Миёни Душанбе ва Дубай парвозҳои ҳаррӯза ба роҳ монда мешаванд

Asia-Plus

Аз моҳи сентябри соли ҷорӣ ширкати ҳавопаймоии “FlyDubai” дар хатсайри Дубай-Душанбе-Дубай парвозҳои ҳаррӯзаро роҳандозӣ мекунад. Дар ин бора Оҷонсии ҳавонавардии кишвар иттилоъ медиҳад.

“Ба ширкати ҳавопаймоии “FlyDubai”, ки дар самтҳои Дубай-Душанбе-Дубай ҳамчун интиқолдиҳандаи мунтазами мусофирон таъин гардида, парвозҳои худро дар як ҳафта 3 маротиба амалӣ менамояд, шурӯъ аз 3 сентябри соли 2025 теъдоди парвозҳои ширкати мазкур бо зичии 7 парвоз тасдиқ карда шуд, яъне парвозҳо дар ин самт ҳамарӯза  амалӣ мегарданд”, – омадааст дар хабари оҷонсӣ.

Дар иттилои оҷонсӣ таъкид мешавад, ки васеъ намудани ҷуғрофия ва афзудани шумори парвозҳои  ширкатҳои ҳавопаймоии ватанию хориҷӣ ба рафтуомади осони шаҳрвандони ватанию хориҷӣ ва рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар мусоидат менамояд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз ҷониби  Оҷонсӣ ба ширкати ҳавопаймоии “FlyDubai” дастур дода шудааст, ки  хизматрасонии чиптаро  бо нархҳои дастрас ба мусофирон пешниҳод намояд.

Ёдрас мекунем, ки дар нишасти матбуотии Оҷонсии ҳавонавардӣ рӯзи 24 июл доир ба масъалаи роҳандозии тадбирҳо ҷиҳати поин бурдани нархи билетҳои ҳавопаймоӣ саволҳо дода шуданд. Он замон мудири оҷонсӣ Ҳабибулло Назарзода изҳор дошт, ки  моҳҳои наздик аз ҳисоби пешниҳоди 40% тахфиф ба хидматрасонии рӯизаминӣ ва аэронавигатсия барои ширкатҳои ҳавопаймоӣ, билетҳои ҳавопаймо арзон карда мешаванд.

Чанде пеш дар Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) баргузор шуда, дар доираи кори он Созишномаи ҳамкорӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ байни ду давлат ба имзо расонида шуд.

Тавре ки АМИТ “Ховар” хабар дода буд, Созишнома барои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи ҳамлу нақли байналмилалии авиатсияи гражданӣ, интиқоли мол ва мусофирон тавассути алоқаи ҳавоӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, имкон медиҳад, ки тавассути АМА парвозҳоро ба дигар давлатҳои дуру наздик ба роҳ монда, ҷуғрофияи парвозҳо васеъ карда шаванд.

Дар чаҳорчӯби кори форум мулоқоти Ҳабибулло Назарзода бо вазири иқтисод ва сайёҳӣ, раиси Мақомоти федералии оҷонсии ҳавонавардии АМА Абдулло ибни Тавқ Ал-Маррӣ доир гардид. Ҷонибҳо масъалаи ифтитоҳи хатсайри Душанбе-Шарҷа ва Душанбе-Абузабиро баррасӣ намуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...