Оҷонсии ҳавонавардӣ ваъда дод, ки нархи билетҳо “ба наздикӣ арзон мешаванд”

Ҳабибулло Назарзода, раиси Оҷонсии ҳавонавардии кишвар ваъда дод, ки нархи билети ширкатҳои ҳавопаймоии дохилӣ ва хориҷӣ дар Тоҷикистон "моҳҳои наздик" арзон мешавад. Вале ӯ дақиқ нагуфт, ки билетҳо кай арзон хоҳанд шуд.  Назарзода имрӯз, 23-юми июл, дар нишасти матбуотӣ арзоншавии қимати билетро ба сиёсати "Осмони боз", ки чанде пеш дар кишвар ҷорӣ шуд, рабт дод.  Ба […]

Asia-Plus

Ҳабибулло Назарзода, раиси Оҷонсии ҳавонавардии кишвар ваъда дод, ки нархи билети ширкатҳои ҳавопаймоии дохилӣ ва хориҷӣ дар Тоҷикистон "моҳҳои наздик" арзон мешавад. Вале ӯ дақиқ нагуфт, ки билетҳо кай арзон хоҳанд шуд. 

Назарзода имрӯз, 23-юми июл, дар нишасти матбуотӣ арзоншавии қимати билетро ба сиёсати "Осмони боз", ки чанде пеш дар кишвар ҷорӣ шуд, рабт дод. 

Ба гуфтаи ӯ, бо мақсади кам кардани арзиши билет, мудирияти Фурудгоҳи Душанбе тасмим гирифтааст, ки ба ҳамаи ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар хидматрасонии рӯизаминӣ 40% тахфиф пешниҳод кунад.

Назарзода афзуд, ки ин иқдом аллакай боиси коҳиш ёфтани 20-30% нархи билети ширкатҳои ҳавоии хориҷие шудаааст, ки аз ин тахфифҳо истифода кардаанд. 

Раиси Оҷонсӣ, ҳамчунин, гуфт, ки “Тоҷикаэронавигатсия” нархи хидматрасониҳои аэронавигатсионионро коҳиш дода, таъминкунандагони сӯзишвории фурудгоҳҳо низ нархҳои худро 20% кам кардаанд.

Ҳабибулло Назарзода боварӣ дорад, ки ин иқдомҳо боиси коҳиши 40-45% нархи билети ҳавопаймоҳо дар ҳама самт хоҳад шуд.

 

Фурудгоҳи Душанбе ба чанд мусофир хидмат расонид?

Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин зикр шуд, ки то 22-юми июл Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ба 1 млн 128 ҳазор мусофир хидмат расонидааст, ки 12,3 ҳазор камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 мебошад.

Аз ин теъдоди мусофирон 604 ҳазору 276 мусофир (776 мусофир ё худ 0,12% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2024) аз Тоҷикистон парвоз карда, 524 ҳазору 295 мусофир (13,1 ҳазор ё худ 2,44% камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2024) ба Тоҷикистон омадаанд.

Дар нимсолаи аввали соли 2025 ҳаҷми умумии бору почтаи қабулшуда ва интиқолёфта аз ҷониби терминали боркашонии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе 578,9 тоннаро ташкил додааст.

Дар ин давра 964 ҳолати ба таъхир афтодани хастсайрҳо ба қайд гирифта шуда, сабаби асосии онҳо дер иҷро шудани парвоз аз фурудгоҳҳо маънидод мешавад.

Дар зарфи 6 моҳи соли равон дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе 15 ширкати ҳавопаймоӣ фаъолият кардаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.