Боғи ҳайвоноти Душанберо ба наздикии Ҳисор мекӯчонанд. Мақомот шарҳ доданд

Asia-Plus

Боғи ҳайвоноти Душанбе, ки дар маркази пойтахт ҷойгир аст, ба наздикии шаҳри Ҳисор кӯчонида мешавад. Дар ин бора имрӯз, 25-уми июл дар нишасти матбуотии шаҳрдории Душанбе зикр гардид.

Толиб Раҳимзода, муовини раиси шаҳри Душанбе гуфт, “айни замон ҷиҳати ҷудо намудани қитъаи замин дар шоҳроҳи Душанбе-Ҳисор корҳо оғоз гардидааст ва баъди ба анҷом расонидани ҳуҷҷатгузорӣ масъалаи маблағгузории он баррасӣ мегардад”.

Қаблан, шаҳрдории пойтахт канори шимолии Душанбе, наздикии соҳили дарёи Варзобро барои бунёди Боғи ҳайвоноти нав интихоб карда буд.

Аммо Раҳимзода гуфт, он мавзеъро лоиҳакашон барои бунёди Боғи ҳайвонот номувофиқ арзёбӣ карданд ва масоҳаташ низ кам аст.

“Барои бунёди Боғи ҳайвонот масоҳати калонтар лозим аст. Ҷойи нигоҳдории ҳайвонот бояд кушод бошад. Ин Боғи ҳайвоноти имрӯзаи мо мувофиқи стандартҳои замони шӯравӣ сохта шудааст ва ба меъёри он замон мувофиқ буд. Аммо имрӯз мо бояд меъёрҳои ҷаҳониро ба инобат гирем”,- гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, Низом Мирзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон низ кӯчонидани Боғи ҳайвоноти Душанберо тасдиқ кард, вале будуни тафсилоти дигар дар ин бора, аз нашри хабарҳои ба қавли ӯ “ғаразнок” аз вазъи Боғи ҳайвонот эътироз кард.

“Бас кунед ғаразнок навиштанро. Шояд бемасъулиятии роҳбар бошад. Вале ба ҳар сурат имрӯз кор карда истодааст ва дар оянда мекӯчад. Ҳаминро “реклама” карда, ба ҷаҳониён камбудии худро нишон додан магар айб нест?”, – шиква кард Мирзозода.

Бояд гуфт, вазъи Боғи ҳайвонот дар маркази шаҳр солҳо инҷониб нигаронкунанда арзёбӣ мешавад. Фаъолону коршиносон аз шароити бади ҳайвонот, вазъи ғайрисанитарӣ ва хунукназарии маъмурияти боғ нигаронанд.

Дар ҳудуди боғ инчунин тезтайёр, дӯконҳо ва “аттраксион”-ҳои кӯдакона ҷойгиранд. Ба гуфти маъмурияти боғ, барои муассиса ин даромади иловагӣ аст, ки барои хӯроки ҳайвонот ва беҳтар кардани шароити зисти онҳо сарф мегардад.

Ёдрас мешавем, ки масъалаи тахриб ё бозсозии боғи ҳайвонот беш аз 10 сол аст, ки баррасӣ мешавад. Соли 2018 дар шаҳрдории Душанбе ба рӯзноманигорон иттилоъ доданд, ки боғи ҳайвоноти пойтахт ба наздикӣ ба минтақаи атрофи бозори “Корвон” кӯчонида мешавад. Вале аввали соли 2020 шаҳрдорӣ дар бораи ба ҷойи дигар кӯчонидани боғи ҳайвонот қарор қабул кард ва ин маротиба канори шимолии Душанбе, наздикии соҳили дарёи Варзоб, ҷойи ду кӯли ҳозира макони бунёди Боғи нави ҳайвонот интихоб гардида буд.

Соли 2021 шаҳрдории Душанбе ба соҳибкорони дохиливу хориҷӣ пешниҳод кард, ки Боғи ҳайвоноти Душанберо бунёд ва баъдан онро соҳиб шаванд

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...