Тоҷикистонро боз чангу ғубор фаро мегирад

Оҷонсии обуҳавошиносӣ огоҳ мекунад, ки аз 25 то 28–уми июли соли равон Тоҷикистонро тӯфони чангу ғубор фаро гирифта, дар ноҳияҳои ғарбии ВМКБ, ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманкӯҳи вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ хавфи фаромадани сел дар назар аст. “Рузҳои 25–28 июл дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе, бинобар сабаби шиддатнокии вазиши […]

Asia-Plus

Оҷонсии обуҳавошиносӣ огоҳ мекунад, ки аз 25 то 28–уми июли соли равон Тоҷикистонро тӯфони чангу ғубор фаро гирифта, дар ноҳияҳои ғарбии ВМКБ, ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманкӯҳи вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ хавфи фаромадани сел дар назар аст.

“Рузҳои 25–28 июл дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе, бинобар сабаби шиддатнокии вазиши шамол… воридшавии хокбориш (чанг), ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера аз моддаҳои муаллақ (чанг), аз ҷумла зарачаҳои андозаашон то 10 микрон (PM-10) ва 2.5 микрон (PM-2.5) дар назар аст”, – зикр мешавад дар огоҳии Оҷонсӣ.

Қобили зикр аст, ки моҳи июл дар Тоҷикистон ҳавои аз меъёр зиёд гарм ва ба сурати умум хушк пешгӯӣ шудааст.

Рӯзона дар ноҳияҳои ҷудогона, бахусус вилояти Хатлон ва ноҳияҳои ҷануби ҷумҳурӣ ҳарорат метавонад то ба 46 дараҷа гармӣ расад.

Ёдовар мешавем, ки ҳодисаҳои тӯфони чангу гард дар Тоҷикистон бамаротиб зиёд шудааст. Тйи 30 соли охир чунин ҳолатҳо дар ҷумҳурӣ ҳадди ақалл 10 баробар афзудааст. Агар аввали солҳои 1990-ум онҳо дар як сол 2-3 маротиба рух медоданд, пас тайи солҳои ахир ҳар сол то 35-40 ҳодисаҳои ҷумҳуриро фаро гирифтани тӯфони чангу ғубор ба қайд гирифта мешавад.

Ифлорсшавии ҳаво ба солимии одамон зиёни назаррас расонида, ба иқтисоди кишвар низ беасар нест.

Бино ба маълумоти таҳқиқоти Бонки ҷаҳонӣ, ки ба ифлосшавии ҳаво аз заррачаҳои РМ2.5 марбут аст, сатҳи маргумир 78 ҳолат ба 100 ҳазор нафар аҳолӣ арзёбӣ мешавад. Ин дуюмин нишондиҳанда дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.