодур Неъматов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Баҳодур Неъматов

Баҳодур Неъматов хатмкардаи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон буда, фаъолияти худро соли 1977 дар ансамбли эстрадии “Гулшан” оғоз кардааст. Ӯ аз январи соли 2001 то апрели 2003 роҳбарии ин ансамблро ба уҳда дошт ва як муддат ба ҳайси омӯзгори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов фаъолият кардааст.

Баҳодур Неъматов овозхони соҳибистеъдод ва бомаҳорати эстрадаи тоҷик аст ва дар инкишофи ин навъи ҳунар хидмати пурарзише кардааст. Ӯ беш аз 100 суруд эҷод кардааст, ки аксарият дар байни халқ маҳбуб гардидаанд. Таронаҳои “Эй Ватан”, “Боз ошиқ шавам”, “Шаб ба хайр”, “Майда -майда мерақсӣ”, “Ҷононаке”, “Бути нозанин”, “Гулро намефӯшанд”, “Ишқи дерин”, ки бо сабку равиши нотакрор садо медиҳанд, аз зумраи сурудаҳои беҳтарини ӯянд.

Чанде пеш ба муносибати 50-солагии фаъолияти ҳунарии ин овозхони маъруфи тоҷик дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон шаби эҷодии Баҳодур Неъматов баргузор шуд. Гузориши Азия-Плюсро дар матлаби “Дар 50 сол кори 150 солро кард”. Шаби эҷодии Баҳодур Неъматов дар Душанбе чӣ гуна гузашт? мутолиа кунед.

Соли 1956 – Мавлуди Пайванд Гулмуродзода, муҳаққиқи варзидаи публитсистика ва устоди факултети журналистикаи ДМТ.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Пайванд Гулмуродзода

Пайванди Гулмуродзода, пажӯҳишгар, публитсист ва рӯзноманигори варзидаи тоҷик буда, дар охири асри гузашта ва аввали асри нав бо таҳқиқоти илмиву публистистиаш дар илму адаб нақши мондагор гузошт ва ба қавли ҳампешагонаш, дар рушди худшиносии миллӣ ва ҳувиятсозии тоҷикон ҳам саҳми боризи худро гузошт.

Ӯ баъди хатми факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар саридораи ахбори радиои Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ба сифати муҳаррир кор кард ва аз соли 1980 то охири умр ба ҳайси аспирант, муаллими калон, дотсент, докторант дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият дошт.

Аз соли 1992 то соли 1996 муовини декани факултети журналистика ва солҳои 1996-2001, 2005-2006 декани факултети журналистикаи ДМТ буд.

Пайванди Гулмуродзода муҳаққиқи варзидаи публитсистикаи ибтидои садаи 20-и тоҷик мебошад. Дар пажӯҳишҳояш масъалаҳои мактабу маориф, фарҳангу адаб, худшиносиву худогоҳии миллӣ ҷойгоҳи хоса доранд. Вай муаллифи зиёда аз 110 мақолаи илмӣ, 220 очерку мақолаҳои публисистӣ, чандин дастуру воситаҳои таълимӣ аст.

Ӯ шаби 7 ба 8-уми апрели соли 2013 дар синни 56-солагӣ бар асари бемории сактаи қалб даргузашт.

Дар бораи Пайванди худшинос, пажӯҳишгар, ходими илм ва муҳаққиқи матбуот дар матлаби “Пайванде миёни худшиносон буд”. Ёде аз публистисти шинохта Пайванди Гулмуродзода мутолиа кунед.

Соли 1959 – Зодрӯзи Дилбар Сулаймонова, овозхони маъруфи тоҷик.

Соли 1972 – Мавлуди Эмомалӣ Собирзода, Вазири мудофиаи Тоҷикистон.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Эмомалӣ Собирзода

Эмомалӣ Собирзода дар шаҳри Ваҳдат ба дунё омада, Академияи умумиқушунии Қувваҳои Мусаллаҳи Русияро хатм кардааст.

Ӯ фаъолияти ҳарбӣ-низомии худро ба унвони командир аз соли 1992 оғоз карда, дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар қисмҳои низомӣ хидмат кардааст. Ӯ солҳо сардори ситодҳои гуногун буд.

Моҳи феврали соли 2010 ба вазифаи фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди Тоҷикистон таъин шуда, панҷ сол дар ин вазифа фаъолият кард. Аз ин пештар сардори ситод-муовини аввали Фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Тоҷикистон буд.

24-уми ноябри соли 2015 Эмомалӣ Собирзода муовини якуми вазири мудофиа сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон таъин гардид.

Ӯ давоми даҳ сол дар ин вазифа фаъолият кард.

Эмомалӣ Собирзода 23-юми январ вазири нави мудофиаи Тоҷикистон таъин шуд.

Соли 1998 – Зодрӯзи Фаррух Ҳасанов, овозхони тоҷик.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Фаррух Ҳасанов

Фаррух Ҳасанов соли 1998 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Номи ӯ ҳамчун овозхон бори аввал дар пайи роҳ ёфтанаш ба финали озмуни “Central Asia Got Talent” маъруф шуд. Фаррух бо иҷрои сурудҳои “Утром”, “Шейла”, “Лейли” ба забони русӣ ва таронаҳои тоҷикиаш “Резаборон”, “Телефон” ва “Модар” ба дили тамошобин роҳ ёфт.

Фаррух Ҳасанов соли 2023 дар озмуни овозхонии “Ну-ка, все вместе!” дар шабакаи телевизионии “Россия-1” ғолиби мутлақ гардид.

Ин овозхони ҷавони тоҷик бо касби 98 овоз аз баҳои 100 узви доварон дар мавсими панҷуми озмуни овозхонии “Ну-ка, все вместе!” ғалаба ба даст овард ва 5 миллион рубл ҷоизаи асосии ин озмунро гирифт.

Соли 2021 – Абдусалом Қурбониён, собиқ Вазири молияи Тоҷикистон дар синни 62 аз олам даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Аз соли 1966 ҳамасола 20-уми июл ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии шоҳмот таҷлил мегардад. Ин сана ба таъсиси Федератсияи байналмилалии шоҳмот дар ҳамин рӯзи соли 1924 бахшида шудааст. “Шоҳмот” калимаи форсӣ аст. Гуфта мешавад, ки ин бозии зеҳнӣ дар Ҳиндустон дар асри V пайдо шуда буд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Шоҳмот бозиест, ки тахтааш дорои 64 “хонача” буда, дар он ду нафар иштирок мекунанд, ки ҳар кадом 16 дона доранд. Ҳадафи бозӣ мот кардани шоҳи ҳариф аст. Шоҳмот ба рушди хотира, тафаккури мантиқӣ ва қобилияти эҷодӣ мусоидат мекунад. Тибқи иттилои ФИДЕ, шоҳмот дар 107 кишвари ҷаҳон ҳамчун навъи расмии варзиш шинохта шудааст.

20-уми июл ҳамчунин Рӯзи байналмилалии торт таҷлил мешавад. Ин рӯз таҳти шиори “I CAKE YOU”, яъне “ман бо торт ба дидорат меоям” ҷашн гирифта мешавад.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

20-уми июли соли 1969 киштии кайҳонии амрикоии “Аполлон-11” аввалин маротиба муваффақона ба рӯи Моҳ нишаст. “Аполлон-11” 16-уми июл ба кайҳон парвоз кард. Сарнишини он аз се нафар иборат буд: фармондеҳ Нил Армстронг, пилоти модули фармондеҳӣ Майкл Коллинз ва пилоти модули моҳӣ Эдвин Олдрин. Пас аз 76 соати парвоз киштӣ ба мадори Моҳ расид.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Аз ҳамон вақт инҷониб, 20-уми июл ҳамчун Рӯзи байналмилалии Моҳ таҷлил мегардад. Ҳадафи ин рӯз ҳавасмандгардонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар омӯзиши Моҳ ва истифодаи осоиштаи фазо аст.

20-уми июли соли 1917 номи тиҷоратии ширкати машҳури BMW расман ба қайд гирифта шуд. Он аз якҷо шудани ду ширкат – Rapp Motorenwerke ва Gustav Otto Flugmaschinenfabrik ташкил ёфт. Дар ибтидо ширкат муҳаррикҳои ҳавопаймо истеҳсол мекард. Баъди Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ, ки истеҳсоли техникаи ҳарбӣ манъ карда шуд, BMW ба истеҳсоли муҳаррикҳо барои мошин, қаиқ ва мотосикл оғоз кард.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Соли 1959 ширкат ба бӯҳрони шадиди молиявӣ дучор шуд ва қарор буд саҳмияҳои он ба ширкати дигар фурӯхта шаванд. Бо талоши саҳҳом Герберт Квандт, BMW наҷот ёфт ва модели нави дастрас – BMW 700 ба истеҳсол баромад.

Дар шаш сол зиёда аз 29 ҳазор мошини ин модел фурӯхта шуд. Имрӯз BMW AG яке аз калонтарин ширкатҳои мошинсозии ҷаҳон ба шумор меравад ва дар феҳристи Forbes (2022) мақоми 64-умро ишғол мекунад.

20-уми июли соли 2006 як иқдоми ҷолиби рамзӣ роҳандозӣ шуд, ки номи он Рӯзи ҷаҳиши умумиҷаҳонӣ буд. Мақсад аз он тағйир додани мадори замин тавассути ҷаҳиши якҷояи 600 миллион нафар аз нимкураи ғарбӣ барои пешгирии гармшавии глобалӣ буд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар сомонае, ки барои қайди иштирокдорон боз шуда буд, 598 миллион нафар сабти ном шуда буданд. Ҷаҳиш бояд соати 11:39 дақиқаи рӯзи 20-уми июл сурат мегирифт. Аммо соати 11:20 сомона аз кор монд ва ҷаҳиши умумӣ сурат нагирифт.

Ба гуфтаи мутахассисон, чунин иқдом ҳатто агар иҷро ҳам мешуд, таъсире намерасонид, зеро барои тағйири мадори Замин зарур буд, ки одамон бо суръати 11,2 км дар як соат ҷаҳанд, ки ғайриимкон аст.

20-уми июли соли 1944 ба Адолф Гитлер сӯиқасд сурат гирифт. Ин ҳодиса қисми асосии “Сӯиқасди генералон” барои сарнагунии ҳукумати фашистӣ буд.

Клаус фон Штауффенберг ном подполковник дар ҷараёни нишасти низомӣ ҷувздони дорои бомбро зери миз гузошт ва бо баҳонаи занг задан, толорро тарк кард. Аммо як афсар ҷувздонро ба ҷойи дигар гузошт ва ин ҷони Гитлерро наҷот дод.

Соати 12:42 таркиш рух дод. Чаҳор нафар ҳалок шуданд ва дигарон, аз ҷумла Гитлер захмӣ гаштанд. Шабона Гитлер тавассути радио сӯиқасдро шарҳ дод ва аз интиқоми шадид гуфт. Ҳамин шаб Штауффенберг ва чанд ҳамроҳи ӯ боздошт ва парронда шуданд. Дар пайи тафтишоти Гестапо зиёда аз 600 нафар боздошт ва тақрибан 200 нафар ба қатл маҳкум гардиданд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 20 ИЮЛИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 21+26º гарм, рӯзона 37+42º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15º гарм, рӯзона 26+31º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 22+27º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 29+31 гарм, рӯзона 40+45º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 20+25º гарм, рӯзона 33+38º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 21+26º гарм, рӯзона 38+43º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 17+22º гарм, рӯзона 30+35º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 38+40º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар ғарби вилоят бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе минтақаҳои шарқии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 18+23º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 25+27º гарм, рӯзона 29+34º гарм дар баъзе ноҳияҳо то 37+39º гарм, дар шарқи вилоят шабона 5+10º гарм, рӯзона 15+20º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 24+26º гарм, рӯзона 39+41º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 24+26º гарм, рӯзона 38+40º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 23+25º гарм, рӯзона 41+43º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 20+22º гарм, рӯзона 31+33º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...