Шӯрои соҳибкории Тоҷикистон ва Муғулистон таъсис мешавад. Байни ду кишвар 10 санади ҳамкорӣ ба имзо расид

Нозанини Исматшоҳ, Asia-Plus

Дар Душанбе Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Ухнаагийн Хурелсух, раисҷумҳури Муғулистон Изҳороти муштарак оид ба рушди минбаъда, таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории гуногунҷанбаро ба имзо расониданд. Инчунин, гуфта мешавад, ки дар ояндаи наздик миёни ду кишвар Шӯрои соҳибкорӣ таъсис мегардад.

Шоми 23-юми июл Ухнаагийн Хурэлсух, раисҷумҳури Муғулистон бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон омад ва субҳи имрӯз, 24-уми июл, ӯро Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат ба ҳузур пазируфт.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон, дар пай ин сафар ва мулоқоту музокирот 10 созишнома ба имзо расид:

– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Муғулистон;

– Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ва Вазорати энергетикаи Муғулистон оид ба ҳамкорӣ;

– Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва Вазорати озуқаворӣ, кишоварзӣ ва саноати сабуки Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ;

– Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг, варзиш, сайёҳӣ ва ҷавонони Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;

– Ёддошти тафоҳум миёни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон ва Вазорати рушди рақамӣ, инноватсия ва алоқаи Муғулистон дар соҳаи рақамикунонӣ;

– Ёддошти тафоҳум дар самти пешгирӣ ва бартараф кардани ҳолатҳои фавқулода миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ва Агентии давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодаи Муғулистон;

– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории илмӣ ва технологияҳо миёни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Муғулистон;

– Ёддошти тафоҳум миёни Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Марказҳои тасдиқкунанда, хизматрасониҳои давлатӣ ва таҳияи барномаҳои рақамӣ” ва Корхонаи давлатии “Академияи Э-Муғулистон”;

– Ёддошти тафоҳум миёни Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Институти миллии тадқиқоти амниятии Муғулистон

– Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии Муғулистон.

Ғайр аз ин, зимни мулоқот сарони давлатҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, масоили мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ба иттилои расмӣ, таъсиси Шӯрои соҳибкории Тоҷикистон ва Муғулистон ба мақсад мувофиқ дониста шуд.

Масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ,  пешбурди рӯзномаи “сабз”, татбиқи ҳадафҳои рушди устувор, густариши робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ  мавриди таваҷҷуҳи хос қарор дошт.

Соҳаҳои саноати коркард, бахусус саноати сабук ва хурокворӣ, ҳамчунин, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ миёни ду давлат маънидод гардид.

Самти дигари афзалиятноки ҳамкорӣ соҳаи сайёҳӣ номида шуда, дар ин зимн Эмомали Раҳмон имкониятҳои Тоҷикистонро ҷиҳати рушди сайёҳии кӯҳнавардӣ, экологӣ ва офиятбахшӣ алоҳида таъкид кард.

Эмомали Раҳмон оғози фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар пешбурди тамоми маҷмӯи робитаҳои Тоҷикистону Муғулистонро дар ояндаи наздик салоҳ донист.

Тарафҳо, ҳамчунин, аз тавсеаи робитаҳо дар бахшҳои илм, маориф, васоити ахбори омма, осорхонаҳо, сиёсати ҷавонон ва варзиш ҷонибдорӣ намуданд.

Дар пайи сафари президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсухаз кадом чорабиниҳо дар назар аст ва кадом роҳҳо баста мешаванд, дар хабари зерини “Азия-Плюс” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...