Тоҷикистон мавқеи худро дар радабандии мунтахабҳои ҷудои ҷаҳон беҳтар кард

Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF) радабандӣ (рейтинг)-и мунтахабҳои ҷудои ҷаҳонро нав карда, мунтахаби ҷудои Тоҷикистон бо касби 42 825 имтиёз дар зинаи 19-ум қарор гирифт. Ду зина болотар дастаҳои Маҷористон (Венгрия) ва Туркия ва ду мақом поинтар – тимҳои Чин ва Австрия ҷойгир шудаанд. Моҳи июли соли 2023 мунтахаби ҷудокорони Тоҷикистон дар зинаи 34-ум қарор дошт. Дар […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF) радабандӣ (рейтинг)-и мунтахабҳои ҷудои ҷаҳонро нав карда, мунтахаби ҷудои Тоҷикистон бо касби 42 825 имтиёз дар зинаи 19-ум қарор гирифт.

Ду зина болотар дастаҳои Маҷористон (Венгрия) ва Туркия ва ду мақом поинтар – тимҳои Чин ва Австрия ҷойгир шудаанд. Моҳи июли соли 2023 мунтахаби ҷудокорони Тоҷикистон дар зинаи 34-ум қарор дошт.

Дар панҷгонаи аввал – Ҷопон, Фаронса, INA (мунтахаби беатараф), Гурҷистон ва Италия ҷойгир шудаанд. Ӯзбекистон зинаи – 7-ум, Қазоқистон – 12, Туркманистон – 47 ва Қирғизистон  – 48-умро касб кардаанд.

Муовини раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Эргаш Маҳмадбеков натиҷаи мунтахаби Тоҷикистонро “фараҳбахш” номид.

«Дар поёни соли 2024 Тоҷикистон ба зинаи 19-уми радабандии ҷаҳонӣ баромад, ки ин дастоварди назаррас аст, махсусан бо назардошти он ки дар ин радабандӣ комёбиҳои ҳам дастаи мардона ва ҳам занона ба инобат гирифта шуда, радабандии инфиродии онҳо ҷамъ мешавад. Қисми асосии холҳоро дастаи мардонаи мо ба даст овард.

Дар ҳамин ҳол, раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир назди мо вазифа гузошт, ки духтарон фаъолона ба машғулиятҳои ҷудо ҷалб шуда, кишвар минбаъд ба 10-гона (ТОП-10) беҳтаринҳо шомил гардад.

Бо ифтихор гуфта метавонам, ки дар Олимпиадаи имсола дар Париж дастаи мардонаи мо тавонист ба ин радабандӣ дохил шавад ва дар байни дастаҳои мардона мақоми 8-умро касб кунад», – изҳор дошт Маҳмадбеков.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.