“Дар 50 сол кори 150 солро кард”. Шаби эҷодии Баҳодур Неъматов дар Душанбе чӣ гуна гузашт?

Рӯзи 4-уми июн дар Душанбе шаби эҷодии Баҳодур Неъматов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон баргузор шуд. Ин консерт ба муносибати 50-солагии фаъолияти ҳунарии ин овозхони маъруфи тоҷик дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон баргузор гардид ва санъаткорону мухлисони суруду мусиқиро гирди ҳам овард. Баҳодур Неъматов таронаҳоеро суруд, ки ним аср боз миёни халқ замзама мешавад. Аммо аксари сурудҳои ин […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Рӯзи 4-уми июн дар Душанбе шаби эҷодии Баҳодур Неъматов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон баргузор шуд. Ин консерт ба муносибати 50-солагии фаъолияти ҳунарии ин овозхони маъруфи тоҷик дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон баргузор гардид ва санъаткорону мухлисони суруду мусиқиро гирди ҳам овард.

Баҳодур Неъматов таронаҳоеро суруд, ки ним аср боз миёни халқ замзама мешавад. Аммо аксари сурудҳои ин консерт тоза эҷод шудаанд.

“Замзамаи зиндагӣ” – номи яке аз сурудҳои Баҳодур Неъматов унвони ин барномаи консертӣ буд. Ӯ бо суруди “Хуш омадед” шаби эҷодиашро оғоз кард ва пасон таронаҳои “Маҳраме ҷӯям”, “Тарабангез” ва “Нанги зиндагонӣ”-ро сароид.

Шаби эҷодии Баҳодур Неъматов ҳарчанд таҷлил аз 50 соли фаъолияти ҳунарии ӯ буд, вале ин шаби ҷавонӣ ҳам буд. Худи овозхон таронаҳои “Ҷавониям ҷавонӣ”, “Дунёи ҷавонӣ”, “Ёракон рақсе кунед” ва “Попурии ҷавонӣ”-ро суруду зери оҳанги ӯ ҷавонон ҳам рақсиданд.

Ин барнома наздики се соат давом кард ва бо суруде, ки 50 сол пеш суруда буд – “Шаб ба хайр” ба поён расид.

Муфассал дар навори таҳиякардаи мо бубинед:

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.