Баъд аз 8 сол. Афсари пешини полис барои марги як шаҳрванд 7 сол зиндонӣ ва беш аз 100 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон баъди 8 сол Маҳмадулло Идиев, як афсари пешини полис боздошт ва бо гумони ба марг расонидани як шаҳрванд дар ҳолати боздошт ба 7 соли зиндон маҳкум шуд. Ӯ инчунин беш аз 100 ҳазор сомонӣ ҷарима ҳам гардид. Аммо оилаи шаҳрванди ҷонбохта аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва ба зинаи болоии додгоҳ шикоят бурдаанд.

Дар ин бора Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон рӯзи 17-уми июл иттилоъ дода, гуфтааст, ки ҳукми ӯро додгоҳе дар вилояти Хатлон содир кардааст, вале санаи дақиқи он маълум нест.

Ба гуфтаи манбаъ, Маҳмадулло Идиев, корманди пешини Шӯъбаи ВКД ноҳияи Дӯстӣ ба марги Толибҷон Дӯстов, сокини ноҳияи Шаҳритус, айбдор гардидааст. Ӯ ба сӯйистифода аз мансаб, ки боиси оқибатҳои вазнин гардид (моддаи 316, қисми 3-и Кодекси ҷиноии ҶТ), гунаҳкор гардида, ба 7 соли зиндон ва пардохти 105 ҳазор сомонӣ ҷарима маҳкум шудааст.

Маҳмадулло Идиев пас аз 7 сол, моҳи апрели имсол аз Русия ба Тоҷикистон баргашт ва дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе боздошт шуд. Ӯ соли 2018, баъди як соли ҳодиса, ба Русия рафта буд ва аз ҳамон вақт дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт.

 

Ҷузъиёти қазия ва парвандаи мазкур

Бояд гуфт, ки 25-уми июли соли 2017 Толибҷон Дӯстов, ба навиштаи Эътилоф, аз ҷониби кормандони полис дар назди нуқтаи савдо дастгир ва латукӯб шуд ва бо мошини сиёҳшиша ба ҷое интиқол ёфт. Пасон Дӯстовро беҳуш ба беморхона бурдаанд.

“Дар бадани ӯ осори зиёди шиканҷа: гематомаҳои калон, осеби гӯш ва дигар ҷароҳатҳо ёфт шуданд. Бо вуҷуди шикоятҳои сершумори оила ва адвокат, ташхиси ҷасад бидуни огоҳии хешовандон гузаронида шуд ва натиҷаҳои он муддати тӯлонӣ ифшо нагардид”, – менависад манбаъ.

Дар хабари Эътилоф таъкид шуда, ки гарчанде дар ин ҳодиса ҳадди ақал се корманди полис иштирок доштанд, танҳо як нафар – Маҳмадулло Идиев ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуд. Додситонӣ бо вуҷуди он ки шоҳидон онҳоро шинохтанд, аз боз кардани парванда алайҳи дигарон худдорӣ кард.

Эътилоф навиштааст, моҳи августи соли 2017, дар ҷараёни мурофиаи аввал, айбдоркунандаи давлатӣ барои Идиев 9 соли зиндонро талаб карда буд. Аммо айбдоршаванда фирор кард ва додгоҳ барои тағйири чораи эҳтиётӣ тадбире наандешид. Ӯ тӯли 8 сол дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт.

Моҳи апрели соли 2025 Маҳмадулло Идиев ҳангоми убури сарҳади давлатӣ дар фурудгоҳ дар вақти бозгашт аз Русия дастгир шуд. То анҷоми мурофиа ӯ дар боздоштгоҳи шаҳри Бохтар нигоҳ дошта мешуд.

Ба қавли манбаъ, оилаи Толибҷон Дӯстов ва адвокати онҳо ҳукмро аз ҳад зиёд сабук медонанд ва ба додгоҳи болоӣ шикояти кассатсионӣ бурда, талаби ҷазои сахттар доранд. Моддаи мазкур ҷарима ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муддати аз 5 то 10 сол бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳоро пешбинӣ мекунад.

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон аз соли 2017 инҷониб парвандаи Дӯстовро пайгирӣ намуда, ба оилаи ӯ ёрии ҳуқуқӣ мерасонад ва ҳоло гуфта мешавад, ки ин созмон дар марҳилаи кассатсионии парванда низ дастгирӣ мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...