Владимир Путин ба Тоҷикистон меояд

Дар назар аст, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, моҳи октябри соли 2025 ба Тоҷикистон сафар кунад. Дар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нақшаи кори Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2025”, ки махзани мутамаркази маълумотҳои ҳуқуқии Вазорати адлия нашр кардааст, дар бораи омодагӣ ба сафари давлатии раисҷумҳури Русия дар моҳи октябр зикр мешавад. Ҳамчунин, […]

Нозанини Исматшоҳ, Asia-Plus

Дар назар аст, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, моҳи октябри соли 2025 ба Тоҷикистон сафар кунад.

Дар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нақшаи кори Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2025”, ки махзани мутамаркази маълумотҳои ҳуқуқии Вазорати адлия нашр кардааст, дар бораи омодагӣ ба сафари давлатии раисҷумҳури Русия дар моҳи октябр зикр мешавад.

Ҳамчунин, дар нақшаи корӣ ишора шудааст, ки моҳи октябр дар Тоҷикистон ду чорабинии дигар – Шурои сарони давлатҳои ИДМ ва Вохӯрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Русия доир мегардад.

Ба эҳтимоли зиёд, сафари давлатии Владимир Путин ба Тоҷикистон дар рӯзҳои баргузории ин ду чорабинӣ иттифоқ меафтад.

Аммо ҷузъиёти сафари Владимир Путин ҳоло маълум  нест.

Бояд гуфт, Владимир Путин бори охир тобистони соли 2022 ба Тоҷикистон омада буд. Зимни ин сафар вазъи кунунӣ ва дурнамои тамоми маҷмӯи шарикии стратегӣ ва муносибатҳои  ҳампаймонии Тоҷикистону Русия баррасӣ гардида буд, аммо ягон санад имзо нагардид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.