Рустами Эмомалӣ дастур дод, ки лифти биноҳои кӯҳнаи Душанберо нав кунанд

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ба сохторҳои дахлдор супориш додааст, лифтҳои тамоми биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, ки то замони истиқлол сохта шудаанду таъмирталабанд, бо лифтҳои наву замонавӣ иваз кунанд. Ин дастур ба масъулин дар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дода шудааст. Ӯ гуфтааст, ки ҳамаи лифтҳои таъмирталаб аз ҳисоби “мақомот бо лифтҳои замонавии нав […]

Asia-Plus

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ба сохторҳои дахлдор супориш додааст, лифтҳои тамоми биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, ки то замони истиқлол сохта шудаанду таъмирталабанд, бо лифтҳои наву замонавӣ иваз кунанд.

Ин дастур ба масъулин дар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дода шудааст.

Ӯ гуфтааст, ки ҳамаи лифтҳои таъмирталаб аз ҳисоби “мақомот бо лифтҳои замонавии нав муҳаҷҷаз гардонида шаванд”.

Шаҳрдори Душанбе, ҳамчунин, таъкид кардааст, ки барои бозсозии шабакаҳои фарсуда, сохтмон ва таъмири роҳҳо, навсозии инфрасохтори обу корез, нав кардани низоми таъмини барқ ва бунёди зеристгоҳҳои наву замонавӣ бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ, бахусус грантҳо, зарур аст.

Маълум нест, ки мушахаас гап сари чанд лифт меравад. Вале чанде аз биноҳои баландошёна, ки дар замони Шӯравӣ сохта шуданд, лифт доранд ва бо гузашти чандин сол онҳо фарсуда гардида, таъмирталаб мебошанд.

Қаблан, чандин нафар аз фаъол набудан ё хатарнок будани лифтҳо бинобар фарсуда буданашон шикоят мекарданд. Хабарҳо дар робита ба ҳалокати сокинони пойтахт дар дохили лифт бо сабаби куҳна будани он ҳам расонаӣ шуда буд.

Ҳамчунин, нигарониҳо ҳам буд, ки аз бархе сокинони Душанбе барои истифодаи лифт ва нигоҳдории онҳо аз рӯи ҳаҷми хона барои як моҳ аз 10 то 100 сомонӣ мегиранд.

Он вақт мақомот мегуфтанд, ки лифт моли истиқоматкунандаҳои бино аст ва онҳо ҳақ доранд бо ширкатҳои таъмирсозӣ шартнома баста, барои таъмир ва нигоҳодориву истифодаи он маблағ супоранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.