Муҳокимаи додгоҳии муттаҳамон дар ҳамла ба “Крокус сити ҳолл” имрӯз оғоз мешавад

Asia-Plus

Дар ин бора хабаргузории давлатии ТАСС иттилоъ дода, гуфтааст, ки парвандаро Додгоҳи дуюми ҳарбии ҳавзаи ғарбии Маскав паси дарҳои баста баррасӣ мекунад.

Ба иттилои манбаъ, қазияи мазкур аз ҷониби се додрас баррасӣ мегардад ва барои таъмини амнияти ширкаткунандагони ин раванд чораҳои бесобиқаи амниятӣ андешида мешавад.

Мақомоти Русия мегӯянд, парвандаи ҳамла ба “Крокус сити ҳолл” дар канораи Маскав, ки дар пайи он 149 кас кушта ва садҳо тан захмӣ шуданд, аз 450 ҷилд иборат аст.

Дар ин ҳамла, ки рӯзи 22-уми марти соли 2024 анҷом шуд, 19 нафар, аз ҷумла, аксаран шаҳрванди Тоҷикистон гумонбар дониста мешаванд. Маълум нест, боздоштшудаҳо то куҷо бо вакили дифоъ ва ёрии ҳуқуқии таъмин мебошанд. Шеваи боздошту ба ҳабс гирифтани онҳоро ҳомиёни ҳуқуқи инсон интиқод карданд.

Александр Бастрикин, раҳбари Кумитаи тафтишоти Русия қаблан эълом карда буд, ки дар иртибот ба ҳамлаи террористӣ 27 нафар гумонбар дониста мешаванд.

Бо вуҷуди он ки масъулияти ҳамларо бахши афғонистонии созмони террористии “Давлати исломӣ – Вилояти Хуросон”* ба уҳда гирифт, мақомоти Русия ангушти иттиҳомро ба сӯи Украина дароз карданд. Киев даст доштанашро дар ин ҳодиса рад кард.

Дар бораи ин қазия муфассал дар матлаби “Як сол баъди ҳамла ба “Крокус”. Пайвандони 4 гумонбари асосӣ дар чӣ ҳоланд ва дар бораи фарзандонашон чӣ медонанд?” мутолиа кунед.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ дониста мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...