Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода: борону селхезӣ дар назар аст, ҷӯйбору селраҳаҳоро тоза кунед

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар, рӯзҳои 21-22 апрел дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор дар назар буда, борони кӯтоҳмуддат (шабона дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр барф), дар ноҳияҳои алоҳида бошиддат  борида, раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест. “Дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда, дарёҳои Қизилсӯ, Ёхсӯ, Вахш (Сурхоб) […]

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар, рӯзҳои 21-22 апрел дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор дар назар буда, борони кӯтоҳмуддат (шабона дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр барф), дар ноҳияҳои алоҳида бошиддат  борида, раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест.

“Дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда, дарёҳои Қизилсӯ, Ёхсӯ, Вахш (Сурхоб) ва Обихингоб баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад”, – омадааст дар хабари Кумита.

Гуфта мешавад, рӯзҳои 20-22 апрел дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳии НТҶ, вилояти Суғд, вилояти Хатлон ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ фаромадани сел аз эҳтимол дур нест.

Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба шаҳрвандоне, ки дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва мавзеи кӯҳистон зиндагӣ мекунанд, тавсия медиҳад, ки хеле ҳушёру эҳтиёткор бошанд.

Кумита ба шаҳрвандону меҳмонони кишвар тавсия медиҳад, ки қоидаҳои асосии бехатарии шахсиро риоя намуда, аз ҳузур доштан назди обанборҳову ба моҳидорӣ машғул шудан, чаронидани чорво, ба кӯҳҳо ба сайру саёҳат рафтан, шикору ҷамъоварии ҳезум ва растаниҳои кӯҳӣ даст кашанд. Ба нигоҳубини кӯдакон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, онҳоро бе назорат нагузоранд.

Кумита аз аҳолӣ дархост мекунад, ки ҳамаи ҷӯйбору наҳр, қубурҳои обпарто ва селроҳаҳои назди хонаҳояшонро тоза кунанд.

Ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар ағбаву роҳҳои мавзеи кӯҳистон меъёри суръат ва масофаро қатъиян риоя намоянд.

Дар сурати рух додани ҳолатҳои нохуши фавқулода шаҳрвандон барои кумак метавонанд ба телефонҳои 112; 93 880 28 19 ё 223-13-11 муроҷиат кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.