“Самак” баста шуд, “Фараж” ном иваз кард. Чаро?

Баъди 20 соли фаъолият ҳафтаномаи “Фараж” аз чоп монд ва дигар ҳафтаномаи “Самак” ҳам ба дасти хонанда намерасад. Дар оянда “Фараҳ” ба майдони иттилоот меояд. Дар ин бора Хуршед Атовулло, рӯзноманигори маъруф ва муассиси ин ду нашрия ба “Азия-Плюс” хабар дод. Ӯ гуфт, ки дар оянда ба нашри электронии ахбор бартарӣ медиҳем. “Ҳафтаномаи “Фараж” чоп […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Баъди 20 соли фаъолият ҳафтаномаи “Фараж” аз чоп монд ва дигар ҳафтаномаи “Самак” ҳам ба дасти хонанда намерасад. Дар оянда “Фараҳ” ба майдони иттилоот меояд. Дар ин бора Хуршед Атовулло, рӯзноманигори маъруф ва муассиси ин ду нашрия ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Ӯ гуфт, ки дар оянда ба нашри электронии ахбор бартарӣ медиҳем.

“Ҳафтаномаи “Фараж” чоп намешавад ва он ба “Фараҳ” табдили ном кард, ҳоло думболи нашраш ҳастем. Барои он сомонаи нав таъсис додем, дар ҳамаи шабакаҳои иҷтимоӣ низ минбаъд бо ҳамин ном фаъолият мекунем”, – гуфт ҳамсуҳбати мо.

Хуршед Атовулло гуфт, “дар идома нашри чопии “Фараҳ”-ро ҳам пешкаш хоҳем кард, вале баъди пайдо шудани маблағ”.

Ин рӯзноманигор муассиси оҷонсии иттилоотии “Sugd-News” ҳам ҳаст, ки номи онро ҳам ба “Sugd-Press” иваз кардааст ва он фаъолияташро идома хоҳад дод.

Аммо ҳафтаномаи “Самак” баъди 14 соли фаъолият пурра аз чоп бозмонд ва ба қавли муассисаш, минбаъд бо номи дигар ҳам ба дасти хонанда намерасад.

Ба қавли Хуршед Атовулло, сабаби аз чоп мондани ин ду ҳафтанома, ки солҳои мадид дар фазои иттилоотии кишвар чашмрас буд, тиражи кам ва напӯшонидани хароҷоташон аст.

Ӯ мегӯяд, ки дар як соли охир ҳафтаномаи “Самак” то 300 дона ва ҳафтаномаи “Фараж” то 3 ҳазор тираж дошт, ки маблағи чоп, маоши кормандон ва дигар хароҷоти худро пӯшонида наметавонист.

 

“Бояд ҳамқадами замона шавем. Замоне мардум рӯзнома мехонданд, ҳоло агар эътироф кунем, рӯзномахон ангуштшумор аст. Дигар чопи рӯзнома фоидаовар нест. Ба ин хотир, мо тасмим гирифтем, ки ба нашри рақамӣ бартарӣ диҳем, хабару мақолаҳоро электронӣ ба хонанда расонем”, – иброз дошт рӯзноманигор.

Вай афзуд, “ғайр аз ин, бахши наворро тақвият медиҳем, Ютуб-каналро ҳам баъди чанд муддати “хомӯшӣ”, дубора гардон мекунем, думболи таъсиси студияе бо номи “Аржанг” барои эҷоди филмҳои ҳуҷҷатӣ ва бадеӣ ҳастем, барои ин чанд корманди навро гирифтем, ки аз нозукиҳои наворбардорӣ, танзим ва пахши он хуб огоҳанд”.

“Толстой гуфтааст: “Барои покиза зистан, бояд шиканию аз сифр созӣ ва боз шиканию боз созӣ!”. Онҳое, ки аз шикастану сохтан ва сохтану шикастан метарсанд, зиндагиашон якрангу якнавохт хоҳад буд. Аммо ман ба ин тарз зистан намехоҳам”, – гуфт Хуршед Атовулло.

 

Аз корномаи ин ду ҳафтанома

Ҳафтаномаи “Фараж” яке аз нашрияҳои мустақил дар Тоҷикистон буд, ки тайи 20 сол дар фазои расонавии кишвар нақши муҳим бозид. Ин нашрия аз 22-юми декабри соли 2005 то кунун ба забони тоҷикӣ ва дар шакли ҳафтанома чоп мешуд ва ба таҳлилу тавзеҳи масъалаҳои мубрами сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва ҷаҳон тамаркуз дошт.

Даврони фаъолияти “Фараж” бидуни мушкилот набуд. Ин ҳафтанома борҳо бо фишорҳои гуногун рӯбарӯ шуд ва соли 2010, ба қавли Хуршед Атовулло, тахминан шаш моҳ ҳеҷ чопхонае ҳозир нашуд, ки онро чоп кунад.

Дар ин 20 сол “Фараж” борҳо баҳсҳои додгоҳӣ дошт ва дар аксари он пирӯз омада, ба чопи маводҳои таҳлиливу интиқодӣ идома медод.

Солҳои 2007 – 2012, ба қавли сардабири нашрия, “давраи тиллоӣ”-и фаъолияти “Фараж” буд ва он замон бо 15 ҳазор тираж даст ба дасти хонанда мегашт.

Пас аз соли 2015, мавзӯъ ва масъалаҳои баррасишаванда дар “Фараж”, ба қавли хонандагон, “ба нармӣ гароид”, вале сарфи назар аз ин, минбари чопи андешаҳои гуногун буд.

Дар солҳои охир бештар мактубҳои шаҳрвандон ба унвонии раисҷумҳури Тоҷикистон ва дигар мансабдорони баландпояи кишвар ба нашр мерасид ва вокуниши ҳамешагии мақомдоронро ҳам дар пай дошт. “Фараж” дар муқоиса бо дигар нашрияҳои мустақил, ҳамеша вокуниш ба маводи танқидиашро думболагирӣ мекард ва ҳатто рубрикаҳое дошт бо номи “Ин мансабдорон амри Президентро иҷро намекунанд” ва “Ин вазоратхонаҳою кумитаҳо аз мо “қарздоранд””.

 

Ҳафтаномаи “Самак” бошад, аз соли 2011 ба ин сӯ ба нашр мерасид ва дар оғози фаъолият яке аз ҳафтаномаҳои таъсиргузор дар фазои иттилоотӣ ва таҳлилии кишвар ба ҳисоб мерафт.

Ин ҳафтанома унвони “таърихӣ-тадқиқотӣ” дошт ва дар солҳои аввали фаъолият бештар тадқиқоти журналистӣ ба чоп мерасонд. “Самак” он замон то 10 ҳазор нусха ба дасти хонанда мерасид.

Панҷсолаи аввали фаъолияти “Самак” “даврони тиллоӣ”-и он гуфта мешавад. Сарфи назар аз ин, “Самак” ҳам баҳсҳои зиёди додгоҳӣ дошт, вале аксари ин “судбозиҳо” ҳам ба манфиати нашрия анҷом ёфта буд.

Дар солҳои ахир нашрияи мазкур бештар матолибе перомуни таърих ва фарҳанги кишвар ба нашр мерасонид ва минбари адабиётшиносон, таърихнигорон ва олимони соҳоти гуногун шуда буд.

Бояд таъкид кард, ки ҳафтаномаҳои “Фараж” ва “Самак” минбари дарёфт ва рушди истеъдодҳои ҷавон буд ва ба воситаи ин нашрияҳо даҳҳо рӯзноманигори касбӣ тарбият ёфтанд.

Ҳатто солҳое буд, ки дар нашрияҳо менавиштанд, “Хуршед Атовулло ва шогирдонаш толори ҷашни иди матбуоти миллиро пур кардаанду ҷоизаҳоро фақат парвардаҳои ин мактаби рӯзноманигорӣ мегиранд”.

Имрӯз ҳам рӯзноманигорони баъзе нашрияҳои номдор, аз қабили “Азия-Плюс” аксар шогирдони дирӯзаи ин мактаб ҳастанд ва  кормандони бисёре аз марказҳои матбуотии вазорату кумитаҳои давлатӣ қадами аввалинро маҳз дар ин даргоҳ гузоштаанд.

Охирин шумораи “Фараж” ва “Самак” рӯзи 8-уми июли соли 2025 ба нашр расид ва акнун ин номҳо дар хотираҳо хоҳанд монд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова