Зимни вуруд ба ватан русиягиҳо 2 бор тести коронавирус месупоранд

Роспотребнадзор шаҳрвандонеро, ки аз хориҷи кишвар ба Русия меоянд, уҳдадор намуд, ки 2 бор аз коронавирус тест супоранд. Қарори дахлдор дар ин хусус дар интернет-портали расмии маълумоти ҳуқуқӣ нашр шудааст. То 1 май қоидаи 2 маротиба супоридани тест танҳо ба шахсоне дахл хоҳад дошт, ки аз Туркия ва Танзания бармегарданд. Пас аз 1 май – […]

Роспотребнадзор шаҳрвандонеро, ки аз хориҷи кишвар ба Русия меоянд, уҳдадор намуд, ки 2 бор аз коронавирус тест супоранд. Қарори дахлдор дар ин хусус дар интернет-портали расмии маълумоти ҳуқуқӣ нашр шудааст.

То 1 май қоидаи 2 маротиба супоридани тест танҳо ба шахсоне дахл хоҳад дошт, ки аз Туркия ва Танзания бармегарданд. Пас аз 1 май – барои воридшавандагон аз ҳамаи кишварҳо ҷорӣ мешавад.

ПСР-тестҳо аз коронавирусро дар муддати 5 рӯзи пас аз вуруд ба Русия супоридан мумкин аст. Танаффус байни тестҳо набояд камтар аз 1 шабонарӯз бошад. Натиҷаҳои ҳар ду тестро ба сомонаи “Госуслуги” пайванд кардан (загрузить) зарур мебошад.

Ҳамчунин Роспотребнадзор талаб намуд, ки дар фурудгоҳҳои Русия аз шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки аз хориҷи кишвар меоянд, аз COVID-19 интихобӣ тест гирифта шавад.

Айни замон касоне, ки бо ҳама гуна воситаи нақлиёт аз хориҷа ба Русия меоянд, бояд аз коронавирус 1 тест супорида, натиҷаҳои онро ба сомонаи “Госуслуги” пайванд кунанд. Инро дар муддати 3 рӯзи пас аз омадан анҷом мебояд дод.

Ҳафтаи гузашта Русия алоқаи ҳавоиро бо Туркия ва Танзания ба муддати якуним моҳ – то 1 июн қатъ кард. Ҳукуматдорон инро мушкил шудани вазъи марбут ба коронавирус дар ин кишварҳо маънидод карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.