Нигаронии бархе сокинон аз сӯхтори ҷангалзорҳо. Мақомот мегӯянд, ҷои ташвиш нест

Нозанини Исмат, Asia-Plus

Бар асари гармии ҳаво бархе минтақаҳои хушкшудаи ҷангалзорҳо дар Тоҷикистон оташ гирифта, нигаронии сокинонро ба миён овардааст. Вале мақомот мегӯянд, оташ баланд набуда, ҷои ташвиш нест.

Чанд сокини деҳаи Зарчашмаи шаҳри Гулистони вилояти Суғд рӯзи 24-уми июл бо ирсоли чанд аксу навор аз минтақаҳои оташгирифта ба “Азия-Плюс” нигаронӣ карданд, ки қисме аз ҷангали деҳаашон сар аз рӯзи 22-юми  июл инҷониб месӯзад.

“Оташ баланд шуда истодааст, мардуми деҳа барои хомӯш кардани оташ ҷалб шудаанд ва дар ҷои ҳодиса танҳо раиси шаҳрак қарор дорад. Мардум дарахтонеро, ки оташ гирифтаанд, бурида истодаанд то ба дигар дарахтон нагузарад”, – гуфт як корбари “Азия-Плюс”, ки аксу навор фиристод, вале хост аз ӯ ном набарем.

Ҳамчунин, дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори сӯхтори дарахтон паҳн шудааст, ки ба гуфтаи корбарон, ҷангалҳои шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон мебошад.

Дар ҳамин ҳол, Фирдавс Махсудзода директори хоҷагии ҷангали вилояти Суғд дирӯз, 25-уми июл дар сӯҳбати телефонӣ бо “Азия-Плюс” сар задани оташ дар чангалҳои  колхози Эрчигитови ноҳияи Аштро дар рӯзи 22-юми июл тасдиқ кард, вале гуфт. “ин масъала боиси нигаронӣ нест, зеро сӯхтори калон сар назадааст”.

“Оташ худи ҳамон рӯз хомӯш карда шуд. Аз ҳисоби шамол ва гармӣ аз зарраҳои хурди боқимондаи оташ дуюмбора сӯхтор сар зада, ки бегоҳии рӯзи 24-уми июл хомӯш карда шуд”, – гуфт вай.

Номбурда таъкид кард, ки ҳоло гурӯҳи корӣ ташкил карда шуда, дар ҷои ҳодиса навбатдор гузоштаанд, ки минтақаро назорат кунад, то сӯхтор бори дигар сар назанд.

Ин масъули хоҷагии ҷангали вилоят дар посух ба нигаронии сокинони шаҳраки Адрасмон гуфт, ки оташ аз ноҳияи Ашт оғоз шуда, то шаҳраки Андрасмони Гулистон нарасида, хомӯш карда шуд.

Ӯ афзуд, ҳаҷми паҳноии минтақаи оташгирифта ҳоло маълум карда нашудааст.

“Сабабҳои сар задани оташ то ҳол омӯхта мешавад, бо гумони зиёд сӯхтор аз ҳисоби гармии зиёд сар задааст”,- гуфт Фирдавс Махсудзода

Дар ҳамин ҳол, дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои сӯхтори ҷангалзорҳо паҳн шудааст, ки ба гуфтаи корбарон он минтақаҳо дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ аст.

Вокуниши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар робита ба ин сӯхторҳо то ҳол маълум нест.

Ҳодисаи сӯхтори ҷангалзорҳо дар Тоҷикистон маъмул нест. Гоҳо бар асари гармо ё оташбозиҳо ҷангалзорҳо дар Тоҷикистон месӯзад, ки хисороти зиёд дар пай надорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...