Баъд аз 12 сол. Калонтарин корхонаи маъдантозакунӣ дар Адрасмон дубора ба кор медарояд

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Калонтарин корхонаи маъдантозакунӣ – “Адрасмон”-и шаҳри Гулистон (Қайроқуми пешин), ки 12 сол боз аз кор монда ва садҳо сокини маҳаллиро бекор мононда буд, қарор аст дубора фаъол гардад. Ин корхона соли 2013 варшикаста шуда, дар пайи як баҳси додгоҳӣ аз моликони қазоқистонӣ гирифта шуду давлатӣ гардид.

Дар ин бора рӯзи 21-уми июл Илҳом Пӯлодзода, раиси шаҳри Гулистон дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, гуфт, ки баъди солҳои тӯлонӣ ба калонтарин корхонаи маъдантозакунӣ дар минтақа сармоягузор ёфтаанд.

Қаблан корхонаи маъдани “Адрасмон” дар ихтиёри соҳибкорони Қазоқистон буд ва тӯли тақрибан 15 соли охир аз фаъолият бозмонда буд.

Ба қавли Пӯлодзода, баъди 12 сол як ширкати чинӣ омода шудааст, ки барои дигарбора ба кор андохтани он сармоягузорӣ кунад.

Илҳом Пӯлодзода гуфт, ҳоло корҳои васлкунӣ ҷараён дорад, он шахтаҳое, ки об зер карда буд, аз об тоза карда истодаанд.

“Барои коргарон хобгоҳ таъмир шуда истодааст ва роҳро таъмир кардаву дигар корҳоро ба анҷом расонида истодаем. Агар хато накунам, зиёда аз 50 миллион доллар сармоя ҷудо мегардад”, – гуфт шаҳрдори Гулистон.

Аммо ӯ дақиқан аз ширкати чинӣ ном нагирифт.

Ба гуфтаи Илҳом Пулодзода, то нимаи соли оянда корхона марҳила ба марҳила ба фаъолият мепардозад. Вале тафсилоти лоиҳа ба пуррагӣ маълум нест, ки аз чиҳо иборат аст ва то куҷо мушкили бекории сокинони Гулистон рафъ мешавад

“Адрасмон” чаро аз кор монд?

Корхонаи маъдани “Адрасмон” дар нимаи дуюми қарни 20 таъсис ёфта дар канори он шаҳраке ҳам бо ҳудуди 10 ҳазор аҳолӣ ба вуҷуд омад. Дар он замон “Адрасмон”-ро доштани бузургтарин кони нуқра шаҳраки “кӯҳканҳо” мегуфтанд. Фулузоти гаронбаҳо, аз ҷумла тиллову сурб (қурғошим) дар кӯҳҳои Қурама ва Қаромазори ҳамин минтақа ҷойгир буд.

Корхонаи “Адрасмон” дар давраи Шӯравӣ пурра фаъолият мекард. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ иқдидораш паст шуд. Соли 2006 ин корхонаро ширкати қазоқистонии "Кони Мансур" харид ва сармоягузорӣ кард. Аз соли 2006 то соли 2013 корхона бо 30-40% иқтидор кор мекард.

Аммо корхонаи “Адрасмон” дар соли 2013 худро муфлис эълон кард ва бо ҳамин дигар корхона пурра аз кор монд. Он вақт дар корхонаи маъдани “Адрасмон” ҳудуди 750 коргари маҳаллӣ соҳиби кору маоши хуб буданд. Ин корхона яке аз андозсупорандагони калон дар сатҳи ҷумҳурӣ ба шумор мерафт, ки ҳар сол ба буҷети кишвар то 12 миллион сомонӣ андоз месупорид.

Аммо ба далели пастравии арзиши нуқра дар бозори ҷаҳонӣ моликони қазоқистонӣ  аз идомаи кор даст кашиданд ва соли 2018 дар пайи баҳси додгоҳӣ корхонаи маъдани “Адрасмон” ба давлат гузаронида шуд.

Дар бораи фаъолият ва қатъи кори “Адрасмон” дар маводи зерини “Азия-Плюс” бештар маълумот бигиред.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...