Одаме, ки ҳар рӯз як кило санг мехӯрад: Абдураззоқи 91-сола

Абдураззоқи 91-сола мегӯяд, беш аз 70 сол аст, ки рӯзона як килограмм санг мехӯрад. Дар бораи ин бошандаи вилояти Самангони Афғонистон бахши дарии телевизиони "Садои Амрико" сужае таҳия кардааст. Дар ин видео Абдураззоқ мегӯяд, ки як кг сангро ҳар рӯз дар баробари ғизои дигари рӯзонааш мехӯрад. Ин мард мегӯяд, ки сангро фақат рӯзона мехӯрад, шаб намехӯрад. […]

Абдураззоқи 91-сола мегӯяд, беш аз 70 сол аст, ки рӯзона як килограмм санг мехӯрад. Дар бораи ин бошандаи вилояти Самангони Афғонистон бахши дарии телевизиони "Садои Амрико" сужае таҳия кардааст.

Дар ин видео Абдураззоқ мегӯяд, ки як кг сангро ҳар рӯз дар баробари ғизои дигари рӯзонааш мехӯрад. Ин мард мегӯяд, ки сангро фақат рӯзона мехӯрад, шаб намехӯрад.

Ин мард мегӯяд, ки 91-сола шудаасту то ҳол бемор нашудааст ва то кунун ягон бор ҳам сӯзандорӣ нашудааст. Зоҳиран ин мард далели бемор нашуданашро аз хӯрдани санг медонад.

Аммо тавре дар ин видео дида мешавад, дар Самангон танҳо Абдураззоқ нест, ки санг мехӯрад. Бошандаи дигари ин вилоят Хайрулло ҳам мегӯяд, ки 25 сол аст боз санг мехӯрад. Ин мард мегӯяд сангхӯрияш аз он ҷо оғоз шуд, ки ба дарди меъда гирифтор шуда буд ва бо санг хӯрдан захми меъдаашро табобат кардааст.

Аммо дар ин видео пизишкон хӯрдани сангро кори дуруст намеҳисобанд ва мегӯянд, ки онҳое, ки санг мехӯранд мушкили равонӣ доранд. 

Ҳоло дар вилояти Самангон шумори онҳое, ки ба санг хӯрдан пардохтаанд аз ду нафари чанд сол пеш ба панҷ нафар расидаанд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.