“Боғи ҳайвонот”-и Душанбе фурӯхта мешавад. Шаҳрдорӣ мегӯяд, марҳамат

Шаҳрдории Душанбе пешниҳод кардааст, ки соҳибкорони дохиливу хориҷӣ метавонанд "Боғи ҳайвонот"-и Душанберо  бунёд кунанд ва онро соҳиб шаванд. Дар ин бора хабаргузории давлатии "Ховар" бо истод ба шаҳрдории Душанбе хабар додааст. Ҳукумати Душанбе гуфтааст, ки дар ин росто соҳибкоронро барои хусусӣ кардани "Боғи ҳайвонот" "ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад". Пештар, 14 декабри соли 2020 шаҳрдории Душанбе  барои бунёди […]

Asia-Plus

Шаҳрдории Душанбе пешниҳод кардааст, ки соҳибкорони дохиливу хориҷӣ метавонанд "Боғи ҳайвонот"-и Душанберо  бунёд кунанд ва онро соҳиб шаванд. Дар ин бора хабаргузории давлатии "Ховар" бо истод ба шаҳрдории Душанбе хабар додааст.

Ҳукумати Душанбе гуфтааст, ки дар ин росто соҳибкоронро барои хусусӣ кардани "Боғи ҳайвонот" "ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад".

Пештар, 14 декабри соли 2020 шаҳрдории Душанбе  барои бунёди «Боғи ҳайвонот» дар бурриши хиёбони Рӯдакӣ ва хиёбони Ҳофизи Шерозии ноҳияи Исмоили Сомонӣ  дар масоҳати 13 (сенздаҳ) гектар замин ҷудо карда буд.

Ҳамчунин сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт лоиҳаи ангоравии боғи мазкурро аз рӯи фанновариҳои  муосир, бо дарназардошти фикру мулоҳизаҳои мутахассисони аврупоӣ таҳия намудааст, гуфтаанд аз шаҳрдорӣ

Ҳукумати Душанбе аз соҳибкорон ва тоҷирону хоҳишмандон хостааст, агар барои ин кор майл доранд ба телефонҳои 221-94-38, 221-27-19 занг бизананд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.