Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор қонунҳо имзо гузошт

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 20 апрел як қатор қонунҳоро ба имзо расонид. Ба иттилои хадамоти сарвари давлат, инҳо қонунҳо “Дар бораи мақомоти адлияи ҶТ”, “Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”, оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии ҶТ “Дар бораи судҳои ҶТ”, ба қонунҳо “Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо”, […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 20 апрел як қатор қонунҳоро ба имзо расонид.

Ба иттилои хадамоти сарвари давлат, инҳо қонунҳо “Дар бораи мақомоти адлияи ҶТ”, “Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”, оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии ҶТ “Дар бораи судҳои ҶТ”, ба қонунҳо “Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо”, “Дар бораи ниҳолпарварӣ”, Кодексҳои ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятии ҶТ мебошанд.

Гуфта мешавад, қонунҳо “Дар бораи мақомоти адлияи ҶТ” ва “Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” қонунҳои мукаммал буда, асосҳои ташкиливу ҳуқуқӣ ва самтҳои фаъолияти онҳоро танзим менамоянд.

Тағйиру иловаҳои воридгардида ба қонуни конститутсионии ҶТ “Дар бораи судҳои ҶТ”, Кодексҳои ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятии ҶТ ба такмили сохтори мақомоти судӣ, беҳдошти фаъолияти он, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои иштирокчиёни мурофиа ва паҳлуҳои дигари соҳа нигаронида шудаанд.

Зикр мегардад, ки қонунҳои баимзорасида ба ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини амнияти давлату ҷамъият, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, рушди соҳаи илм ва беҳдошти зиндагии мардум равона шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.