Муҳлат ба муҳоҷирони тоҷик: то 30 июн сабти ном шаведу иҷозат гиред, вагарна ихроҷ мешавед

“Шаҳрвандони Тоҷикистон то 30 июн имкон доранд, ки мақоми ҳуқуқии худро дар Русия танзим кунанд”, – хабар дод имрӯз, 21 апрел сардори Сарраёсати масоили муҳоҷирати ВКД Русия Валентина Казакова зимни нишасти хабарӣ аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунидҳои дуҷонибаи кишварҳо оид ба масоили муҳоҷират дар Душанбе. Ӯ ба шаҳрвандони муқими Русия ва хешовандони онҳо муроҷиат карда, изҳор […]

“Шаҳрвандони Тоҷикистон то 30 июн имкон доранд, ки мақоми ҳуқуқии худро дар Русия танзим кунанд”, – хабар дод имрӯз, 21 апрел сардори Сарраёсати масоили муҳоҷирати ВКД Русия Валентина Казакова зимни нишасти хабарӣ аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунидҳои дуҷонибаи кишварҳо оид ба масоили муҳоҷират дар Душанбе.

Ӯ ба шаҳрвандони муқими Русия ва хешовандони онҳо муроҷиат карда, изҳор намуд, ки аз имкони мазкур истифода баранд ва ба воҳидҳои масоили муҳоҷират дар Русия муроҷиат карда, худро ба қайди муҳоҷират гузоранд ва барои фаъолияти корӣ иҷозатнома гиранд.

“Бори дигар такрор мекунам, ки дар фармоиши №635-и ҳукумат саҳеҳан зикр шудааст, ки пас аз ифтитоҳи алоқаи ҳавоӣ 90 шабонарӯз муҳлат ҳаст, яъне аз 1 апрел то 30 июн. То 15 июн амри президенти Русия амал мекунад, лекин дар фармоиши ҳукумат механизми он нишон дода шудааст. Аз ин рӯ, то 30 июн ҳоло вақт ҳаст ва мо ҳамроҳи мақомоти ваколатдори Тоҷикистон ин масъаларо баррасӣ кардем. Аз рӯйи ҳамаи масоили мушкили марбут ба анҷоми расмиёти ҳуҷҷатҳое, ки шаҳрвандони Тоҷикистон бо онҳо дар қаламрави Русия дучор мешаванд, мо дақиқан ҳамкорӣ мекунем. Ҳар як муроҷиати шахсиро баррасӣ хоҳем кард”, – иброз дошт Казакова.

Ба доми миёнаравон наафтед

Казакова таъкид дошт, ки бо муовини вазири меҳнати Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ, ки ӯ ҳам дар нишасти хабарӣ ҳузур дошт, мудом дар тамос буда, талош меварзанд мушкилоти шаҳрвандони Тоҷикистон ҳарчӣ зудтар ва саривақт ҳаллу фасл кунанд.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи шахсоне, ки беш аз 90 шабонарӯз дар Русия қарор доранд, барои ба сохторҳои дахлдор муроҷиат кардан ҷиҳати қонунӣ гардонидани ҳузури худ ҳуқуқ доранд. Дар ҳамин ҳол, ӯ таъкид дошт, ки шаҳрвандон аз истифодаи хидмати миёнаравон худдорӣ кунанд.

“Таваҷҷуҳатонро ба ин масъала бештар ҷалб карданиам ва дархости зиёд дорам, ки ба доми миёнаравон наафтед. Мутаассифона, одамон ба миёнаравон муроҷиат карда, ҳуҷҷатҳои қалбакӣ мегиранд, ки минбаъд ба онҳо оқибатҳои ногувор пеш меорад. Бинобар ин, танҳо ба воҳидҳои расмии масоили муҳоҷират муроҷиат кардан лозим аст”, – гуфт Казакова.

Ёдрас мекунем, ки қаблан муовини вазири корҳои дохилии Русия Александр Горовой аз намояндагони кишварҳои ИДМ талаб кард, ки дар мавриди муҳоҷирони ғайриқонунии дар Русия ҳузурдошта чора андешанд, то ки кор то ба ихроҷ кардани онҳо нарасад.

Он замон ӯ шарҳ дода буд, ки барои риоя накардани қоидаҳои муқарраршуда дар ин самт муҳоҷирони ғайриқонунӣ муҷозот намешаванд.

Тибқи маълумоти ВКД, айни замон 120 ҳазор шаҳрванди Озарбойҷон, зиёда аз 61 ҳазор шаҳрванди Арманистон, 49 ҳазор шаҳрванди Қазоқистон, беш аз 115 ҳазор шаҳрванди Қирғизистон, 247 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, 332 ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистон, инчунин 152 ҳазор шаҳрванди Украина ғайрирасмӣ дар қаламрави Русия ҳузур доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.