Шаҳрдорӣ гуфт, дар биноҳои кӯҳнаи Душанбе лифтҳои нав насб мекунад

Asia-Plus

Дар биноҳои куҳнаи Душанбе, ки дар замони Шӯравӣ бунёд шудаанд, лифтҳои муосир насб мешаванд. Дар ин бора Бахтиёр Шарифӣ, муовини аввали шаҳрдори пойтахт дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, гуфт, ширкати ватании “Тоҷикгирдоэлектромонтаж” барои насби ин лифтҳо мувваззаф шудааст.

Ба қавли ӯ, ин ширкат ҳамзамон истеҳсоли лифтҳоро дар шаҳри Душанбе ба роҳ мондааст. Шарифӣ таъкид кард, ки гурӯҳи кории махсус лифти биноҳоеро, ки ба талабот ҷавобгӯ нест, ба қайд гирифта, санадҳои дахлдор омода мекунад.

“Ҳар як бино як навъ лифт надорад, лифтҳо гуногунанд. Аз ин лиҳоз, ширкат тасмим гирифтааст, ки бо назардошти хулосаи гурӯҳи корӣ лифтҳоро омода кунад”, – гуфт Шарифӣ.

Ӯ таъкиднамуд, ки яке аз масъалаҳое, ки “каму беш мӯҳлати муайянро талаб мекунад” маблағгузорӣ аст.

Ба гуфтаи муовини Рустами Эмомалӣ, як роҳи ҳалли ин мушкил бунёди ин лифтҳо аз буҷаи шаҳри Душанбе буда, роҳи дигар ҷалби маблағҳои грантӣ ва ё соҳибкороне аст, ки мехоҳанд сарпарастӣ кунанд.

Вале ӯ мушаххас нагуфт, ки лифт дар биноҳои кӯҳнаи Душанбе кай насб карда мешавад.

Ёдрас мешавем, ки дар моҳи январи соли ҷорӣ Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ба масъулин дастур дода буд, то лифтҳои тамоми биноҳои баландошёнаи истиқомаии пойтахт, ки то замони истиқлол сохта шудаанду таъмирталабанд, бо лифтҳои наву замонавӣ иваз кунанд.

Бояд гуфт, чанде аз биноҳои баландошёна, ки дар замони Шӯравӣ сохта шудаанд, лифт доранд ва бо гузашти чандин сол онҳо фарсуда гардида, таъмирталаб мебошанд.

Қаблан, чанд нафар аз фаъол набудан ё хатарнок будани лифтҳо бинобар фарсуда буданашон шикоят мекарданд. Хабарҳо дар робита ба ҳалокати сокинони пойтахт дар дохили лифт бо сабаби куҳна будани он ҳам расонаӣ шуда буд.

Ҳамчунин, нигарониҳо ҳам буд, ки аз бархе сокинони Душанбе барои истифодаи лифт ва нигоҳдории онҳо аз рӯи ҳаҷми хона барои як моҳ аз 10 то 100 сомонӣ мегиранд.

Он вақт мақомот мегуфтанд, ки лифт моли истиқоматкунандаҳои бино аст ва онҳо ҳақ доранд бо ширкатҳои таъмирсозӣ шартнома баста, барои таъмир ва нигоҳодориву истифодаи он маблағ супоранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...