Ба ҷуз мева ва тухм. Тоҷикистон худро бо ҳамаи маҳсулоти кишоварзӣ таъмин кард

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, Тоҷикистон аҳолии худро ба ҷуз мева ва тухм, дигар қариб бо ҳама навъи маҳсулоти хӯрокворӣ таъмин мекунад. 

Бино ба маълумоти як таҳқиқот, ки дар маҷаллаи "Nature Food" нашр шуд, Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар маҷмӯъ, сатҳи баланди худкифоии озуқавориро доранд ва худро бо сабзавоту гӯшт, маҳсулоти ширӣ, лӯбиёгиҳо, чормағз ва маҳсулоти дорои оҳор (крахмал) таъмин менамоянд.

Бо вуҷуди ин, онҳо бо як қатор мушкилот рӯбарӯ мешаванд, ки ба норасоии меваҳои экзотикӣ ва маҳсулоти баҳрӣ марбут аст. Сабаби ин дастрасии маҳдуд ба баҳрҳо аст. Ин дар навбати худ, барои таъмини пурраи амнияти озуқаворӣ дар минтақа душворӣ эҷод мекунад.

 

Тоҷикистон. Вобастагии зиёд аз воридот

Сарфи назар аз имконоти назаррас дар бахши кишоварзӣ, Тоҷикистон ба камбуди як қатор маҳсулоти хӯрокворӣ дучор буда, ба воридот зиёд вобаста аст. 

Мувофиқи таснифбандии Созмони кишоварзӣ ва озуқа, Тоҷикистон ба мисли ҳамсояҳояш – Ӯзбекистону Қирғизистон ба гурӯҳи давлатҳои дорои дармади паст ва камбуди ғизо мансуб буда, ин ба он маъно аст, ки барои қонеъ сохтани талаботи аҳолӣ истеҳсоли хӯрокворӣ нокофист.

Ҳамзамон, иқтисодҳои пешрафтаи кишоварзии минтақа, аз ҷумла Қазоқистон, сатҳи баланди амнияти озуқаворӣ дорад. Масалан, сатҳи таъмини озуқаворӣ дар ин кишвар бо истифода аз истеҳсоли дохилӣ 90%-ро ташкил медиҳад.

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон сатҳи таъмини озуқавориро бо такя ба маълумоти истеҳсолӣ пайваста пайгирӣ мекунад.

 

Чӣ дар кишвар кофист?

Мувофиқи Меъёрҳои тавсияшудаи физилогии истеъмоли ғизо ба ҳар сари аҳолӣ, нишондиҳандаҳои таъмини аҳолӣ ба маҳсулоти асосӣ дар соли 2024 тариқи зайл буданд:

– сабзавоту полезиҳо – 261.35%, меъёр: 166,1 кг; истеҳсол ба ҳар сари аҳолӣ – 434,1 кг.

– картошка – 134.46%, меъёр 92 кг;  истеҳсол ба ҳар сари аҳолӣ – 123,7 кг.

– нон ва маснуоти нонӣ (бо ҳисоби ғалладона) – 121.19%, меъёр 147,7 кг;  истеҳсол ба ҳар сари аҳолӣ – 179 кг.

– шир ва маҳсулоти ширӣ- қариб 100%, меъёр: 115,3 кг; истеҳсол ба ҳар сари аҳолӣ – 115,2 кг.

 

Чӣ намерасад?

Аммо маҳсулоте низ ҳастанд, ки камбудашон ба мушоҳида мерасад:

– гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ- қариб 100%, меъёр 40,8 кг; истеҳсол ба ҳар сари аҳолӣ – 40,7 кг.

– мева-  87,75% , меъёр 124,1 кг; истеҳсол ба ҳар сари аҳолӣ – 108,9 кг кг.

– тухм- 68,83%, меъёр 180 дона; истеҳсол – 123,9 дона.

Қобили зикр аст, ки вобастагӣ ба навъҳои муайяни маҳсулот, аз ҷумла мева ва маҳсулоти гӯштӣ, моҳӣ, шакар (қанд), равғани растанӣ ва дигар маҳсулот танзими нархҳоро дар бозори истеъмолӣ душвор гардонида, дастрасии аҳолӣ ба маҳсулотро мушкил месозад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...