Ташрифи як ҳайати гурӯҳи кории Афғонистон ба Душанбе

Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон зимни мулоқот бо  Муҳаммад Зоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон изҳор дошт, ки дар робита ба барқарорсозии сулҳу амният дар ин кишвар, Вазорат ҷиҳати ба таҳсил фаро гирифтани шаҳрвандони Афғонистон дар доираи Созишномаҳои байниҳукуматӣ омода аст. Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорат, Муҳаммад Зоҳир Ағбар иброз доштааст, ки […]

Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон зимни мулоқот бо  Муҳаммад Зоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон изҳор дошт, ки дар робита ба барқарорсозии сулҳу амният дар ин кишвар, Вазорат ҷиҳати ба таҳсил фаро гирифтани шаҳрвандони Афғонистон дар доираи Созишномаҳои байниҳукуматӣ омода аст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорат, Муҳаммад Зоҳир Ағбар иброз доштааст, ки пас аз баргузории Нуҳумин Конфронси вазирони “Қалби Осиё-Раванди Истанбул” дар Душанбе тақрибан ҳар ҳафта аз Афғонистон садҳо нафар бо мақсади таҳсилу омӯзиш ва таҷрибаандӯзӣ ба Тоҷикистон сафар мекунанд.

“Роҳбари давлати Афғонистон бо дидани фазои орому амн ва зебоиҳои шаҳри Душанбе ба намояндагони ҳукумати кишвараш дастур додааст, ки пас аз анҷоми кори конфронс дар ҳайати як гурӯҳи кории омӯзишӣ дубора ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ҳозир шаванд ва омилҳои амният, сулҳ, осоиштагии ҳаёти мардум ва зебоиҳои пойтахти Тоҷикистонро омӯзанд ва натиҷаи омӯзишу бардоштҳояшонро дар шаҳри дар амал татбиқ намоянд”, – гуфтааст сафир.

Сафир инчунин зикр кардааст, ки роҳбарияти олии ҳукумати Тоҷикистон барои кӯмак ба мардуми Афғонистон ва баҳри барқарории сулҳу осоиштагӣ дар ин кишвар изҳори омодагию ҳамкорӣ кард, ки  дар қалби ҳар шаҳрванди худогоҳи Афғонистон ҳисси хушнудию умедворӣ ба ояндаи дурахшон дигарбора бедор шуд.

“Ин Конфронс барои мардуми кишвари мо дар риштаҳои гуногун, аз ҷумла, дар самти омӯзиши илму дониш дар кишвари Тоҷикистон роҳҳои нав боз намуд ва имконоти ҷадид фароҳам овард, – илова кардааст ӯ. – Мо боварӣ дорем, бо истифодаи дурусту мукаммали имкониятҳои бавуҷудомада дар ҳар самту соҳае ба натиҷаҳои назарраси барои ҳарду ҷониб манфиатбахш ноил мешавем”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.